ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w24 декабр саҳ. 2-7
  • Муъҷизаи тақсими нон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Муъҷизаи тақсими нон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МУЪҶИЗАИ НОН
  • «МАЪНОИ МУЪҶИЗА»
  • МО АСОСАН БОЯД БА ЧӢ ДИҚҚАТ ДИҲЕМ?
  • Чӣ тавр ҳаёти абадиро соҳиб шавем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Аз васияти мардони бовафо ибрат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Аз чил рӯзи охири ҳаёти Исо дар замин мо чӣ меомӯзем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
w24 декабр саҳ. 2-7

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШӢ 48

СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

Муъҷизаи тақсими нон

«Ман нони ҳаёт ҳастам. Касе, ки назди ман ояд, ҳаргиз гушна намемонад» (ЮҲ. 6:35).

МАҚСАД

Воқеаеро аз боби 6-уми китоби Юҳанно омӯхта, мебинем, ки чӣ тавр Исо мардуми зиёдеро муъҷизавор бо нону моҳӣ сер кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем.

1. Нон дар замонҳои қадим чӣ аҳамият дошт?

ДАР замонҳои қадим нон яке аз хӯроквориҳои асосӣ буд (1 Мӯсо 14:18; Луқ. 4:4). Аз ин рӯ дар Китоби Муқаддас он ҳаммаънои калимаи хӯрок мебошад (3 Подш. 17:11, 12). Ду муъҷизаи машҳури Исо бо нон алоқаманданд (Мат. 16:9, 10). Яке аз онҳо дар боби шашуми китоби Юҳанно навишта шудааст. Биёед бо он шинос шуда, фикр кунем, ки аз ин воқеа чӣ дарсҳои ҳаётӣ мегирем.

2. Дар кадом маврид нони бисёр даркор шуд?

2 Баъд аз он ки шогирдони Исо мавъизаро тамом карданд, устодашон онҳоро дар қаиқе гирифта, ҳамроҳашон аз баҳри Ҷалил гузашт, то онҳо каме дам гиранд (Марқ. 6:7, 30–32; Луқ. 9:10). Онҳо дар Байт-Сайдо дар як ҷояки ороме нишастанд, вале дере нагузашта ҳазорон одам ба он ҷо расида, дар гирду атрофашон ҷамъ шуданд. Вале Исои меҳрубону дилсӯз ба онҳо беаҳамиятӣ накард. Ӯ вақт ҷудо карда, онҳоро дар бораи Подшоҳӣ таълим дод ва беморонро сиҳат кард. Рӯз бевақт шуда истода буд, аз ин рӯ шогирдон хавотир буданд, ки мардум чӣ мехӯрад. Баъзеяшон каме хӯрок доштанд, вале аксарашон барои хӯрокхарӣ бояд ба қишлоқҳои наздик мерафтанд (Мат. 14:15; Юҳ. 6:4, 5). Исо дар ин вазъият чӣ кор кард?

МУЪҶИЗАИ НОН

3. Чӣ тавр Исо мардумро бо хӯрок таъмин кард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

3 Исо ба расулонаш гуфт: «Ба рафтани онҳо ҳоҷат нест — шумо ба онҳо хӯрок диҳед» (Мат. 14:16). Вале он ҷо мардум хеле зиёд буд: агар фақат мардонро ҳисоб кунем, тақрибан 5000 нафар буд. Агар занону кӯдаконро ҳам ба назар гирем, эҳтимол, шумораи мардум 15 000 нафар буд (Мат. 14:21). Андриёс чунин гуфт: «Дар ин ҷо писарчае ҳаст, ки панҷ нони ҷавин ва ду моҳии хурд дорад. Лекин ин барои мардуми бисёр чӣ мешавад?» (Юҳ. 6:9). Нони ҷавинро одатан камбағалон мехӯрданд, моҳии хурд бошад, аз афташ, шӯраку хушк буд. Вале душвории асосӣ дар ин буд, ки ҳамаи ин барои хӯрондани ин қадар одам хеле кам буд.

Исо ба шогирдонаш нону моҳӣ медиҳад. Шогирдон бошанд, хӯрокро ба мардон, занон ва кӯдакони сершумор тақсим мекунанд.

Исо дар ҳаққи ниёзҳои рӯҳонию ҷисмонии одамон ғамхорӣ мекард (Ба сархати 3 нигаред.)


4. Мо аз Юҳанно 6:11–13 кадом дарсро гирифта метавонем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

4 Исо мардумро меҳмондорӣ карда, аз онҳо хоҳиш кард, ки гурӯҳ-гурӯҳ шуда, болои сабза нишинанд. (Марқ. 6:39, 40; Юҳанно 6:11–13-ро хонед.) Сипас ӯ барои нону моҳӣ ба Падараш шукргузорӣ намуд. Охир, маҳз Худо муъҷизавор ризқу рӯзиро дода буд. Мо низ аз Исо ибрат гирифта, хоҳ ҳамроҳи дигарон бошем, хоҳ танҳо пеш аз хӯрок дуо мегӯем. Вақте Исо хӯрокро тақсим карду одамон хӯрда сер шуданд, ӯ гуфт, ки бақияи ғизоро ҷамъ оранд. Исо намехост, ки хӯрок ҳайф шавад, чунки он дафъаи оянда даркор шуда метавонист. Мо дар ин маврид ҳам аз Исо як дарси муҳим мегирем: мо бояд дороиямонро боақлона истифода барем. Агар шумо волид бошед, ин воқеаро ҳамроҳи фарзандонатон омӯхта, дар ин бора фикр кунед: «Аз он дар бораи дуо, меҳмоннавозӣ ва дасткушодӣ чӣ дарс мегирем?»

Силсиларасм: Бародару хоҳарон пеш аз хӯрок дуо мегӯянд. 1. Хоҳари ҷавоне дар ошхонаи мактаб аст ва дар наздаш ҳамсинфонаш суҳбат доранд. 2. Бародаре, ки дар сохтмон кор мекунад, бо ҳамкоронаш дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ. 3. Падаре бо ҳамсару духтарчааш барои хӯрдани хӯроки шом ҷамъ омадаанд.

Аз худ пурсед: «Оё ман ҳам мисли Исо пеш аз хӯрок дуо мегӯям?» (Ба сархати 4 нигаред.)


5. Мардум муъҷизаи Исоро дида, чӣ кор кардан хостанд, вале Исо чӣ кор кард?

5 Мардум аз таълиму муъҷизаҳои Исо ҳайратзада буданд. Онҳо бо пешгӯйии Мӯсо шинос буданд. Ӯ гуфта буд, ки Худо пайғамбари бузургеро ба миён меорад (5 Мӯсо 18:15–18). Мумкин онҳо Исоро дида мегуфтанд: «Шояд, ӯ ҳамон пайғамбари ваъдашуда бошад?» Боз, аз афташ, онҳо ба чунин хулоса омаданд: «Исо ҳокими зӯр мешавад, ӯ метавонад тамоми халқро бо нон таъмин кунад». Аз ин рӯ мардум дар пайи он шуд, ки Исоро маҷбуран подшоҳ кунад (Юҳ. 6:14, 15). Агар Исо ба ин роҳ медод, ба сиёсати яҳудиён, ки зердастони румиён буданд, қӯш мешуд. Вале ӯ чунин накард. Ӯ аз мардум дур шуда, танҳо ба кӯҳ баромад. Исо ба фишори дигарон тоб оварда, ба сиёсат даст назад. Ин дарси муҳимест барои мо.

6. Аз кадом ҷиҳат ба Исо пайравӣ кардан мехоҳем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Албатта, ҳеҷ кас аз мо хоҳиш намекунад, ки муъҷизавор нонро зиёд кунем ё ки беморонро шифо диҳем. Ҳеҷ кас моро подшоҳ ё ҳокими мамлакате таъйин карданӣ намешавад. Вале моро ташвиқ карда метавонанд, ки ба сиёсат дахолат кунем. Масалан, шояд, ба мо гӯянд, ки дар интихобот иштирок кунем ё касеро, ки ба назари одамон ҳокими зӯр шуда метавонад, тарафдорӣ намоем. Вале Исо худро як зарра ҳам бо корҳои сиёсии ин ҷаҳон олуда намесохт. Ӯ баъдтар чунин гуфт: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳ. 17:14; 18:36). Ҳар як масеҳӣ имрӯз бояд рафтору фикрронии Исоро дошта бошад. Мо тарафдорон, шоҳидон ва дуогӯёни Подшоҳии Худо мебошем (Мат. 6:10). Биёед ба ҳамон муъҷизаи Исо баргашта, бинем, ки аз он боз кадом дарсҳоро омӯхта метавонем.

Понтиюс Пилотус ба Исо савол медиҳаду ду сарбози румӣ Исоро посбонӣ мекунанд.

Исо ба сиёсати яҳудиён ё румиён дахолат накарда, ба пайравонаш намуна гузошт (Ба сархати 6 нигаред.)


«МАЪНОИ МУЪҶИЗА»

7. Исо чӣ кор кард ва ин ба шогирдон чӣ хел таъсир кард? (Юҳанно 6:16–20).

7 Баъд аз сер кардани мардум Исо ба расулонаш мегӯяд, ки ба қаиқ савор шуда, сӯйи Кафарнаҳум раванд. Худаш бошад, аз мардум, ки мехостанд ӯро подшоҳ таъйин кунанд, дар кӯҳ паноҳ меҷӯяд. (Юҳанно 6:16–20-ро хонед.) Вақте расулон дар даруни қаиқ буданд, дар баҳр тундбоди сахту шадиде ба амал меояд. Ҳамин вақт Исо рӯ-рӯйи об роҳ рафта, сӯйи онҳо омадан мегирад. Ӯ Петруси расулро низ даъват мекунад, ки рӯйи об роҳ равад (Мат. 14:22–31). Исо ба даруни қаиқ мерасаду шамоли сахт хомӯш мешавад. Шогирдони ҳайратзадааш мегӯянд: «Дар ҳақиқат, ту Писари Худо ҳастӣ»a (Мат. 14:33). Онҳо ба чунин хулоса танҳо баъд аз шамоли баҳрро хомӯш кардани Исо меоянд, на вақти нонро зиёд карданаш. Марқус дар бораи шогирдон мегӯяд: «Шогирдон сахт ҳайрон шуданд, зеро то ҳол ба маънои муъҷизае, ки ӯ бо нон кард, сарфаҳм нарафта буданд ва дилҳояшон то ҳол барои фаҳмидан маҳкам буд» (Марқ. 6:50–52). Онҳо ҳанӯз то охир намефаҳмиданд, ки Яҳува барои муъҷизакорӣ ба Исо чӣ қадар қудрат ато кардааст. Чанде пас бошад, Исо худаш масъалаи муъҷизаи нонро бардошта, моро дарсе меомӯзонад.

8, 9. Чаро мардум аз пайи Исо рафтанд? (Юҳанно 6:26, 27).

8 Мардуме, ки муъҷизавор сер шуда буд, пагоҳи он рӯз пай бурданд, ки Исову расулонаш рафтаанд. Аз ин рӯ онҳо ба қаиқҳое, ки аз Табария омада буданд, савор шуда, сӯйи Кафарнаҳум, ба суроғи Исо равона шуданд (Юҳ. 6:22–24). Оё мақсади онҳо дар бораи Подшоҳӣ бештар фаҳмидан буд? Не. Онҳо дар ҷустуҷӯйи хӯроки маънавӣ не, балки нони аслӣ буданд. Чаро мо бовар дорем, ки ҳушу ёди онҳо асосан ба ниёзҳои ҷисмонияшон буд?

9 Оқибат мардум назди Кафарнаҳум ба Исо расида мегиранд. Исо ба мардум рӯирост мегӯяд, ки онҳо асосан дар пайи қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмонияшон ҳастанд. Исо мегӯяд, ки барои чӣ онҳо ба суроғаш баромаданд: «Барои он ки нон хӯрдед ва сер шудед». Ӯ онҳоро ташвиқ мекунад, ки «на барои хӯроки фонӣ, балки барои хӯроки ҷовидонӣ меҳнат» кунанд, «ки ҳаёти абадӣ мебахшад». (Юҳанно 6:26, 27-ро хонед.) Ба гуфти Исо фақат Падараш чунин хӯрокро дода метавонад. «Чӣ хел хӯрок ба одам ҳаёти ҷовидонӣ бахшида метавонад?» — шояд, аз дил мегузаронанд мардум. Он чӣ гуна хӯрок аст ва шунавандагони Исо чӣ тавр онро дастрас карда метавонанд?

10. Барои «соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ» шудан шахс бояд чӣ кор кунад?

10 Аз афташ, он яҳудиён фикр карданд, ки барои чунин хӯрокро соҳиб шудан бояд ягон хел расму оин ё қоидаҳоро ба ҷо оранд, масалан, ягон қонуни Шариати Мӯсоро. Вале Исо ба онҳо гуфт: «Агар ба фиристодааш имон дошта бошед, ба Худо писанд меоед» (Юҳ. 6:28, 29). Барои «соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ» шудан одам бояд ба намояндаи Худо имон орад. Исо чанде пеш дар бораи он ки чӣ тавр ҳаёти ҷовидониро ба даст овардан мумкин аст, каме гуфта буд (Юҳ. 3:16–18). Баъдтар ҳам дар ин бора маълумоти бештар дод (Юҳ. 17:3).

11. Аз чӣ маълум буд, ки яҳудиён ҳанӯз дар ғами шикам буданд? (Забур 78:24, 25).

11 Вале он яҳудиён нахостанд намояндаи Худо, яъне Исоро, қабул кунанд. Онҳо ӯро пурсиданд: «Чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки онро дида ба ту бовар кунем?» (Юҳ. 6:30). Сипас онҳо гуфтанд, ки дар рӯзҳои Мӯсо аҷдодонашон маннро мегирифтанд, ки мисли нон буд. (Наҳемё 9:15; Юҳ. 6:31; Забур 78:24, 25-ро хонед.) Маълум аст, ки онҳо ҳанӯз дар ғами шикаму дар фикри нони аслӣ буданд. Вақте Исо дар бораи «нони ҳақиқӣ», нони осмонӣ, гап зад, ки ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад, онҳо Исоро тагпурсӣ накарданд (Юҳ. 6:32). Ҳушу ёди онҳо ба ниёзҳои ҷисмонияшон чунон банд буд, ки пандҳои илоҳиеро, ки Исо таълимашон медод, нашуниданд. Мо аз ин воқеа чиро меомӯзем?

МО АСОСАН БОЯД БА ЧӢ ДИҚҚАТ ДИҲЕМ?

12. Аз рӯйи гапи Исо диққати асосии мо бояд ба чӣ бошад?

12 Аз боби шашуми китоби Юҳанно мо як дарси муҳим мегирем. Диққати асосии мо бояд ба ниёзҳои рӯҳониямон бошад, на ба ниёзҳои ҷисмонӣ. Вақти рад кардани васвасаи Шайтон Исо ҳамин фикрро таъкид намуд (Мат. 4:3, 4). Дар Суханронии болои кӯҳ бошад, ӯ гуфт, ки мо бояд раҳнамоии Худоро ҷӯему аз ниёзҳои рӯҳониямон огоҳ бошем (Мат. 5:3). Биёед аз худ пурсем: «Оё аз зиндагии ман маълум аст, ки ман дӯстӣ бо Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонам, на ниёзҳои ҷисмониро?»

13. а) Чаро аз хӯрок лаззат бурдан дурусту равост? б) Ба кадом огоҳӣ бояд диққат диҳем? (1 Қӯринтиён 10:6, 7, 11).

13 Дар бораи ниёзҳои ҷисмониямон дуо гуфтану онҳоро қонеъ кардан дурусту равост (Луқ. 11: 3). Хӯрдану нӯшидан ва аз меҳнати худ лаззат бурдан ба мо шодӣ мебахшанд. Ҳамаи инҳо атои Худоянд (Пандгӯ 2:24; 8:15; Яъқ. 1:17). Вале чизҳои моддӣ набояд дар ҷойи аввали ҳаётамон истанд. Павлуси расул дар як номааш ба масеҳиён ҳамин насиҳатро дод. Ӯ аз таърихи Исроил воқеаеро, ки назди кӯҳи Сино рӯй дода буд, мисол оварда, масеҳиёнро огоҳ кард, ки мисли исроилиён «чизҳои бадро орзу» накунанд. (1 Қӯринтиён 10:6, 7, 11-ро хонед.) Яҳува бо роҳи муъҷиза ба исроилиён хӯрок ато карда буд, лекин ба сабаби баднафсияшон ин атои Яҳува ба онҳо зарар овард (4 Мӯсо 11:4–6, 31–34). Ҳангоми парастидани гӯсолаи тиллоӣ исроилиён саргарми хӯрдан, нӯшидан ва вақтхушӣ кардан шуда, меъёрҳои Яҳуваро пушти по заданд (2 Мӯсо 32:4–6). Павлус ин воқеаро барои огоҳии масеҳиёне мисол овард, ки дар замони наздик ба анҷом мезистанд — мо медонем, ки соли 70-ум Ерусалим ва ибодатгоҳаш вайрон шуд. Мо низ дар замони наздик ба анҷом зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ бояд маслиҳати Павлусро ба гӯшамон ҳалқа кунем.

14. Китоби Муқаддас дар бораи хӯрду хӯрок дар дунёи нав чӣ мегӯяд?

14 Дар бораи «ризқу рӯзии имрӯза» гап зада, Исо дар бораи замоне сухан гуфт, ки хости Худо «дар замин чун дар осмон иҷро» мегардад (Мат. 6:9–11). Шумо ин замонро чӣ гуна тасаввур мекунед? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар ин замон дар қатори дигар баракатҳо хӯроки хуб фаровон мешавад. Мувофиқи пешгӯйии Ишаъё 25:6–8 зери ҳукмронии Подшоҳии Яҳува хӯроки аълосифат ба ҳама дастрас мегардад. Дар Забур 72:16 гуфта мешавад: «Дар рӯйи замин ғалла фаровон мешавад, он то ба қуллаи кӯҳҳо паҳн мегардад». Оё дар он замон шумо аз ғалла нони маъқулатонро мепазед? Ё мехоҳед эҷодкорӣ карда, чизҳои нав пухтупаз кунед? Боз шумо метавонед токҳо шинонда, аз ҳосилашон лаззат баред (Иш. 65:21, 22). Тамоми одамон соҳиби чунин баракатҳо мешаванд.

15. Касоне, ки зинда мешаванд, чӣ гуна таълим мегиранд? (Юҳанно 6:35).

15 Юҳанно 6:35-ро хонед. Онҳоеро, ки аз нону моҳии Исо хӯрданд, дар оянда чӣ интизор аст? Ҳарчанд онҳо ба Исо имон наоварда буданд, шояд, баъзеяшон дар дунёи нав зинда шаванд (Юҳ. 5:28, 29). Он гоҳ ба онҳо лозим меояд, ки ба маънои он суханони Исо сарфаҳм раванд: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Касе, ки назди ман ояд, ҳаргиз гушна намемонад». Барои ин онҳо бояд ба қурбонии Исо имон инкишоф диҳанд ва дарк намоянд, ки ӯ барои онҳо ҷонашро фидо карда буд. Дар он замон барои зиндашудагон ва кӯдаконе, ки дар дунёи нав таваллуд мешаванд, барномаи таълимии рӯҳонӣ ташкил карда мешавад. Иштирок дар чунин барнома бароятон шодибахш мешавад. Ин аз хӯрдани нони аслӣ дида ба шумо лаззати бештар меорад. Дар оянда мағзи зиндагонии мо чизҳои рӯҳонӣ мешавад.

16. Дар мақолаи навбатӣ гап дар бораи чӣ меравад?

16 Мо аз боби шашуми китоби Юҳанно якчанд фикрро фаҳмидем. Вале Исо дар бораи «ҳаёти ҷовидонӣ» дарсҳои бештаре таълим додааст. Онҳо ҳам барои яҳудиёни он замон арзишманд буданд, ҳам барои мо. Биёед дар мақолаи навбатӣ омӯзиши боби шашуми китоби Юҳанноро давом дода, якчанд сабақи дигар гирем.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Исо пеш аз тақсим кардани моҳию нон чӣ кор кард ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?

  • Вақте одамон хостанд Исоро подшоҳ таъйин кунанд, ӯ чӣ кор кард ва мо аз ӯ чӣ ибрат мегирем?

  • Мо аз маслиҳати 1 Қӯринтиён 10:6, 7, 11 чӣ меомӯзем?

СУРУДИ 148 Ту Писари азизатро қурбон кардӣ

a Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи ин воқеаи ҷолиб ба китоби «Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт» саҳ. 131 ва китоби «Ба имони онҳо пайравӣ кунед» саҳ. 185, 186 (рус.) нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан