ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.6. саҳ. 15
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Маводи монанд
  • Яҳува ошкор мекунад, ки «ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро хубтар омӯзед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.6. саҳ. 15

Саволҳои хонандагон

Давлати ҷаҳонии Англо–Амрико кай давлати ҳафтуми ҷаҳонӣ гашт?

▪ Шоҳ Набукаднесар дар хоб ҳайкали бузургеро дид, ки ҳар як қисми он давлатҳои гуногуни ҷаҳониро тасвир мекард. Вале он на ҳамаи давлатҳои абарқудрати ҷаҳониро тасвир мекунад (Дон. 2:31–45). Он фақат панҷтои онҳоро, ки аз замони Дониёл инҷониб вуҷуд доштанду ба халқи Худо таъсир мекарданд, дар бар мегирад.

Аз шарҳи Дониёл оиди ин ҳайкал, мо мефаҳмем, ки давлати ҷаҳонии Англо–Амрико бояд аз Рум, аз давлати ҷаҳоние, ки пеш аз он буд, пайдо мешуд, на ин ки онро забт мекард. Дониёл дар бораи ҳайкал фаҳмонд, ки пойҳояш то поён аз оҳан буданд. Аз буҷулаки пой то панҷаҳояш бошад, оҳан бо гил омехта мешудa. Ин нишон медиҳад, ки давлати ҷаҳонии Англо–Амрико бояд аз пойҳои оҳанин пайдо мешуд. Таърих дуруст будани инро нишон медиҳад. Бритониё (ҷазирае, ки Англия дар он ҷойгир аст) пеш қисми давлати ҷаҳонии Рум буд ва он аз охири солҳои 1700–ум сар карда, дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти калон пайдо кард. Баъдтар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ давлати пурзӯре шуд. Вале давлати ҳафтуми абарқудрати ҷаҳонӣ, ки Китоби Муқаддас пешгӯӣ карда буд, ҳоло пайдо нашуда буд. Барои чӣ? Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида ҳоло ба таври муҳим якҷоя амал намекарданд. Ҳамкории зичи онҳо танҳо дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сар шуд.

Ҳамон вақт «писарони Малакут» бештар дар Иёлоти Муттаҳида фаъол буданд ва идораи марказиашонро дар Бруклин (Ню–Йорк) ҷойгир карданд (Мат. 13:36–43). Масеҳиёни тадҳиншуда ҳамчунин дар давлатҳое, ки зери ҳукмронии империяи Бритониё буданд, фаъолона мавъиза мекарданд. Дар солҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, вақте ки Бритониёву Амрико зидди душманони сиёсиашон меҷангиданд, онҳо байни худ муносибатҳои махсус пайдо карданд. Ва ҳамчунин азбаски дар натиҷаи ҷанг дар ин давлатҳо миллатпарастӣ авҷ гирифт, онҳо ба касоне, ки қисми насли «зан» буданду дар ҷанг иштирок намекарданд, муқобилат менамуданд. Ин давлатҳо баъзе адабиётҳои синфи тадҳиншудагонро манъ мекарданд ва онҳоеро, ки ба кори мавъиза роҳбарӣ мекарданд, ба ҳабс мегирифтанд (Ваҳй 12:17).

Пас, аз нуқтаи назари пешгӯиҳои Китоби Муқаддас давлати ҳафтуми ҷаҳонӣ на дар охири солҳои 1700–ум, вақте ки Бритониё қувват мегирифт, пайдо шуд. Балки он дар аввали айёми охир пайдо шудb.

[Эзоҳҳо]

a Гили бо оҳан омехта сохтору ташкилотҳо, ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва одамонеро тасвир мекунад, ки зери таъсироти давлати ҷаҳонии Англо–Амрико амал мекунанд. Бо гузашти вақт, аз сабаби ин гил Англо–Амрико мувофиқи хосташ пурқудрат шуда натавонист.

b Ин фаҳмиши нав ба маълумотҳое, ки дар китоби «Пешгӯиҳои Дониёл» (рус.), саҳ. 57, сарх. 24 ва дар тасвирҳои саҳ. 56 ва 139 оварда шуда буданд, ислоҳот медарорад.

[Тасвир дар саҳифаи 15]

Моҳи июни соли 1918, ҳашт нафар бародароне, ки дар идораи марказии «Бурҷи дидбонӣ» хизмат мекарданд, ба ҳабс гирифта шуданд

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан