«Як бурда нон роҳати ҷон». Чӣ тавр бо даромади кам зиндагӣ кунем?
БЭД падари ду фарзанд аст. Дар давоми даҳ сол ӯ дар меҳмонхонаи панҷситорадоре, ки дар як шаҳри калони Африқо мебошад, кор мекард ва оиди пул ва таъмин кардани оилааш ягон мушкилӣ надошт. Вақт аз вақт ӯ бо оилааш метавонистанд ҳатто ба ҷойҳое сафар кунанд, ки он ҷо ҳайвонҳои дар Африқо бударо аз наздик дидан мумкин аст. Вале, вақте ки ӯ аз сабаби кам шудани мизоҷони меҳмонхона бе ҷои кор монд, ӯ ҳамаи ин имкониятҳоро аз даст дод.
Дар давоми беш аз 22 сол Стивен дар ҷои кор торафт ба зинаҳои баланди хизматӣ баромада дар охир роҳбари як муассисаи калони бонкӣ гашт. Аз ҳисоби корхона вай аз бисёр чизҳо истифода мебурд: ҳавлии калон, мошин ва хизматгорон. Ҳамчунин, фарзандонаш имконият доштанд, ки дар мактабҳои номдор таҳсил кунанд. Вақте ки бонки ӯ тарзи кори коргарони идораро ба таври дигар ба роҳ монд, ӯ ногаҳон корашро аз даст дод. «Ману оилаам ҳайрону ночор мондем»,— мегӯяд Стивен. «Маро ҳиссиёти ноумедӣ ва ғаму тарс фаро гирифт».
Инҳо мисоли ягона нестанд. Дар ҳолати пастшавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ миллионҳо одамоне, ки даромади доимӣ доранд, кори худро аз даст медиҳанд. Ва бисёр касоне, ки кор ёфта тавонистанд, бояд ба музди меҳнати паст ва нархҳои торафт ба осмон расидаистода тоқат намоянд. Ягон давлат, хоҳ он тараққикарда бошад, хоҳ не, аз таъсири харобиовари пастшавии вазъи иқтисодӣ эмин нест.
Хиради амалӣ лозим аст
Вақте ки даромадамон кам мешавад ё корамонро аз даст медиҳем, ба фикрҳои манфӣ дода шудан осон аст. Албатта, дар ин ҳолат шахс наметавонад тамоман бепарвою беғам бошад. Лекин, шахси хирадманде боре чунин гуфта буд: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст» (Масалҳо 24:10). Дар вақти бадшавии шароити иқтисодӣ ба ҷои ба ваҳму воҳима афтодан, моро лозим аст, ки баҳри ёфтани «зеҳн» ё хиради амалӣ ба Каломи Худо рӯ орем (Масалҳо 2:7).
Ҳарчанд Китоби Муқаддас китоби дастурот оиди масъалаҳои пулию молӣ нест, маслиҳатҳои амалии он дар ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ ба миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон манфиат меорад. Биёед баъзе принсипҳои асосиеро, ки Китоби Муқаддас пешкаш мекунад, дида бароем.
Хароҷотро ҳисоб кунед. Биёед суханони Исоро аз Луқо 14:28 дида мебароем: «Кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расонидани онро дорад»? Ба кор бурдани ин принсип маънои тартиб додани буҷет, яъне рӯйхати даромад ва хароҷот ва риоя кардани онро дар бар мегирад. Вале чӣ хеле ки Обэд иқрор мешавад, ин кор осон нест. «Пеш аз он ки ман корамро аз даст диҳам,— мегӯяд ӯ,— мо одат доштем, ки аз супермаркет чизҳои дар асл нодаркорро ба хона кашонем. Мо ҳеҷ гоҳ буҷет надоштем, зеро барои харидани ҳар чизе ки диламон мехост, пул кофӣ буд». Дар натиҷаи тартиб додани буҷет пули мо барои бо чизҳои зарурӣ таъмин кардани оилаамон ҳамеша хоҳад расид.
Тарзи ҳаётатонро дигар созед. Ба сатҳи пасти зиндагӣ одат кардан бешубҳа кори мушкил аст, вале ин ҳатмист. Як масали Китоби Муқаддас мегӯяд: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад» (Масалҳо 22:3). Стивен мегӯяд: «Барои пулро сарфакорона истифода бурдан, ман бо оилаам бояд ба хонаи шахсиамон, ки хурд ва пурра таъмир нашуда буд, мекӯчидем. Бачаҳо бояд ба мактабҳое, ки аз дигар мактабҳо арзонтар буданду ба ҳар ҳол дониши хуб медоданд, мегузаштанд».
Барои ба тарзи нави ҳаёт одат кардан сӯҳбати ошкоро дар дохили оила хеле муҳим аст. Остэн, ки пеш аз гум кардани кораш дар як ташкилоти бонкӣ нӯҳ сол кор мекард, мегӯяд: «Ману занам якҷоя нишаста чизҳоеро, ки дар ҳақиқат ба мо лозим буданд, рӯйхат кардем. Ба мо лозим омад, ки миқдори хӯроквориҳои қиммат, сафарҳои серхароҷот ва хариди нозарури либосҳои навро кам кунем. Ман хурсандам, ки аъзоёни оилаам оиди ҳамаи ин дигаргуниҳо бо ман ҳамкорӣ карданд». Албатта, бачаҳои хурдсол шояд сабаби лозим будани дигаргуниҳоро пурра нафаҳманд, лекин чун волидон, шумо метавонед ба онҳо барои фаҳмидани ин кӯмак кунед.
Ба кори нав тайёр бошед. Агар шумо ба кори тозаю озодаи идора одат карда бошед, шояд кардани кори ҷисмонӣ ба шумо душвор тобад. «Азбаски ман дар ширкати калон вазифаи баландро ишғол мекардаму ба ин одат карда будам, ба ман тағйир додани тарзи фикррониам душвор буд»,— мегӯяд Остэн. Ин ҳайратовар нест, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд: «Тарсончакии одам ба дом меоварад» (Масалҳо 29:25). Агар ҳушатон доим бо он банд бошад, ки дигарон дар бораи шумо чӣ фикр мекунанд, як бурда нон ёфтан бароятон душвор хоҳад буд. Чӣ ёрдам мекунад, ки шумо ба чунин тарзи фикрронии манфӣ ғолиб оед?
Фурӯтан будан калиди ҳалли мушкилӣ аст. Баъди кори худро дар меҳмонхона аз даст додан, ба Обэд пешниҳод шуд, ки бо собиқ ҳамкораш, ки устохонаи таъмири мошинҳо дошт, кор кунад. Кори ӯ аз он иборат буд, ки аз роҳи дурударози серчанг пиёда рафта барои мошинҳо ранг ва чизҳои майда–чуйдаро харида орад. Обэд мегӯяд: «Ба назарам ҳама чиз муқобили ман буд. Вале, фурӯтанӣ ба ман ёрдам дод, ки ба кори нав, ки муздаш танҳо 25 фоизи маоши пештараамро ташкил медоду лекин барои қонеъ кардани ниёзҳои оилаам кифоя буд, одат кунам». Оё аз чунин тарзи муносибат шумо барои худ манфиат гирифта метавонед?
Қаноат кунед. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи «қаноат» чун «хурсанд ва розӣ будан ба он чӣ ҳаст, басанда донистани чизи андак» шарҳ дода шудааст. Ба шахсе, ки ба як тин пул зор аст, шояд ин гапҳо ғайривоқеӣ тобанд. Лекин, оиди суханони Павлуси ҳавворӣ, миссионере, ки ба чизҳои зарурӣ ниёз доштани шахсро мефаҳмид, фикр кунед. Ӯ гуфт: «Ман ёд гирифтам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям. Дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам» (Филиппиён 4:11, 12).
Шояд шароити мо беҳтар буда метавонист, лекин бояд дар хотир дошт, ки он метавонист аз будаш ҳам бадтар бошад, хусусан дар ин замонҳои тағйирёбанда. Мо манфиати ҳақиқӣ гирифта метавонем, агар насиҳати зери илҳоми илоҳӣ гуфтаи Павлусро нағз дар хотир дорем: «Диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад... Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд». Бо ин суханон Павлус ба танбалӣ ташвиқ намекард, балки вай нишон доданӣ буд, ки чӣ тавр ниёзҳои ҷисмониро дар ҳаётамон дар ҷои дуруст гузорем (1 Тимотиюс 6:6, 8).
Сарчашмаи хушбахтии ҳақиқӣ
Хушбахтии ҳақиқӣ аз харидани ҳар чизе, ки мо мехоҳем ё аз бурдани ҳаёти осону бароҳат вобаста нест. Исо–пайғамбар гуфта буд: «Додан аз гирифтан беҳтар аст». Бале, хушбахтӣ ва қаноатмандӣ аз он бармеояд, ки мо чизҳои доштаамонро барои ба дигарон кӯмак кардан истифода барем ва сарчашмаи рӯҳбаландии дигарон бошем (Аъмол 20:35).
Офаридгори мо, Яҳува Худо, ҳамаи ниёзҳои моро хуб медонад. Ба воситаи Каломаш, Китоби Муқаддас Ӯ маслиҳатҳои амалӣ медиҳад, ки онҳо ба бисёриҳо барои беҳтар кардани ҳаёт ва аз ташвиши нозарур раҳо ёфтан кӯмак кардаанд. Албатта, дар натиҷаи бакорбарии он принсипҳо вазъияти иқтисодии шахс ба таври ногаҳонӣ ё олӣ беҳтар намегардад. Вале Исо онҳоеро, ки «аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро» меҷӯянд, боварӣ бахшид, ки ҳамаи чизҳои ба зиндагии ҳаррӯза зарур ба онҳо дода хоҳанд шуд (Матто 6:33).