Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар Мактаби таълими мавъиза, ки дар ҳафтаи аз 28-уми феврали с. 2011 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Нозири мактаб муҳокимаи 20-дақиқаинаро, ки дар маълумоти барои ҳафтаҳои аз 3-юми январ то 28-уми феврали с. 2011 таъиншуда асос ёфтааст, мегузаронад.
1. Подшоҳ Ҳизқиё дар аввали ҳукмронияш кадом корро сар кард ва чӣ гуна мо имрӯз ба ӯ пайравӣ карда метавонем? (2 Вақ. 29:16–18) [w09 06/15а, сарх. 13]
2. Чӣ гуна 2 Вақоеънома 36:21 иҷрошавии пешгӯии Ирмиё 25:8–11-ро қайд мекунад? [w06-U 15.11, саҳ. 32, сарх. 1–4]
3. Чӣ гуна Эзро 3:1–6 тасдиқ мекунад, ки харобшавии 70-солаи Ерусалим сари вақт ба поён расид? [w06-U 15.1, саҳ. 19, сарх. 2]
4. Чаро вақте Эзро фаҳмид, ки халқи Исроил бо халқҳои бегона хонадор шуданд, ӯ моту мабҳут гашт, яъне ба даҳшат омад? (Эзро 9:1–3) [w06-U 15.1, саҳ. 20, сарх. 1]
5. Акобирон киҳо буданд ва аз кадом хислати ба онҳо хос мо бояд дурӣ ҷӯем? (Наҳ. 3:5) [w06-U 1.2, саҳ. 10, сарх.1]
6. Чӣ гуна Наҳемёи ҳоким барои нозирони масеҳӣ намунаи ибрат буда метавонад? (Наҳ. 5:14–19) [si-U саҳ. 100, сарх. 16]
7. Ба мо чӣ кор кардан лозим аст, то ки мисли исроилиёни рӯзҳои Наҳемё, ба «хонаи Худои» худ беэътибор набошем? (Наҳ. 10:32–39) [w98-U 15.10, саҳ. 21, 22, сарх. 12]
8. Бар тарзи ҳаёти Наҳемё мулоҳиза ронда, мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем? (Наҳ. 13:31) [w96-U 15.9, саҳ.17. сарх.3]
9. Оё Эстер бо шоҳ Аҳашверӯш алоқаи ҷинсии ғайриқонунӣ дошт? (Эстер 2:14–17) [w91-U 1.1, саҳ. 31, сарх. 6]
10. Чаро Мордахай ба Ҳомон саҷда намекард? (Эстер 3:2, 4) [w06-U 1.3, саҳ. 9, сарх. 5]