Хонандагони мо савол медиҳанд...
Чаро Худо аз хизматгоронаш талаб мекунад, ки танҳо бо ҳамимонашон издивоҷ кунанд?
▪ Дар Қонуни Худо ба халқи Исроил дар бораи халқҳои гирду атрофашон чунин амр дода шуда буд: «Бо онҳо қудову анда нашав: духтаратро ба писари онҳо надеҳ, ва духтари онҳоро ба писарат нагир» (Такрори Шариат 7:3, 4). Чаро Худо ба онҳо чунин амр дода буд?
Аз як тараф, Яҳува медонист, ки Шайтон мехоҳад аз ибодати худоёни бардурӯғ истифода бурда халқи Ӯро фасод кунад. Аз ин рӯ, Худо дар бораи халқҳое, ки ба Ӯ хизмат намекарданд, ба исроилиён чунин огоҳӣ дода буд: «Онҳо писаратро аз Ман дур хоҳанд кард, то ки худоёни дигарро ибодат намояд». Иҷро накардани ин амр барои исроилиён хеле хатарнок буд. Агар халқи Исроил ба бутпарастӣ дода мешуданд, он гоҳ Худо онҳоро аз илтифоту муҳофизати худ маҳрум месохт ва онҳо ба осонӣ тӯъмаи душманонашон мегаштанд. Пас, чӣ тавр бо мурури вақт Масеҳи ваъдашуда аз миёни онҳо пайдо шуда метавонист? Равшан аст, ки чаро Шайтон мехост, ки исроилиёнро ба васваса андозад, то онҳо бо шахсоне, ки ба Худо хизмат намекарданд, издивоҷ кунанд?
Аз тарафи дигар, дар хотир бояд дошт, ки Худо ба ҳар як хизматгораш дар алоҳидагӣ ғамхорӣ мекард. Яҳува медонист, ки хушбахтӣ ва беҳбудии ҳар яки онҳо аз муносибати наздик бо Ӯ вобаста буд. Оё ғамхории Яҳува дар бораи таъсири хатарноки ҳамсаре, ки ходими Худо нест, асоснок буд? Намунаи шоҳ Сулаймонро дида мебароем. Ӯ огоҳии зерини Яҳуваро дар бораи занони бутпараст медонист: «[Онҳо] дили шуморо ба худоёни худ моил хоҳанд кард». Азбаски Сулаймон хиради ғайриоддӣ дошт, эҳтимол ӯ фикр мекард, ки ин маслиҳат ба ӯ дахл надорад. Ва ӯ ба он маслиҳат беэътиноӣ кард. Ин ба чӣ оварда расонд? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Занонаш дили ӯро фосид карданд... дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд». Чӣ мусибате буд ин! Сулаймон дар он ки илтифоти Яҳуваро аз даст дод, худаш айбдор буд ва дар натиҷа салтанати ӯ ду тақсим шуд ва халқ аз ин сахт азоб кашид (3 Подшоҳон 11:2–4, 9–13).
Баъзеҳо шояд фикр кунанд, ки издивоҷ бо шахси ҳамимон набуда на ҳама вақт хатарнок буд. Масалан, исроилие бо номи Маҳлӯн мӯобидухтар — Рутро ба занӣ гирифта буд ва вай ба Яҳува имони барҷаста зоҳир карда хизматгори Ӯ шуд. Лекин ба ҳар ҳол издивоҷ бо занони мӯобӣ хатарнок буд. Ва ин кори Маҳлӯн сазовори таҳсин нест; ӯ дар синни ҷавонӣ аз олам чашм пӯшид, эҳтимол ҳатто пеш аз он ки Рут Яҳуваро Худои худ номид. Бародари Маҳлӯн, Килйӯн, бо мӯобидухтар Орфо издивоҷ кард, ки ӯ ибодати худоёни худро аз ибодати Яҳува боло медонист. Бӯаз бошад, Рутро дар он вақт ба занӣ гирифт, ки аллакай аз имондор шудани ӯ муддати муайяне гузашта буд. Дертар яҳудиён Рутро аз байни ғайрияҳудиёни ба Яҳува имон оварда чун «намунаи комил» эътироф мекарданд. Издивоҷи Рут ва Бӯаз барои ҳар дуи онҳо баракат буд (Рут 1:4, 5, 15–17; 4:13–17).
Пас, оё оқилона мебуд, агар мо фикр кунем, ки мисоли Маҳлӯн ва Рут муҳимияти маслиҳати Яҳуваро оиди танҳо бо ҳамимонон издивоҷ кардан, кам мекунад? Оё чунин мулоҳизаронӣ ба он монанд нест, ки мо ба шахси қиморбоз, ки пули калон бурд кардааст, ишора карда мегӯем, ки мисоли он шахс исбот мекунад, ки бо ин тарз ҳам таъмин кардани оила раво аст?
Китоби Муқаддас имрӯз масеҳиёнро бармеангезад, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунанд. Он ҳамчунин моро огоҳ мекунад: «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед». Ин маслиҳат махсусан ба масеҳиёне дахл дорад, ки ҳоло дар ҷустуҷӯи ҳамсар мебошанд. Лекин барои онҳое, ки аллакай бо шахсони ҳамимоннабуда оиладоранд, Китоби Муқаддас маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки чӣ тавр дар ҳалли душвориҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд (1 Қӯринтиён 7:12–16, 39; 2 Қӯринтиён 6:14). Ҳамаи ин маслиҳатҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува Худо, Асосгузори оила, мехоҳад, ки мо, ходимони Ӯ — ҳам муҷаррадон ва ҳам оиладорон — хушбахт бошем.