Суди Аврупо ҳуқуқи шахсро барои рад намудани хизмати ҳарбӣ эътироф мекунад
ШОҲИДОНИ ЯҲУВАРО дар тамоми ҷаҳон аз рӯи он мешиносанд, ки онҳо новобаста аз ҷои зисташон дар масъалаҳои сиёсӣ ва ҷангҳо мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд. Онҳо хуб медонанд, ки бояд «шамшерҳои худро ба амочҳо табдил» диҳанд ва «ҷангро дигар таълим» нагиранд (Ишаъё 2:4). Шоҳидон ба шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ иштирок кардан мехоҳанд, монеа намешаванд. Лекин, агар виҷдони масеҳӣ ба ӯ дар артиш хизмат карданро иҷозат надиҳаду чунин намуди хизмат дар давлати ӯ ҳатмӣ бошад, он гоҳ–чӣ? Ваҳан Баятян ном ҷавоне маҳз бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шуд.
Воқеаҳое, ки барои ба Суди Аврупо муроҷиат кардан сабаб шуданд
Ваҳан Баятян моҳи апрели соли 1983 дар Арманистон таваллуд ёфт. Соли 1996 Ваҳан ва дигар аъзоёни оилааш бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд ва ҳангоми ба синни 16 расиданаш ӯ таъмид гирифт. Ба туфайли омӯзиши Китоби Муқаддас ӯ нисбати таълимотҳои Исои Масеҳ эҳтироми чуқур инкишоф дод. Яке аз таълимотҳое, ки Исо иҷро кардани онро ба шогирдонаш амр фармуда буд — ин ба даст нагирифтани яроқ мебошад (Матто 26:52). Аз ин рӯ, чанде пас аз таъмидгириаш Ваҳан бо вазъияти душворе рӯ ба рӯ шуд, ки дар он бояд қарор қабул мекард.
Мувофиқи қонуни Арманистон тамоми ҷавонмардони ба синни 18 расида бояд ҳатман хизмати ҳарбиро адо кунанд. Дар ҳолати дасткашӣ аз хизмат онҳоро дар муддати то се сол аз озодӣ маҳрум карда метавонанд. Ваҳан хоҳиш дошт, ки ба ҳамдиёронаш хизмат кунад, лекин ҳамзамон ӯ зидди виҷдони бар Китоби Муқаддас таълимёфтааш амал кардан намехост. Пас ӯ чӣ кор кард?
Вақте ки соли 2001 синни Ваҳан ба 18 расид, ӯ ба ҳукуматдорони Арманистон навиштани номаҳоро оғоз кард. Дар номаҳояш ӯ қайд менамуд, ки хизмати ҳарбӣ ба виҷдон ва эътиқоди динии вай муқобил аст. Ҳамзамон ӯ омодагии худро барои адо кардани хизмати алтернативии шаҳрвандӣ изҳор менамуд.
Дар давоми зиёда аз як сол Ваҳан ба ҳукуматдорон арз мекард, ки ҳуқуқи ӯро барои дар асоси виҷдон аз хизмати ҳарбӣ даст кашиданаш эътироф кунанд. Лекин, моҳи сентябри соли 2002 Ваҳанро дастгир карданд ва дертар дар саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ айбдор намуданд. Ӯ ба 18 моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд. Аммо прокурор бо ин қарор розӣ набуд. Ва як моҳ пас аз баровардани ҳукм ӯ ба суди аппелятсионӣ муроҷиат карда талаб кард, ки ба Ваҳан ҷазои сахттар дода шавад. Мувофиқи ақидаи вай дар асоси эътиқоди динӣ ва виҷдон аз хизмати ҳарбӣ даст кашидани Ваҳан «беасос ва хатарнок» мебошад. Суди аппелятсионӣ дархости прокурорро қонеъ гардонд ва қарор баровард, ки ҳукми аз озодӣ маҳрум шудани Ваҳан Баятян то ба 30 моҳ зиёд карда шавад.
Ваҳан барои аз нав дида баромадани ин қарор ба Суди Олии Арманистон муроҷиат намуд. Моҳи январи соли 2003 Суди Олӣ қарори пештар баровардаи судро дастгирӣ кард. Ваҳанро дарҳол ба ҳабсхона бурданд, то дар он ҷо мӯҳлати ба ӯ таъиншударо дар якҷоягӣ бо одамкушон, нашъафурӯшон ва таҷовузкорон адо кунад.
Воқеаҳои дар Суди Аврупо рӯйдода
Аз соли 2001 инҷониб Арманистон аъзои Шӯрои Аврупо мебошад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон ҳангоми аз тарафи ҳамаи мақомотҳои судӣ қонеъ накардани даъвояшон ҳуқуқ доранд, ки барои аз нав дида баромадани он ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат кунанд. Ваҳан низ аз ин ҳуқуқи худ истифода бурд. Дар даъвояш вай қайд кард, ки ҳабс намудани ӯ, бо сабаби рад намудани хизмати ҳарбӣ, моддаи 9–уми Созишномаи Аврупо доир ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро вайрон намудааст. Ваҳан хоҳиш менамуд, ки ҳуқуқи ӯ барои дар асоси виҷдон адо накардани хизмати ҳарбӣ мувофиқи ин модда ҳимоя карда шавад. Бояд қайд кард, ки пештар дида баромадани чунин масъалаҳо аз тарафи Суди Аврупо натиҷаи мусбӣ намеовард.
27 октябри соли 2009 Суди Аврупо қарори худро оиди он масъала баровард. Суд қарор кард, ки бо назардошти қарорҳои дар гузашта баровардааш моддаи 9–уми Созишномаи Аврупо, ки озодии виҷдонро кафолат медиҳад, ҳуқуқи шахсонеро, ки дар асоси виҷдонашон аз хизмати ҳарбӣ даст мекашанд, ҳимоя намекунад.
Дар ин ҳангом Ваҳан аллакай аз маҳбас озод шуд, оила барпо кард ва соҳиби писари хурде гашта буд. Ӯ аз ин қарори баровардаи суд рӯҳафтода шуд. Акнун ба Ваҳан лозим омад, ки қароре қабул кунад: аз даъво кардан тамоман даст кашад ё ба Палатаи Калони Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат кунад. Вай дуюмашро интихоб кард. Палатаи Калони Суди Аврупо танҳо ҳолатҳои махсусро дида мебарояд, аз ин рӯ вақте ки Суд ба дида баромадани кори Ваҳан розӣ шуд, ӯ аз ин хеле хурсанд буд.
Оқибат 7 июли соли 2011 Палатаи Калони Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар (Страсбург, Фаронса) қарори худро баровард. Бо таносуби аксарияти овозҳои судяҳо — 16 бар 1 қарор бароварда шуд, ки Арманистон дар ҳақиқат ҳуқуқи озодии виҷдони Ваҳан Баятянро поймол кардааст, зеро ӯро барои дар асоси виҷдон аз хизмати ҳарбӣ даст кашиданаш айбдор карда ба ҳабс гирифтанд. Ягона судяе, ки ин қарорро дастгирӣ накард, аз худи Арманистон буд.
Чаро ин қарори суд сазовори диққат аст? Зеро дар таърихи Суди Аврупо ин аввалин қарорест, ки аз рӯи он ҳуқуқи шахс барои дар асоси виҷдон аз хизмати ҳарбӣ даст кашидан мувофиқи моддаи 9–уми Созишнома пурра ҳимоя карда мешавад. Дар натиҷа суд аз озодӣ маҳрум кардани шахсонеро, ки дар асоси виҷдонашон аз хизмати ҳарбӣ даст мекашанд, поймолкунии ҳуқуқҳои асосии ҷомеаи демократӣ ҳисобид.
Суд оиди мавқеи Шоҳидони Яҳува чун шахсоне, ки дар асоси виҷдонашон аз хизмати ҳарбӣ даст мекашанд, чунин гуфт: «Дар ҳақиқат, сабаби аз хизмати ҳарбӣ даст кашидани арзкунанда — эътиқоди динии ӯ мебошад, ки бо ӯҳдадории дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардан тамоман зид аст ва суд барои ба ин шубҳа кардан сабаб надорад».
Муносибати ҳукуматдорон ба қарори суди Аврупо
Дар давоми зиёда аз бист сол дар Арманистон беш аз 450 нафар Шоҳидони Яҳува, ки аз сабаби виҷдонашон аз хизмати ҳарбӣ даст кашиданд, ба ҳабс гирифта шуда буданд. Ҳангоми омода шудани ин мақола 58 нафар ҷавонмардон дар ин мамлакат бо сабаби даст кашидан аз хизмати ҳарбӣ дар маҳбас буданд. Панҷ нафари онҳо баъди он ки Суди Аврупо даъвои «Баятян ба муқобили Арманистон»–ро дастгирӣ кард, аз озодӣ маҳрум шудандa. Вақте ки яке аз ин ҷавонон даъво кард, ки парвандаи ҷиноятии ӯ қатъ карда шавад, прокурори маҳаллӣ онро рад намуд. Дар ҷавоб прокурор қайд кард: «Қарори нисбати кори судии “Баятян ба муқобили Арманистон” (7 июли соли 2011) баровардаи Суди Аврупо дар ин ҳолат қобили корбурд нест, зеро ин ду вазъият аз ҳамдигар фарқ мекунад».
Чаро прокурор чунин ҷавоб дод? Ҳангоми айбдор шудани Ваҳан Баятян дар Арманистон хизмати алтернативии шаҳрвандӣ вуҷуд надошт. Ҳокимияти Арманистон мегӯяд, ки аз он вақт инҷониб дар қонун тағйиротҳо дароварда шуданд ва акнун шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ даст мекашанд, имконияти ба ҷо овардани хизмати алтернативии шаҳрвандиро доранд. Лекин бисёр шахсоне, ки хизмати ҳарбиро дар асоси виҷдонашон рад мекунанд, чунин намуди хизматро барои худ раво намеҳисобанд, чунки он зери назорати қувваҳои ҳарбӣ қарор дорад.
Ваҳан Баятян хурсанд аст, ки нисбати даъвои ӯ чунин қарори муҳиму таърихӣ бароварда шуд. Ҳоло ин қарор Арманистонро вазифадор мекунад, ки аз айбдор кардан ва ба ҳабс гирифтани шахсоне, ки аз сабаби ақидаҳои устувори диниашон хизмати ҳарбиро рад мекунанд, даст кашад.
Шоҳидони Яҳува мақсад надоранд, ки ба қонунҳои ин ё он давлат тағйироту иловаҳо дароранд. Лекин, чун дар мавриди Ваҳан Баятян, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар асоси қонунҳои давлаташон ҳуқуқҳои худро муҳофизат намоянд. Чаро? Зеро онҳо мехоҳанд, ки минбаъд низ сулҳҷӯёна зиндагӣ кунанд ва бе мамониат ба ҳама аҳкомҳои Пешвои худ, Исои Масеҳ, итоат намоянд.
[Эзоҳ]
a Ду нафари ин ҷавонон 7 июли соли 2011 айнан дар ҳамон рӯзе, ки Суди Аврупо қарор баровард, айбдор дониста шуданд.
[Тасвир дар саҳифаи 4]
Ваҳан Баятян дар назди маҳбаси Нубарашен (Арманистон)
[Тасвир дар саҳифаи 4]
Ваҳан Баятян бо адвокатҳои худ дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар (24 ноябри с. 2010)
[Тасвир дар саҳифаи 5]
Баятян бо ҳамсараш Совинар ва писараш Ваҳе