Саволҳои хонандагон
Ба кадом маъно марги шахсони ба Худо содиқ «дар назари Ӯ гарон аст»?
▪ Зери илҳоми илоҳӣ забурнавис месуруд: «Мамоти порсоёни Худованд дар назари Ӯ гарон аст» (Заб. 115:6). Ҳаёти ҳар як хизматгори ҳақиқии Яҳува барои Ӯ қимматбаҳо аст. Лекин, суханони Забур 115 танҳо ба як шахс равона нашудааст.
Дар маросими гӯрондани шахси масеҳӣ, ҳангоми бо нутқи дафн баромад кардан, нисбати шахси мурда ба кор бурдани суханони Забур 115:6 бамаврид нест, ҳатто агар ӯ чун хизматгори содиқи Яҳува мурда бошад ҳам. Барои чӣ? Барои он ки суханони забурнавис маънои васеътар доранд. Он суханон маънои онро доранд, ки барои Худо роҳ додан ба марги ҳамаи хизматгорони содиқаш гарон аст, чунки онҳо барояш қимматбаҳоянд. (Ба Забур 71:14; 114:8 нигаред.)
Забур 115:6 ба мо дилпурӣ мебахшад, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки хизматгорони содиқаш дар кулли худ пурра аз рӯи замин нест шаванд. Аз таърихи имрӯзаи мо дида мешавад, ки чӣ тавр халқи Худо душвориҳову таъқиботҳои сахтро паси сар намудаанд. Ин равшан нишон медиҳад, ки Худо ҳеҷ гоҳ ба маҳв шудани мо роҳ намедиҳад.
Азбаски Яҳува қудрати беохир дораду ниятҳояш бечунучаро иҷро мешаванд, Ӯ роҳ нахоҳад дод, ки мо дар кулли худ аз рӯи замин нест шавем. Агар Худо ба ин роҳ медод, чӣ мешуд? Он гоҳ ба назар чунин метофт, ки душманонаш гӯё аз Ӯ пурзӯртаранд, лекин чунин шуданаш мумкин нест! Он гоҳ нияти Яҳува — пур кардани замин аз одамони ба Ӯ содиқ иҷро намешавад — ва ин имконнопазир аст (Иш. 45:18; 55:10, 11). Охир, агар касе намемонд, ки дар саҳни заминии маъбади бузурги рӯҳонӣ ба Яҳува хизмат кунад, он гоҳ вуҷудияти ибодати муқаддас аз рӯи замин нест мешуд! Он гоҳ ба «замини нав» — ҷамъияти одамони одил, ки дар замин зери «осмони нав» зиндагӣ хоҳанд кард — асос гузошта намешуд (Ваҳй 21:1). Ва он гоҳ Подшоҳии Ҳазорсолаи Масеҳ низ бе тобеони заминӣ воқеӣ шуда наметавонист (Ваҳй 20:4, 5).
Агар Яҳува мегузошт, ки душманон тамоми халқашро аз рӯи замин маҳв кунанд, пас мавқеи Худо ва обрӯи Ӯ зери шубҳа гузошта мешуд. Ин чиз ба номи Яҳува чун Ҳокими Олам доғ меовард. Ҳамчунин, Яҳува аз он сабаб ба марги кулли ходимони содиқаш роҳ намедиҳад, ки Ӯ ба худ ва номи муқаддаси худ эҳтиром дорад. Ва дар бораи ин чиз фикр кунед: азбаски Худо «ноинсофӣ надорад», Ӯ инсониятеро, ки содиқона ба Ӯ хизмат мекунанд, ҳамеша нигоҳ медорад (Такр. Ш. 32:4; Ҳас. 18:25). Илова бар ин, агар Худо ба маҳв гаштани кулли хизматгоронаш роҳ медод, ин ба суханони зерини Каломи Ӯ муқобилат мекард: «[Яҳува] ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард» (1 Подш. 12:22). Дар ҳақиқат, «Худованд қавми Худро рад нахоҳад кард, ва мероси Худро тарк нахоҳад намуд» (Заб. 93:14).
Чӣ тасаллибахш аст донистани он ки халқи Яҳува ҳеҷ гоҳ аз рӯи замин маҳв нахоҳад шуд! Пас, биёед бе ягон шубҳа ҳамеша ба Худо садоқат зоҳир кунем ва аз Ӯ дилпур бошем. Ӯ ваъда додааст: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст» (Иш. 54:17).
[Чорчӯба дар саҳифаи 22]
Худо ҳеҷ гоҳ ба маҳв шудани халқаш роҳ намедиҳад