Ба Худо наздик шавед
«Илтимос, моро ба хона қабул кун»
Оё шумо як вақтҳо ба Яҳува хизмат мекардед? Оё ҳоло дар дил хоҳиш доред, ки аз нав ба Ӯ хизмат кунеду вале дар фикри онед, ки Ӯ шуморо аз нав қабул мекунад ё не? Илтимос, ин мақоларо бодиққат хонед. Он маҳз барои шумо тайёр карда шудааст.
ЗАНЕ, ки дар оилаи Шоҳидони Яҳува тарбия ёфта буду баъди калон шудан дигар мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ намекард, чунин гуфт: «Ман дар дуо аз Яҳува мепурсидам, ки маро ба хона қабул кунад ва он дардеро, ки ба Ӯ расондам бубахшад». Оё дили шумо ба ӯ месӯзад? Оё шумо ба худ чунин саволҳоро медиҳед: «Худо нисбати шахсоне, ки як вақтҳо ба Ӯ хизмат мекарданд, чӣ ҳис мекунад? Ӯ онҳоро дар хотир дорад? Оё Ӯ мехоҳад, ки онҳоро ба “хона” қабул кунад?» Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед суханони навиштаи Ирмиёро дида бароем. Ҷавоб ба ин саволҳо бешубҳа барои шумо тасаллибахш хоҳад буд. (Ирмиё 31:18–20-ро бихонед.)
Ҳоло дида мебароем, ки суханони Ирмиё дар кадом вазъият навишта шуда буданд. Соли 740–и то эраи мо, даҳсолаҳо пеш аз замони Ирмиё, Яҳува гузошт, ки ашшуриён салтанати даҳсибтаи Исроилро ба асирӣ барандa. Яҳува бо мақсади ҷазою танбеҳ додани халқаш ба ин мусибат роҳ дод, зеро халқи Исроил гуноҳҳои ҷиддӣ содир мекарданд ва ба огаҳиҳое, ки Ӯ тавассути пайғамбаронаш медод, гӯш намедоданд (4 Подш. 17:5–18). Дар асирӣ исроилиён дур аз Худои худ ва ватани худ азоб мекашиданд. Оё ин ҳолат халқи гарданшахро мулоим кард? Оё Яҳува онҳоро тамоман фаромӯш сохт? Оё ягон вақт Ӯ онҳоро аз нав ба хона қабул мекард?
«Пушаймон шудам»
Дар асирӣ исроилиён ба худ омаданд ва ба тавба рӯ оварданд. Тавбаи самимии онҳо аз назари Яҳува пӯшида намонд. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Яҳува ҳамаи исроилиёни дар асирӣ бударо Эфроим номида, рӯҳия ва ҳиссиёти онҳоро тасвир мекунад.
«Овози Эфроимро шунидам, ки дар мотами худ сар [меҷунбонд]»,— гуфт Яҳува (ояти 18). Ӯ шунид, ки чӣ тавр исроилиён аз оқибати роҳи гунаҳкоронаашон мотам мегиранд. Исроилиён ба писари ноқобиле, ки дар бораи азобу душвориҳое, ки худаш ба сараш оварда буд, фикр карда сар меҷунбонд ва ба хона баргаштанро орзу мекард, монанд буданд (Луқо 15:11–17). Исроилиён дар мотами худ чӣ мегуфтанд?
«Ту маро ҷазо додӣ, ва ман мисли гӯсолаи ноозмуда ҷазо дидам» (ояти 18). Исроилиён дарк карданд, ки ба ҷазою танбеҳ сазоворанд. Охир, онҳо мисли гӯсолаи ноозмуда рафтор мекарданд. Маълумотномае мегӯяд, ки ин ташбеҳ чӣ маъно дошта метавонад: вақте ки гӯсолаи ноозмуда намегузошт, ки соҳибаш ба гарданаш юғ овезад, вай ҷазо мегирифт. Исроилиён гӯё ба он гӯсола монанд буданд.
«Маро баргардон, ва ман хоҳам баргашт, зеро ки Ту Худованд Худои ман ҳастӣ» (ти 18). Дили исроилиён нарм шуд ва онҳо ба Худо муроҷиат карданд. Онҳо ба роҳи гуноҳ афтода буданд, лекин ҳоло аз Худо зориву илтиҷо мекарданд, ки ба онҳо кӯмак кунад, то ки аз нав илтифоти Ӯро ба даст оранд. Дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас ин фикр чунин омадааст: «Ту Худои мо ҳастӣ, илтимос, моро ба хона қабул кун» («Contemporary English Version»).
«Пушаймон шудам... хиҷил шудам, ва нангам низ омад» (ояти 19). Исроилиён аз сабаби гуноҳи кардаашон пушаймонӣ ҳис мекарданд. Онҳо айби худро ба гардан гирифтанд ва ба хатогиҳояшон иқрор шуданд. Онҳо гӯё ба синаи худ мезаданд ва худро шармандаю рӯҳафтода ҳис мекарданд (Луқо 15:18, 19, 21).
Исроилиён аз корҳои кардаашон пушаймон шуданд. Онҳо мотамзада буданд, барои гуноҳҳояшон ба Худо иқрор шуданд ва аз роҳҳои бадашон гаштанд. Оё тавбаю пушаймонии онҳо дили Худоро нарм мекунад? Оё Ӯ онҳоро ба хона қабул мекунад?
«Ба ӯ раҳм хоҳам кард»
Яҳува ба исроилиён дилбастагии махсус дошт. Ӯ гуфт: «Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст» (Ирмиё 31:9). Оё падари меҳрубон писари сахт пушаймоншудаашро қабул накарда метавонад? Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Яҳува меҳри падаронаашро ба халқи худ изҳор мекунад.
«Оё Эфроим писари азизи Ман аст? Оё ӯ валади [кӯдаки] сурурангез аст? Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам, ӯро бисёр ёд мекунам» (ояти 20). Чӣ суханони дилгармкунандае! Чун падари ба гапи худ устувор, вале меҳрубон Худо маҷбур буд, ки гаштаву баргашта фарзандонашро аз роҳҳои гунаҳкоронаашон огоҳ намояд. Вақте ки онҳо саркашона беитоатӣ карданд, Ӯ гузошт, ки онҳо ба асирӣ раванд — гӯё маҷбур кард, ки онҳо аз хона раванд. Ҳарчанд ба Ӯ лозим меомад, ки онҳоро ҷазо диҳад, Ӯ онҳоро фаромӯш намесохт. Ӯ ҳаргиз чунин намекард. Падари меҳрубон фарзандонашро фаромӯш намекунад. Лекин, чӣ ҳис мекард Яҳува вақте медид, ки фарзандонаш аз таҳти дил тавба мекунанд?
«Ба ӯ дилам месӯзад, ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард» (ояти 20). Яҳува фарзандонашро сахт ёд мекард. Тавбаи самимии онҳо ба дилаш таъсир мекард ва Ӯ сахт мехост, ки онҳо ба наздаш баргарданд. Мисли падар аз масали Исо дар бораи писари ноқобил, раҳми Яҳува омад ва Ӯ бо хурсандӣ фарзандонашро ба хона қабул кард (Луқо 15:20).
«Яҳува маро ба хона қабул кард!»
Мо аз суханони дар Ирмиё 31:18–20 навишташуда дар бораи ҳамдардии амиқ ва раҳмдилии Яҳува бисёр чизро мефаҳмем. Худо касонеро, ки як вақтҳо ба Ӯ хизмат мекарданд, фаромӯш намесозад. Агар чунин шахсон аз нав бо Ӯ муносибати наздик доштан хоҳанд–чӣ? Худо «омурзгор», яъне ба бахшидан тайёр аст (Забур 85:5). Ӯ ҳеҷ гоҳ онҳоеро, ки аз таҳти дил тавба карда ба наздаш бармегарданд, рад намекунад (Забур 50:19). Баръакс, Ӯ бо хурсандӣ онҳоро ба хона қабул мекунад (Луқо 15:22–24).
Зане, ки дар боло дар борааш гуфта шуд, қарор дод, ки ба назди Яҳува баргардад ва ӯ ба ҷамъомади маҳаллии Шоҳидони Яҳува ташриф овард. Дар аввал ӯ бояд бо ҳиссиёти манфиаш мубориза мебурд. Ӯ мегӯяд: «Ман худро барои хизмати Яҳува нолоиқ ҳис мекардам». Лекин пирони ҷамъомад ба ӯ дасти ёрӣ дароз карданд ва кӯмак намуданд, ки аз нав аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват шавад. Бо дили пур аз миннатдорӣ ӯ мегӯяд: «Бениҳоят хурсандам, ки Яҳува маро ба хона қабул кард!»
Оё шумо як вақтҳо ба Яҳува хизмат мекардеду ҳоло дар фикри аз нав барқарор кардани хизмататон ҳастед? Агар ҳа, мо шуморо даъват мекунем, ки ба ҷамъомади маҳаллии Шоҳидони Яҳува ташриф оред. Дар хотир доред, ки Яҳува ба шахсоне, ки тавба карда ба Ӯ «илтимос моро ба хона қабул кун» мегӯянд, бо раҳму дилсӯзӣ муносибат мекунад.
[Эзоҳ]
a Асрҳо пеш, соли 997–и то эраи мо халқи Исроил ба ду салтанат тақсим шуд. Яктоаш салтанати ҷанубии Яҳудо буд ва ба он ду сибт дохил мешуд. Дигараш салтанати шимолии Исроил буд, ки он даҳ сибтро дар бар мегирифт. Салтанати даҳсибта ҳамчунин Эфроим ном дошт, зеро дар байни дигар сибтҳо сибти Эфроим бузургтар буд.