ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Ба омӯзандагон кумак кунед, ки ба вохӯриҳо оянд
Вохӯриҳо қисми муҳими ибодати мо мебошанд (Зб 22:22). Аҳли ҷамоат якҷоя Яҳуваро ибодат карда хурсандию баракат меёбанд (Зб 65:4). Одатан вақте омӯзандагон мунтазам ба ҷамъомад меоянд, тезтар пешравӣ мекунанд.
Чӣ тавр шумо ба омӯзандагон ёрдам карда метавонед, ки дар ҷамъомад иштирок кунанд? Доим онҳоро ба ҷамъомад таклиф кунед. Видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро нишон диҳед. Ба онҳо манфиати вохӯриҳоро фаҳмонед (lff дарси 10). Шумо метавонед дар бораи ягон фикре, ки дар ҷамъомад маъқул шуд ё дар бораи мавзуи вохӯрии навбатӣ гап занед. Ба омӯзандаатон адабиётеро, ки дар ҷамъомад мегузарем, диҳед ё дар барномаи JW Library тугмачаи «Вохӯриҳо»-ро нишон диҳед. Шояд, барои ба ҷамъомад рафтан ба онҳо кумак лозим бошад, аз ин рӯ кумаки худро пешкаш намоед. Ҳар як кӯшише, ки шумо барои ба ҷамъомад омадани омӯзанда мекунед, арзанда аст (1Қр 14:24, 25).
ВИДЕОНАВОРИ «БА ОМӮЗАНДАГОНИ ХУД КУМАК КУНЕД, КИ ДАР ВОХӮРИҲО ИШТИРОК КУНАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Нита аз кадом имконият истифода бурда Ҷейдро ба ҷамъомад таклиф кард?
Вақте омӯзанда ба ҷамъомад меояд, чаро мо хурсанд мешавем?
«Дар ҳақиқат, Худо дар миёни шумост»
Вақте Ҷейд якум бор ба вохӯрӣ омад, чӣ ҳис кард?