ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.9. саҳ. 23-27
  • Шумо рӯз ва соатро намедонед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шумо рӯз ва соатро намедонед
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ҲУШЁРУ БЕДОР БУДАН ЧӢ МАНФИАТ МЕОРАД?
  • ТАДҲИНШУДАГОН ОМОДА БУДАНАШОНРО НИШОН МЕДИҲАНД
  • ОМОДАГИАМОНРО НИШОН МЕДИҲЕМ
  • ШУМО НИЗ БЕДОРУ ҲУШЁР БИМОНЕД
  • Шумо ба огоҳӣ диққат медиҳед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Оё шумо ҳушёру бедор ҳастед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Аз масал оиди талантҳо мо чӣ меомӯзем?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Мо бо шумо меравем
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.9. саҳ. 23-27

Шумо рӯз ва соатро намедонед

«Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд» (МАТ. 25:13).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

Баъзе аз манфиатҳое, ки мо аз надонистани рӯз ва соати анҷоми ин тартибот мегирем, кадоманд?

Чӣ тавр тадҳиншудагон бедор ва ҳушёр мемонданд?

Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба омадани Масеҳ тайёрем?

1–3. а) Кадом вазъиятҳо ба мо кӯмак мекунанд, то дарси муҳими ду масали Исоро бифаҳмем? б) Мо бояд ба кадом саволҳо ҷавоб ёбем?

ТАСАВВУР кунед, ки шахси олимансабе аз шумо хоҳиш мекунад, то ӯро бо мошин ба як вохӯрии муҳим баред. Аммо пеш аз омадани ин шахс шумо мефаҳмед, ки барои ин сафар сӯзишвории кофӣ надоред. Ба шумо лозим меояд, ки зуд рафта сӯзишворӣ харед. Дар набуданатон ин шахс меояд, лекин шуморо намеёбад. Азбаски ӯ вақти интизоршавӣ надорад, вай шахси дигареро илтимос менамояд, то ӯро ба вохӯрӣ барад. Дере нагузашта шумо бармегардед ва мефаҳмед, ки шахси олимансаб бе шумо рафтааст. Шумо дар ин ҳолат худатонро чӣ гуна ҳис мекардед?

2 Ҳоло тасаввур кунед, ки шумо раиси корхона ҳастед ва барои иҷро кардани вазифаи муҳиме се шахси қобилиятнокро интихоб мекунед. Шумо вазифаро ба онҳо мефаҳмонед ва ҳар сеяшон онро бо омодагӣ ба ӯҳда мегиранд. Лекин, вақте ки дертар бармегардед, шумо мефаҳмед, ки танҳо ду нафарашон супориши додаатонро иҷро кардаанд, бар замми ин шахсе, ки онро иҷро накард, худро сафед мекунад. Дар асл бошад, ӯ барои иҷро кардани он кор ҳатто кӯшиш ҳам накардааст. Шумо дар ин вазъият худро чӣ гуна ҳис мекардед?

3 Дар масалҳо оиди даҳ бокира ва талантҳо Исо вазъияти ба ин монандро истифода бурда фаҳмонд, ки чаро дар айёми охир баъзе тадҳиншудагон чун мӯътамад ва доно амал мекунанд ва баъзеашон не (Мат. 25:1–30)a. Исо хулосаеро, ки аз он масалҳо бармеояд, бо суханони зерин қайд намуд: «Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд» (Мат. 25:13). Ӯ гуфтанӣ буд, ки шогирдонаш аниқ намедонанд, ки маҳз дар кадом вақт ӯ барои нест кардани ҷаҳони Шайтон меояд. Маслиҳати Исо имрӯз ба мо низ дахл дорад. Агар мо мувофиқи он амал карда аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор бимонем, мо аз ин чӣ манфиат мегирем? Дар замони мо киҳо нишон доданд, ки барои наҷот ёфтан тайёранд? Мо барои бедор мондан бояд чӣ кор кунем?

ҲУШЁРУ БЕДОР БУДАН ЧӢ МАНФИАТ МЕОРАД?

4. Барои бедор мондан чаро шарт нест, ки мо маҳз кадом вақт омадани анҷоми ин тартиботро донем?

4 Дар баъзе мавридҳо, масалан ҳангоми кор кардан дар заводу фабрикаҳо, ташриф овардан ба назди духтур ё сафар кардан бо қатораю ҳавопаймо ба мо риоя кардани реҷаи муайяншуда муҳим аст. Дар мавридҳои дигар бошад, масалан ҳангоми сӯхторхомӯшкунӣ ё наҷотдиҳии одамон баъди офатҳои табиӣ нигоҳ кардан ба соат метавонад диққати шахсро парешон созад, ё ҳатто хатарнок бошад. Дар чунин мавридҳо муҳимтар аст, ки диққатамонро ба иҷро кардани кор равона созем, на ба фаҳмидани вақт. Ба ин монанд, кори мавъиза ба одамон кӯмак мекунад, то бифаҳманд, ки Яҳува барои наҷоти онҳо чӣ кор кард ва ҳоло карда истодааст. Ин кор хусусан ҳоло, вақте, ки анҷоми ин тартибот аз ҳарвақта наздиктар аст, муҳим мебошад. Барои бедор мондан ва иҷро намудани иродаи Яҳува ба мо донистани он ки анҷоми ин тартибот маҳз дар кадом вақт меояд, лозим нест. Беш аз ин, надонистани рӯз ва соати омадани анҷом камаш аз панҷ ҷиҳат манфиатбахш аст.

5. Чӣ тавр аз надонистани рӯз ва соат ниятҳои диламон метавонанд ошкор шаванд?

5 Якум, надонистани он ки ин тартибот кай ба анҷом мерасад, ба мо имконият медиҳад, то нишон диҳем, ки дар асл ниятҳои диламон чӣ гунаанд. Охир, ба туфайли надонистани он вақт мо метавонем озодии иродаамонро истифода бурда садоқатмандиамонро ба Яҳува исбот кунем. Ҳарчанд мо сахт мехоҳем, ки дар вақти нобудшавии ин тартибот наҷот ёбем, лекин мо ба Яҳува нафақат барои ба даст овардани ҳаёт хизмат мекунем, балки аз муҳаббат ба Ӯ. (Забур 36:4–ро бихонед.) Иҷро кардани иродаи Худо ба мо хурсандӣ мебахшад ва мо дарк мекунем, ки Ӯ моро бар манфиати худамон таълим медиҳад (Иш. 48:17). Мо ҳеҷ гоҳ ба талаботҳои Ӯ чун ба бори гарон нигоҳ намекунем (1 Юҳ. 5:3).

6. Вақте ки мо ба Худо аз муҳаббат хизмат мекунем, Ӯ чӣ ҳис мекунад ва чаро?

6 Манфиати дуюм ин аст, ки ба туфайли надонистани рӯз ва соат мо дили Яҳуваро хурсанд карда метавонем. Вақте ки мо ба Яҳува на аз сабаби наздик будани анҷоми ин тартибот ё ба даст овардани мукофот, балки аз муҳаббат хизмат мекунем, мо ба Ӯ кӯмак менамоем, ки дурӯғгӯй будани душманаш — Шайтонро исбот кунад. (Айюб 2:4, 5; Масалҳо 27:11–ро бихонед.) Азбаски мо медонем, ки Иблис сабаби тамоми дарду азоби инсоният мебошад, мо хурсандона ҳукмронии Яҳуваро дастгирӣ менамоем ва ҳукмронии золимонаи Шайтонро рад мекунем.

7. Ба фикри шумо, чаро ба сар бурдани ҳаёти фидокорона дуруст аст?

7 Сеюм, надонистани рӯзи анҷоми ин тартибот моро бармеангезад, ки ҳаёти фидокорона ба сар барем, яъне ҳаётамонро барои хизмати Худо ва кӯмак ба дигарон сарф намоем. Имрӯз баъзе касоне, ки Худоро намешиносанд, бовар мекунанд, ки ҷаҳони имрӯза дер давом нахоҳад кард. Онҳо метарсанд, ки ягон мусибат метавонад сайёраи мо — Заминро нобуд созад, бинобар ин онҳо ба ҳаёт чунин муносибат мекунанд: «Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!» (1 Қӯр. 15:32). Мо бошем, дар тарсу ҳарос нестем. Ҳамчунин мо танҳо дар бораи худамон ғамхорӣ намекунем (Мас. 18:1). Баръакс, мо иродаи Яҳуваро дар ҷои аввали хаётамон мегузорем ва бо омодагӣ ҳар чизи доштаамонро, аз он ҷумла вақту қуввати худро барои мавъиза кардани хушхабари Салтанати Худо сарф мекунем. (Матто 16:24–ро бихонед.) Хизмати Худо ба мо хурсандӣ мебахшад, хусусан он ки мо ба дигарон барои шинохтани Ӯ кӯмак мекунем.

8. Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки мо бояд пурра ба Яҳува ва Каломи Ӯ такя кунем?

8 Чорум, надонистани он рӯз ва соат ба мо кӯмак мекунад, ки пурра ба Яҳува такя кунем ва барои дар ҳаётамон ба кор бурдани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас сахт кӯшиш намоем. Аз сабаби нокомилиамон мо майл дорем, ки ба худамон такя кунем. Павлус ба тамоми масеҳиён насиҳат дод: «Ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад». Ӯ қайд намуд, ки бисту се ҳазор исроилиён маҳз пеш аз даромадан ба Замини ваъдашуда нисбати Яҳува беитоатӣ карданд ва дар натиҷа нобуд шуданд. Павлус ба онҳо ишора намуда гуфт: «Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст» (1 Қӯр. 10:8, 11, 12).

9. Чӣ тавр озмоишҳо метавонанд имонамонро қавӣ созанд ва дӯстиамонро бо Яҳува мустаҳкамтар гардонанд?

9 Панҷум, надонистани он ки анҷоми ин тартибот кай меояд, ба мо имконият медиҳад, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо озмоишҳо аз онҳо барои худ дарс гирем ва имонамонро мустаҳкам намоем. (Забур 118:71–ро бихонед.) Рӯзҳои охири ин тартибот дар ҳақиқат «замонҳои сахт» мебошанд (2 Тим. 3:1–5). Дар ин ҷаҳони Шайтон бисёриҳо аз мо нафрат доранд, аз ин рӯ мо метавонем барои имонамон ба таъқиботҳо дучор шавем (Юҳ. 15:19; 16:2). Чӣ тавре, ки оташ сифати металлро беҳтар мегардонад, озмоишҳо метавонанд сифати имонамонро беҳтар созанд ва онро қавӣ гардонанд. Агар ҳангоми чунин озмоишҳо мо фурӯтан бимонем ва роҳнамоии Яҳуваро ҷӯё шавем, онҳо барои хизмат кардан ба Ӯ монеа намешаванд. Баръакс, дӯстии мо бо Яҳува аз пештара ҳам мустаҳкамтар мегардад (Яъқ. 1:2–4; 4:8).

10. Аз кадом сабаб вақт метавонад ба назар тез гузарад?

10 Вақт метавонад ба назари одам ё тез гузарад ё оҳиста. Вақте ки мо машғули коре ҳастем ва зуд–зуд ба соат нигоҳ намекунем, вақт ба назарамон хеле тез мегузарад. Мисли ин, агар мо бо кори хурсандибахш ва шавқоваре, ки Яҳува ба мо додааст, банд бошем он рӯз ва соат назар ба гумонамон зудтар меояд. Дар ин бобат аксари масеҳиёни тадҳиншуда намунаи олиҷаноб гузоштанд. Биёед кӯтоҳ дида бароем, ки баъди ба тахти подшоҳӣ нишастани Исо (соли 1914) чӣ рӯй дод ва чӣ тавр он вақт баъзе тадҳиншудагон бедору ҳушёр буданд ва баъзеи дигарашон не.

ТАДҲИНШУДАГОН ОМОДА БУДАНАШОНРО НИШОН МЕДИҲАНД

11. Чаро баъди соли 1914 баъзе тадҳиншудагон фикр мекарданд, ки гӯё Исо таъхир карда истодааст?

11 Масалҳои Исоро оиди даҳ бокира ва талантҳо ба ёд оред. Агар бокираҳо ва ғуломон медонистанд, ки домод ё оғо кай меояд, он гоҳ ба ҳушёру бедор мондани онҳо ҳоҷат набуд. Лекин онҳо он вақту соатро намедонистанд, аз ин рӯ ба онҳо лозим буд, ки омода бошанд. Ҳарчанд тадҳиншудагон дар давоми даҳсолаҳо ба соли 1914 чун ба соли махсус менигаристанд, онҳо аниқ намедонистанд, ки дар он сол чӣ рӯй медиҳад. Вақте ки воқеаҳои интизорбудаашон рӯй надоданд, ба назарашон чунин намуда метавонист, ки гӯё Домод таъхир карда истодааст. Дертар як бародар ба ёд оварда гуфт: «Якчанд нафарамон ба таври ҷиддӣ фикр мекардем, ки дар ҳафтаи якуми моҳи октябр [1914] ба осмон меравем».

12. Чӣ тавр тадҳиншудагон мӯътамад ва доно буданашонро исбот карданд?

12 Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ тавр ин сабаби рӯҳафтодагии тадҳиншудагон шуда метавонист, зеро онҳо иҷрошавии умедашонро сахт интизор буданд, вале он иҷро нашуд. Беш аз ин, он замон барои бародарон хеле душвор буд, зеро онҳо дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ бо муқобилият рӯ ба рӯ шуданд. Он вақт кори мавъиза қариб ба пуррагӣ манъ шуд. Ин ба он монанд буд, ки гӯё тадҳиншудагон дар ҳолати хоболудӣ қарор доштанд. Аммо воқеае, ки соли 1919 рӯй дод, онҳоро бедор кард! Дар ин сол Исо ба маъбади рӯҳонии Худо омад, то ҳамаи онҳоеро, ки худро масеҳӣ меномиданд, тафтиш кунад. Лекин баъзеҳо аз тафтиш нагузаштанд ва оқибат имконияти пуршарафи худ — ба Оғо хизмат карданро аз даст доданд. Онҳо ҳушёру бедор намонданд ва мисли бокираҳои нодон чароғҳои худро бо равған пур накарданд. Ва чун ғуломи танбал, ки ба оғояш содиқ набуд, ин тадҳиншудагон дар кори Салтанат фидокорӣ зоҳир кардан намехостанд. Аммо аксарияти тадҳиншудагон садоқатмандии пурра ва хоҳиши сахти ба Оғо хизмат карданро нишон доданд, ҳатто дар давоми солҳои ҷанг, ки хеле вазнин буданд.

13. Синфи ғуломи мӯътамад ба соли 1914 чӣ гуна муносибат мекард ва имрӯз он чӣ гуна рӯҳия зоҳир мекунад?

13 Баъд аз соли 1914 дар «Бурҷи дидбонии Сион» фаҳмонда шуд, ки тарзи фикрронии аксарияти тадҳиншудагон дар он вақт чӣ гуна буд. Дар он чунин навишта шуда буд: «Бародарон, онҳое ки нисбати Худо тарзи фикрронии дуруст доранд, аз ягон нақшаи Ӯ рӯҳафтода нашуданд. Мо намехостем, ки иродаи худамон иҷро шавад ва вақте дарк кардем, ки умеди мо нисбати моҳи октябри соли 1914 нодуруст будааст, шод гаштем, ки Худованд барои мо шуда нияташро дигар накард. Мо албатта инро намехостем. Мо фақат мехостем, ки нияту мақсадҳои Ӯро бифаҳмем». Чунин фурӯтанӣ ва садоқатмандӣ то ҳол ба тадҳиншудагони Худованд хос аст. Онҳо эълон намекунанд, ки Яҳува онҳоро илҳом бахшидааст. Онҳо танҳо мехоҳанд, ки ҳангоми дар замин буданашон вазифаи аз Исо гирифтаашонро иҷро кунанд. Ва имрӯз «гӯсфандони дигар» аз «анбӯҳи бузург», яъне масеҳиёне, ки умеди заминӣ доранд ба намунаи бедории тадҳиншудагон пайравӣ менамоянд (Ваҳй 7:9; Юҳ. 10:16).

ОМОДАГИАМОНРО НИШОН МЕДИҲЕМ

14. Ба таълимотҳои ғуломи мӯътамад ва доно итоат карда мо чӣ манфиат гирифта метавонем?

14 Худо ғуломи мӯътамад ва доноро интихоб кардааст, то ба халқи худ хӯроки рӯҳонӣ диҳад, ё чӣ тавр аз Калом ва рӯҳулқудс манфиат гирифтанро ба онҳо таълим диҳад. Аъзоёни анбӯҳи бузург, ки ҳушёру бедор будани худро нишон медиҳанд, ба таълимоте, ки ин ғулом пешкаш мекунад, итоат менамоянд. Инро ба он монанд кардан мумкин аст, ки гӯё онҳо чароғҳои худро бо равған пур мекунанд. (Забур 118:130; Юҳанно 16:13–ро бихонед.) Ҳамин тавр қавӣ гашта онҳо низ ба омадани Масеҳ тайёр буданашонро нишон медиҳанд ва ҳатто дар озмоишҳои сахт устувор мемонанд. Масалан, дар яке аз лагерҳои консентратсионӣ, дар аввал бародарон танҳо як нусхаи Китоби Муқаддас доштанду халос. Барои ҳамин онҳо дар дуо пурсиданд, ки Яҳува ба онҳо хӯроки рӯҳонии зиёдтар диҳад. Дере нагузашта онҳо фаҳмиданд, ки бародари дигаре ба ин лагер афтодааст ва ӯ дар даруни пои сунъии чӯбинаш якчанд маҷаллаҳои нави «Бурҷи дидбонӣ»–ро пинҳон карда бо худ даровардааст. Дар байни наҷотёфтагон бародари тадҳиншуда — Эрнст Вауэр буд, ки баъдтар ба ёд оварда гуфт: «Яҳува ба мо бо роҳи мӯъҷизанок кӯмак кард, то аз мақола фикрҳоеро, ки барои истодагарӣ карданамон кӯмак мекарданд, дар хотир нигоҳ дорем». Баъд аз ин ӯ гуфт: «Имрӯз дастрас кардани хӯроки рӯҳонӣ хеле осон аст, лекин оё мо ҳамавақт онро қадр мекунем? Ман боварии комил дорам, ки дар ганҷинаи худ Яҳува барои шахсоне, ки ба Ӯ такя мекунанд, содиқ мемонанд ва аз дастархонаш хӯрок мехӯранд, баракатҳои фаровоне тайёр кардааст».

15, 16. Чӣ тавр як ҷуфти ҳамсарон барои ҷидду ҷаҳд дар хизмати Худо соҳиби баракатҳо гаштанд ва шумо аз чунин воқеаҳо чӣ омӯхта метавонед?

15 Гӯсфандони дигар ба бародарони Масеҳ кӯмак намуда дар кори мавъиза банд мебошанд (Мат. 25:40). Баръакси ғуломи шарир ва танбал аз масали Исо онҳо бо омодагӣ фидокорӣ зоҳир менамоянд ва барои дар ҷои аввал гузоштани Салтанат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, вақте ки Ҷон ва Масакоро ба Кения даъват карданд, то ба шахсоне, ки ба забон хитоӣ гап мезананд, мавъиза намоянд, онҳо дудила шуданд. Аммо баъд аз он ки ба Яҳува дуо гуфта вазъияташонро дида баромаданд, онҳо қарор карданд, ки ба он ҷо мекӯчанд.

16 Ин ҷуфт барои кӯшишҳои худ соҳиби баракатҳои зиёде гаштанд. Онҳо мегӯянд: «Хизмат дар ин ҷо бениҳоят хурсандибахш аст». Ҳамсарон бо шавқмандон ҳафт омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд. Ҳамчунин дар хизмат бо онҳо бисёр воқеаҳои рӯҳбаландкунанда рӯй доданд. Онҳо илова мекунанд: «Мо ҳар рӯз ба Яҳува миннатдориамонро изҳор мекунем, ки дар ин ҷо хизмат кардан ба мо имконпазир гашт». Албатта бародарону хоҳарони бисёри дигаре ҳастанд, ки новобаста аз он ки анҷоми ин тартибот кай меояд, пурра дар хизмати Худо банд буданро қарор кардаанд. Дар бораи ҳазорон нафароне фикр кунед, ки дар мактаби Ҷилъод таълим гирифта ҳоло чун миссионерон хизмат мекунанд. Оиди ин хизмати махсус аз мақолаи «Мо ҳар чизе, ки аз даст меояд мекунем», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри соли 2001 чоп шудааст, маълумот гирифта метавонед. Ҳангоми хондани ин мақолаи шавқовар, ки оиди як рӯзи ҳаёти миссионерӣ нақл мекунад, фикр кунед, ки чӣ тавр шумо ба Худо бештар хизмат карда метавонед. Хизмати шумо Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба шумо хурсандии зиёд меорад.

ШУМО НИЗ БЕДОРУ ҲУШЁР БИМОНЕД

17. Ба кадом маъно надонистани рӯз ва соат бароямон баракат мебошад?

17 Дар ҳақиқат, ин баракат аст, ки мо рӯз ва соати аниқи анҷоми ин тартиботро намедонем. Дар иҷро кардани иродаи Худо пурра банд буда мо ба Яҳува, Падари пурмеҳрамон, ҳар чӣ бештар наздик мешавем ва аз ин сабаб ба ҳиссиёти рӯҳафтодагӣ ё ноумедӣ дода намешавем. Азбаски мо диққатамонро ба коре, ки Исо супурдааст, равона мекунем ва аз чизҳое, ки ба ин халал мерасонанд дурӣ меҷӯем, мо ҳаёти хушбахтона ба сар мебарем (Луқ. 9:62).

18. Чаро мо ба Худо содиқ мондан мехоҳем?

18 Рӯзи доварии Худо хеле шитоб карда истодааст. Албатта, ҳеҷ кадоми мо Яҳува ва Исоро ноумед кардан намехоҳем. Онҳо ба мо бовар карда дар ин рӯзҳои охир хизмати пуршараферо ба ӯҳдаамон гузоштаанд. Чӣ қадар миннатдорем мо барои ин боварӣ! (1 Тимотиюс 1:12–ро бихонед.)

19. Чӣ тавр мо ба омадани рӯзи Яҳува тайёр буданамонро нишон дода метавонем?

19 Новобаста аз он ки умеди мо дар осмон ё дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ кардан аст, биёед минбаъд низ ба супориши Худо оиди мавъизакунӣ ва шогирдсозӣ итоат кунем. Мо то ҳол аниқ намедонем, ки рӯзи Яҳува дар кадом соат ва рӯз меояд ва магар донистани ин шарт аст? Мо ба он тайёр буда метавонем ва мо тайёр хоҳем буд! (Мат. 24:36, 44). Мо боварии комил дорем, ки агар ба Яҳува такя кунем ва Салтанати Ӯро дар ҷои аввал гузорем, мо ҳеҷ гоҳ ноумед намешавем (Рум. 10:11).

[Эзоҳ]

a Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 марти с. 2004, саҳ. 14–18 нигаред.

[Тасвир дар саҳифаи 26]

Ҳатто дар вазъиятҳои душвор хӯроки рӯҳониро биҷӯед

[Тасвир дар саҳифаи 27]

Агар мо бо хизмати Худо банд бошем, вақт тез мегузарад

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан