ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.9. саҳ. 18-22
  • Аз Яҳува ва Исо пурсабрӣ омӯзед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз Яҳува ва Исо пурсабрӣ омӯзед
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО ЯҲУВА ПУРСАБРӢ НИШОН МЕДИҲАД?
  • ЧӢ ТАВР ИСО ДАР ЗОҲИР КАРДАНИ ПУРСАБРӢ НАМУНАИ ОЛИҶАНОБ ГУЗОШТ?
  • ЧӢ ТАВР МАН ПУРСАБРИИ БА ХУДО ХОСРО ИНКИШОФ ДОДА МЕТАВОНАМ?
  • ПУРСАБРӢ ЧӢ ГУНА БАРАКАТҲО МЕОРАД?
  • Доим пурсабр бошед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Ба мо лозим аст, ки дар хизмат пурсабрӣ зоҳир кунем
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Пурсабрӣ — ин бо умед ба душвориҳо тоб овардан аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Оё шумо Яҳуваро пурсаброна интизоред?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.9. саҳ. 18-22

Аз Яҳува ва Исо пурсабрӣ омӯзед

«Пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед» (2 ПЕТ. 3:15).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

Чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки Ӯ пурсабр аст?

Чаро ба Исо муддати дуру дароз пурсабр будан лозим буд?

Барои инкишоф додани пурсабрии ба Худо хос мо бояд чӣ кор кунем?

1. Чӣ баъзе ходимони содиқи Худоро ба ташвиш меорад?

ХОҲАРЕ, КИ дар давоми даҳсолаҳо ба Яҳува содиқона хизмат мекарду душвориҳои зиёдро паси сар карда буд, фурӯтанона чунин гуфт: «Оё ман пеш аз маргам анҷоми ин тартиботро медида бошам?» Ин савол ҳамчунин баъзе шахсонеро, ки муддати дароз ба Яҳува хизмат мекунанд, ба ташвиш меорад. Мо омадани он рӯзеро, ки Худо душвориҳои имрӯзаи моро бартараф мекунаду ҳама чизро нав месозад, сахт интизорем (Ваҳй 21:5). Анҷоми тартиботи Шайтон хеле наздик аст ва барои ба ин бовар кардан мо сабабҳои хеле зиёд дорем. Лекин ба ҳар ҳол босаброна интизор шудани он рӯз ба мо душвор буда метавонад.

2. Кадом саволҳоро мо оиди пурсабрӣ дида мебароем?

2 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки мо бояд пуртоқат бошем. Мо он вақт иҷрошавии ваъдаҳои Худоро мебинем, агар мисли ходимони пешини Ӯ имони қавӣ дошта онро пурсаброна интизор шавем. (Ибриён 6:11, 12–ро бихонед.) Худи Яҳува пурсабр мебошад. Ӯ метавонист, ки кайҳо ба тамоми бадӣ хотима бахшад, лекин Ӯ вақти муайянкардаашро интизор аст (Рум. 9:20–24). Чаро Ӯ ин қадар пурсабр мебошад? Чӣ тавр Исо дар зоҳир кардани пурсабрии ба Худо хос ба мо намуна гузошт? Агар аз Яҳува пурсаброна интизор шуданро омӯзем, ин ба мо чӣ манфиате меорад? Ҷавоб ба ин саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки пурсабр бошем ва имонамонро қавӣ гардонем, ҳатто агар ба назарамон чунин тобад, ки Яҳува дер карда истодааст.

ЧАРО ЯҲУВА ПУРСАБРӢ НИШОН МЕДИҲАД?

3, 4. а) Чаро барои дар рӯи замин иҷро шудани нияташ Яҳува пурсабрӣ зоҳир мекунад? б) Ҳангоми дар боғи Адан сар задани исён Яҳува чӣ гуна рафтор кард?

3 Яҳува барои зоҳир кардани пурсабрӣ асос дорад. Рост аст, ки дар тамоми даҳр касе ба қудрати беҳамтои Ӯ баробар шуда наметавонад, лекин ба ҳар ҳол ҳангоми дар боғи Адан сар задани исён саволҳое бардошта шуданд, ки ба ҳар як офаридаи бошуур аҳамияти муҳим доранд. Яҳува пурсабрӣ зоҳир мекунад, зеро медонад, ки вақт лозим аст, то ба ин саволҳо ба таври беҳтарин ҷавоб дода шавад. Азбаски Яҳува тарзи рафтор ва рӯҳияи офаридаҳои осмонӣ ва заминиашро хеле хуб медонад, Ӯ бешубҳа бар манфиати мо амал мекунад (Ибр. 4:13).

4 Яҳува ният дошт, ки насли Одаму Ҳавво заминро пур кунанд. Вақте ки Шайтон Ҳавворо фиреб доду баъди ин Одам ба амри Яҳува беитоатӣ кард, Худо аз нияташ даст накашид. Ӯ ба ваҳму воҳима наафтод, саросемавор қарор қабул накард ва аз одамизод дилхунук нашуд. Ба ҷои ин, Ӯ чора андешид, то нияти нисбати инсоният ва замин доштааш иҷро шавад (Иш. 55:11). Барои амалӣ гаштани нияти худ ва исбот кардани ҳақ будани ҳокимияташ Яҳува худдорӣ ва пурсабрии бузург зоҳир менамояд. Ва Ӯ барои ба таври беҳтарин иҷро шудани баъзе ҷонибҳои нияташ ҳатто ҳазорҳо сол интизор мешавад.

5. Ба туфайли пурсабрии Яҳува чӣ гуна баракатҳоро ба даст овардан мумкин аст?

5 Сабаби дигари пурсаброна интизор шудани Яҳува дар он аст, ки шумораи боз ҳам зиёди одамон ҳаёти ҷовидонаро соҳиб шаванд. Худи ҳоло Ӯ барои наҷот додани «анбӯҳи бузург» чора дида истодааст (Ваҳй 7:9, 14; 14:6). Тавассути кори мавъиза, ки мо дар он иштирок дорем, Яҳува одамонро даъват мекунад, ки дар бораи Салтанат ва меъёрҳои одилонаи Ӯ таълим гиранд. «Инҷили Малакут», яъне хушхабар оиди Салтанат — ин беҳтарин хабарест, ки одамон имрӯз шунида метавонанд (Мат. 24:14). Ҳар касе, ки Яҳува ӯро ба худ ҷалб мекунад, қисми ташкилоти умумиҷаҳонии Ӯ мегардад. Ин ташкилот аз шахсони самимие, ки меъёрҳои Худоро дӯст медоранд, иборат аст (Юҳ. 6:44–47). Худои меҳрубони мо ба чунин шахсон кӯмак мекунад, то илтифоташро ба даст оранд. Яҳува ҳамчунин аз миёни одамон шахсонеро интихоб мекунад, ки оянда дар осмон аъзоёни Салтанати Ӯ хоҳанд буд. Ҳангоми соҳиб гаштани мукофоти осмонӣ ин шахсони содиқ ба инсонияти итоаткор кӯмак менамоянд, то ба комилият бирасанд ва ҳаёти ҷовидонаро ба даст оранд. Пас хулоса баровардан мумкин аст, ки Яҳува ҳатто дар сурати пурсаброна интизор шуданаш, чора меандешад, то ваъдаҳояшро бар манфиати мо иҷро намояд.

6. а) Ба кадом маъно Яҳува дар замонҳои Нӯҳ пурсабрӣ нишон дод? б) Чӣ тавр Яҳува дар рӯзҳои мо пурсабрӣ зоҳир мекунад?

6 Яҳува ҳатто дар мавридҳои барояш хеле душвор, вақте ки дигарон корҳои даҳшатангез содир мекунанд, пурсабрӣ зоҳир менамояд. Масалан, оиди он мулоҳиза ронед, ки Яҳува ба шарорате, ки пеш аз Тӯфон ҳукмфармо буд, чӣ гуна муносибат мекард. Он вақт замин аз бадахлоқӣ ва зӯроварӣ пур буд, ва дили Яҳува аз рафтори фасодшудаи одамон «маҳзун шуд» (Ҳас. 6:2–8). Худо он ҳолатро абадан тоқат карданӣ набуд, аз ин рӯ Ӯ қарор кард, ки бар сари одамони беитоат тӯфон орад. «Вақте ки Худо дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид», Ӯ барои наҷот ёфтани Нӯҳ ва оилааш чора меандешид (1 Пет. 3:20). Дар вақти муайянкардааш Яҳува Нӯҳро аз қарори худ огоҳ кард ва ба ӯ фармуд, ки киштӣ бисозад (Ҳас. 6:14–22). Беш аз ин, Нӯҳ «воизи адолат буд» ва ба ҳамзамононаш оиди нобудшавии омадаистода нақл мекард (2 Пет. 2:5). Исо рӯзҳои моро ба рӯзҳои Нӯҳ монанд карда буд. Яҳува аллакай вақти нобудшавии ин тартиботи шарирро муайян кардааст, лекин ҳеҷ кас намедонад, ки «он рӯз ва соат» кай меояд (Мат. 24:36). Ҳоло бошад, Худо ба мо супориш додааст, ки одамонро аз ин огоҳ созем ва ба онҳо роҳи наҷотро нишон диҳем.

7. Оё Яҳува дар иҷрои нияташ таъхир мекунад? Фаҳмонед.

7 Равшан аст, ки пурсабрии Яҳува маънои онро надорад, ки Ӯ фақат гузаштани вақтро интизор аст. Ҳамчунин, мо набояд ҳеҷ гоҳ чунин фикр кунем, ки Ӯ нисбати мо бепарво аст ё ба мо аҳамият намедиҳад! Лекин, дар ёд доштани ин фикр душвор буда метавонад, зеро мо дар ин тартиботи шарирона азоб мекашем ва сол ба сол пир мешавем. Мо метавонем рӯҳафтода шавем ё фикр кунем, ки Худо дар иҷрои нияташ таъхир карда истодааст (Ибр. 10:36). Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки Худо барои пурсабр буданаш сабабҳои асоснок дорад ва Ӯ ин вақтро бар манфиати ходимони содиқаш истифода мебарад (2 Пет. 2:3; 3:9). Биёед ҳоло дида мебароем, ки чӣ тавр Исо ба пурсабрии Падараш пайравӣ мекард.

ЧӢ ТАВР ИСО ДАР ЗОҲИР КАРДАНИ ПУРСАБРӢ НАМУНАИ ОЛИҶАНОБ ГУЗОШТ?

8. Дар кадом вазъиятҳо Исо пурсабрӣ зоҳир кард?

8 Исо ҳазорсолаҳо инҷониб иродаи Худоро аз таҳти дил иҷро карда истодааст. Вақте ки Шайтон исён бардошт, Яҳува қарор дод, ки Писари ягонаашро ба замин чун Масеҳ мефиристонад. Дар бораи он фикр кунед, ки барои Исо тӯли ҳазорсолаҳо пурсаброна интизор шудани он вақт чӣ маъно дошт. (Ғалотиён 4:4–ро бихонед.) Ҳангоми интизоршавии вақти муайяншуда Исо бекор набуд, баръакс вай бо иҷро кардани супориши Падараш машғул буд. Оқибат, вақте ки Исо ба замин омад, вай медонист, ки мувофиқи пешгӯӣ ӯ бояд аз дасти Шайтон кушта мешуд (Ҳас. 3:15; Мат. 16:21). Ӯ пурсаброна дарди пуразобро аз сар гузаронд, зеро медонист, ки чунин марг иродаи Худо нисбати ӯст. Исо дар бораи худаш фикр намекард. Нигоҳ накарда ба он ки Исо Писари Худо буд, ӯ фурӯтанӣ нишон дод ва ба азоб кашидан тайёр буд. Исо дар мавриди садоқатмандӣ ба Худо намунаи беҳтарин гузошт ва мо бояд аз вай ибрат гирем (Ибр. 5:8, 9).

9, 10. а) Ҳоло, ки Исо вақти амал кардани Яҳуваро интизор аст, ӯ бо кадом кор машғул мебошад? б) Чӣ тавр мо ба тарзи фикрронии Исо пайравӣ карда метавонем?

9 Баъди эҳёшавии Исо ба ӯ қудрат дар осмон ва бар замин дода шуд (Мат. 28:18). Ӯ ҳамеша ин қудратро барои иҷро намудани нияти Яҳува истифода мебурд ва доимо дар вақти таъинкардаи Ӯ амал мекард. Ҳамин тавр Исо аз тарафи дасти рости Худо истода то соли 1914 пурсаброна интизор шуд ва он сол душманони ӯ зери пояш партофта шуданд (Заб. 109:1, 2; Ибр. 10:12, 13). Ба қарибӣ Исо тартиботи Шайтонро несту нобуд хоҳад кард. То он вақт бошад, ӯ пурсаброна ба одамон ёрдам мекунад, ки илтифоти Худоро ба даст оранд ва онҳоро сӯи «оби ҳаёт» роҳнамоӣ менамояд (Ваҳй 7:17).

10 Оё шумо мебинед, ки чӣ тавр ба тарзи фикрронии Исо пайравӣ карда метавонед? Исо бешубҳа сахт мехост, ки ҳамаи хоҳишҳои Падарашро иҷро кунад, лекин ҳамзамон ӯ мехост, ки вақти таъинкардаи Худоро интизор шавад. Ҳоло ки мо анҷоми тартиботи шариронаи Шайтонро интизорем, ба ҳамаи мо низ пурсабрӣ лозим аст. Мо бояд Худоро интизор шавем ва ҳатто дар вақти рӯҳафтода шуданамон ҳам ба Ӯ хизмат карданро давом диҳем. Мо чӣ кор карда метавонем, то дар худ пурсабриеро, ки Исо дошт, инкишоф диҳем?

ЧӢ ТАВР МАН ПУРСАБРИИ БА ХУДО ХОСРО ИНКИШОФ ДОДА МЕТАВОНАМ?

11. а) Чӣ тавр пурсабрӣ ва имон бо ҳам алоқаманданд? б) Чаро мо барои доштани имони қавӣ сабабҳои асоснок дорем?

11 Пеш аз ба замин омадани Исо пайғамбарон ва дигар ходимони содиқи Худо дар мавриди он ки чӣ тавр ҳатто одамони нокомил метавонанд ба озмоишҳо пурсаброна тоб оранд, намуна гузоштанд. Пурсабрии онҳо бо имонашон зич алоқаманд буд. (Яъқуб 5:10, 11–ро бихонед.) Агар онҳо дар асл ба гуфтаҳои Яҳува бовар намекарданд, яъне имон намедоштанд, магар иҷрошавии ваъдаҳои Худоро пурсаброна интизор мешуданд? Онҳо бисёр вақт дар вазъиятҳои хеле душвор ва ба ҳаёт таҳдидкунанда истодагарӣ мекарданд, зеро имон доштанд, ки Худо ваъдаҳои додаашро ҳатман иҷро мекунад (Ибр. 11:13, 35–40). Мо бошем, барои доштани имони қавӣ сабабҳои аз ин ҳам зиёдтар дорем, зеро Исо имрӯз чун «Комилкунандаи имони мо» хизмат мекунад (Ибр. 12:2). Ӯ бисёр пешгӯиҳоро иҷро кард ва ба мо кӯмак намуд, то ниятҳои Худоро хубтар бифаҳмем.

12. Барои қавӣ гардонидани имонамон мо бояд чӣ кор кунем?

12 Барои қавӣ гардонидани имони худ ва дар натиҷаи ин бештар пурсабр шудан чӣ метавон кард? Як чизи муҳим — ин бакорбарии маслиҳатҳои Худо аст. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки шумо барои дар ҷои аввали ҳаёти худ гузоштани Салтанат чӣ сабабҳо доред. Оё шумо метавонед минбаъд низ барои ба кор бурдани маслиҳати дар Матто 6:33 навишташуда бештар кӯшиш ба харҷ диҳед? Ин маънои онро дошта метавонад, ки дар хизмат вақти зиёдтарро сарф кунед ё барои оддӣ гардонидани ҳаётатон дигаргуниҳо дароред. Фаромӯш накунед, ки чӣ тавр Яҳува кӯшишҳоятонро аллакай баракат додааст. Шояд Ӯ ба шумо кӯмак кард, ки бо касе омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунед ё «осоиштагии Худо[ро], ки аз ҳар хирад болотар аст», ба даст оред. (Филиппиён 4:7–ро бихонед.) Агар шумо диққататонро ба баракатҳои ба ин монанд равона кунед, он гоҳ дарк хоҳед кард, ки пурсабр будан манфиати зиёд меорад (Заб. 33:9).

13. Кадом мисол нишон медиҳад, чӣ тавр имон барои бештар пурсабр будан мусоидат мекунад?

13 Аз мисоли зерин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр имони мо барои бештар пурсабр буданамон мусоидат мекунад. Деҳқонеро тасаввур кунед, ки тухмӣ мекорад, онро об медиҳад ва оқибат ҳосилашро меғундорад. Ҳар боре, ки деҳқон ҳосили фаровон меғундорад, эътимоди ӯ оиди он ки дафъаи дигар бештар киштукор мекунад, меафзояд. Шояд дафъаи оянда деҳқон дар заминҳои аз ин ҳам зиёдтар тухмӣ мекорад. Ҳарчанд мавсими ҳосилғундориро пурсаброна интизор шудан лозим ояд ҳам, ӯ ин корро бас намекунад. Деҳқон дилпур аст, ки ҳатман ҳосилро ҷамъ хоҳад овард. Ҳамин тавр, вақте ки мо бо дастуроти Яҳува шинос шуда мувофиқи онҳо амал мекунем ва дар натиҷаи ин самараи хуб ба даст меорем, боварӣ ва имони мо ба Яҳува пурзӯр мегардад. Он вақт ба мо зоҳир кардани пурсабрӣ ва интизор шудани он баракатҳое, ки мо дар оянда соҳиб хоҳем шуд, осонтар мешавад. (Яъқуб 5:7, 8–ро бихонед.)

14, 15. Назари мо ба азоби инсоният бояд чӣ гуна бошад?

14 Роҳи дигари инкишоф додани пурсабрӣ — ин мулоҳиза оиди он ки чӣ тавр мо бояд ба ин ҷаҳон ва вазъиятҳои шахсиамон муносибат кунем. Кӯшиш кунед, то нуқтаи назаратон ба нуқтаи назари Яҳува мувофиқат кунад. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки Ӯ ба азоби одамон чӣ гуна назар дорад. Аз даврони қадим сар карда то ҳол Яҳува ба ранҷу азоби одамон бо дард менигарад, лекин ғамгинӣ Ӯро беқувват намекунад ва барои кардани корҳои нек дасткӯтоҳ намегардонад. Яҳува Писари ягонаашро ба замин фиристод, то «аъмоли иблисро вайрон кунад» ва ҳамаи зарари ба инсоният расонидаи Шайтонро бартараф созад (1 Юҳ. 3:8). Дар асл, ранҷу азоби инсоният муваққатӣ аст ва Худо онро ба қарибӣ ба таври абадӣ нест мекунад. Аз ин рӯ, ба ҷои он ки аз ҳукмронии золимонаи Шайтон сахт рӯҳафтода шавем ё оиди анҷоми ин тартиботи шарир аз ҳад бетоқат гардем, биёед ба чизҳои нонамоёне, ки абадан вуҷуд хоҳанд дошт, имон дошта бошем. Яҳува вуҷудияти шароратро то вақти муайяне тоқат мекунад ва айнан дар вақти таъинкардааш барои бартараф кардани он амал хоҳад кард (Иш. 46:13; Наҳум 1:9).

15 Дар давоми рӯзҳои душвори анҷоми ин дунёи шарир мо бо озмоишҳои сахти имон рӯ ба рӯ шуда метавонем. Худи мо ё шахсони наздикамон шояд аз зӯроварӣ ё ягон сабабҳои дигар азоб кашем. Ба ҷои дар ин маврид дарғазаб шудан ба мо иродаи қавӣ лозим аст, то пурра ба Яҳува такя кунем. Ин кор осон нест, зеро мо нокомилем. Аммо ба ин нигоҳ накарда ба хотир оред, ки Исо чӣ гуна амал кард, чӣ тавре ки оиди ин дар Матто 26:39 навишта шудааст. (Оятро бихонед.)

16. Дар давоми вақти боқимонда ба мо аз чӣ дурӣ ҷустан лозим аст?

16 Шахсе, ки ба наздик будани анҷоми ин тартибот шубҳа дорад, метавонад тарзи фикрронии нодуруст пайдо кунад. Ӯ эҳтимол фикр мекунад, ки азбаски ваъдаҳои Яҳува иҷро нашуда истодаанд, ӯ бояд аз паи корҳои шахсии худ шавад. Андешаҳои дили ӯ шояд чунин аст: «Ман бошам, интизор мешавам ва мебинам, ки оё Яҳува дар ҳақиқат ваъдаҳояшро иҷро мекунад ё не». Он вақт ӯ шояд на Салтанати Худоро дар ҷои аввали ҳаёти худ гузорад, балки кӯшиш кунад, ки дар ин ҷаҳон мавқеи баланд ба даст орад, пули зиёд кор кунад ё бо мақсади доштани ҳаёти бароҳат соҳиби маълумоти олӣ гардад. Лекин, магар чунин тарзи рафтор нишонаи норасоии имон нест? Дар хотир доред, ки Павлус моро ташвиқ карда буд, то ба шахсони содиқе, ки «ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо»–и Яҳува гаштанд, пайравӣ намоем (Ибр. 6:12). Яҳува намегузорад, ки ин тартиботи шарир аз мӯҳлати муайянкардааш ҳатто як рӯз ҳам зиёд давом кунад (Ҳаб. 2:3). Ҳоло ки мо ин вақтро интизорем, мо набояд гузорем, ки хизматамон ба Яҳува рӯякӣ бошад. Ба ҷои ин, мо бояд ҳушёр бимонем ва дар кори мавъизаи хушхабар, ки ҳатто имрӯз бароямон манбаи қаноатмандии беҳамто аст, боғайратона иштирок кунем (Луқ. 21:36).

ПУРСАБРӢ ЧӢ ГУНА БАРАКАТҲО МЕОРАД?

17, 18. а) Ҳоло ки мо анҷоми ин тартиботро пурсаброна интизорем, мо чӣ гуна имконият дорем? б) Агар мо пурсабрӣ зоҳир кунем, соҳиби кадом баракатҳо хоҳем гашт?

17 Новобаста аз он ки мо чанд вақт ба Худо хизмат мекунем — якчанд моҳ ё даҳсолаҳо — мо мехоҳем, ки абадан ба Ӯ хизмат намоем. Нигоҳ накарда ба он ки, ба вуҷуд доштани ин тартибот чанд вақт боқӣ мондааст, пурсабрӣ ба мо кӯмак мекунад, ки то вақти наҷот ёфтанамон истодагарӣ намоем. Яҳува ҳоло ба мо имконият медиҳад, ки ба қарорҳои Ӯ пурра эътимод доштанамонро исбот кунем ва агар лозим ояд, нишон диҳем, ки тайёрем, то ба хотири номи Ӯ азоб кашем (1 Пет. 4:13, 14). Худо ҳамчунин моро таълим медиҳад, то пурсабриеро дошта бошем, ки барои наҷот ёфтанамон лозим аст (1 Пет. 5:10).

18 Исои Масеҳ тамоми қудратро дар осмон ва бар замин дорад ва чизе ё касе, ғайр аз худамон, моро аз ҳимояи ӯ дур карда наметавонад (Юҳ. 10:28, 29). Аз ин рӯ, мо набояд аз оянда ё ҳатто аз марг битарсем. Шахсоне, ки то ба охир сабр мекунанд, наҷот хоҳанд ёфт. Барои ҳамин мо набояд гузорем, ки тарзи фикрронии ин ҷаҳон ба мо таъсир кунад ва моро аз такя кардан ба Яҳува боздорад. Баръакс, мо бояд бо иродаи қавӣ имонамонро мустаҳкам созем ва ин вақтро, ки Худо пурсабрӣ зоҳир мекунад, бохирадона истифода барем. (Мат. 24:13; 2 Петрус 3:17, 18–ро бихонед.)

[Тасвир дар саҳифаи 21]

Пурсабрии Худо ба шумо кӯмак хоҳад кард, ки диққататонро бештар ба манфиатҳои Салтанат равона кунед ва соҳиби баракатҳо шавед

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан