МАҚОЛАИ ОМӮЗИШӢ 51
СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо
Ашкҳои ту барои Яҳува пурқиматанд
«Ашкҳоямро дар машки худ ҷамъ ор. Магар онҳо дар дафтарат навишта нашудаанд?» (ЗАБ. 56:8).
МАҚСАД
Дар ин мақола мо мебинем, ки Яҳува Худои дардфаҳму тасаллибахши мост.
1, 2. Дар кадом ҳолатҳо мо ашк мерезем?
ГОҲ-ГОҲ ҳар яки мо ашк мерезем. Баъзан дар лаҳзаҳои нотакрори зиндагиямон мо оби дида мерезем. Масалан, вақте фарзандамон ба дунё меояд, хотираи ширинеро ба ёд меорем ё вақте ба дидори дӯсте мерасем, ки солҳои зиёд ӯро надидаем.
2 Вале аксар вақт мо аз дарди дил гиря мекунем. Масалан, вақте касе моро дилмонда мекунад, вақте бемории куҳнае доманамонро сар намедиҳад ё ягон одами азизамон ба хоби марг меравад. Дар чунин вазъиятҳо ҳолати мо ба ҳолати пайғамбар Ирмиё монанд аст. Вақте ки Ерусалим ба дасти бобилиён афтод, Ирмиё чунин гуфт: «Аз дидагонам дарёи ашк мерезад. Чашмонам ашкбор аст, беист мегирям» (Нолаҳо 3:48, 49).
3. Вақте Яҳува дарду азоби хизматгоронашро мебинад, чӣ ҳис мекунад? (Ишаъё 63:9).
3 Яҳува медонад, ки дар ҳолатҳои тангӣ мо чӣ қадар ашк рехтаем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ аз дарди хизматгорони содиқаш огоҳ аст ва илтиҷоҳои онҳоро мешунавад (Заб. 34:15). Вале Яҳува на фақат фиғони моро мешунаваду азоби моро мебинад. Ӯ Падари дилсӯзест, ки гиряи фарзандашро шунида, ба ёрдамаш мешитобад. (Ишаъё 63:9-ро хонед.)
4. Аз саргузашти баъзе қаҳрамонони Китоби Муқаддас мо дар бораи фикрронии Яҳува чиро мефаҳмем?
4 Яҳува дар Каломаш ошкор месозад, ки ашкҳои хизматгоронашро дида, чӣ кор кард. Биёед мисоли Ҳанно, Довуд ва шоҳ Ҳизқиёро дида бароем. Чаро онҳо ашк рехтанд? Чӣ тавр Яҳува ба додашон расид? Вақте мо аз ғам, хиёнат ё ноумедӣ ашк мерезем, мисоли онҳо чӣ тавр моро тасаллӣ мебахшад?
АШКҲОИ ҒАМ
5. Мушкилии Ҳанно чӣ буд ва ӯ аз он чӣ ҳис мекард?
5 Ҳанно барои ашкрезӣ сабабҳои зиёде дошт. Як сабабаш дузанагии шавҳараш буд. Зани дигари шӯяш, Фанинно, ӯро чашми дидан надошт. «Болои сӯхта намакоб», Ҳанно бефарзанд буд, Фанинно бошад, якчанд фарзанд дошт (1 Подш. 1:1, 2). Фанинно Ҳанноро барои бефарзандияш беист таъна мезад. Шумо ба ҷойи Ҳанно мебудед, чӣ ҳис мекардед? Ҳамаи ин Ҳаннои бечораро сахт ғамгин месохт ва «ӯ гиря мекард ва чизе намехӯрд» (1 Подш. 1:6, 7, 10).
6. Ҳанно чӣ тавр тасаллӣ пайдо кард?
6 Чӣ тавр Ҳанно тасаллӣ пайдо кард? Аввал ин ки ӯ ба маркази парастиши пок, ба хаймаи муқаддас, рафт. Дар он ҷо, эҳтимол, назди даромадгоҳи саҳни хайма Ҳанно «ба Яҳува дуо гуфта, зор-зор» гиристан гирифт. Ӯ аз Яҳува илтиҷо намуд, ки ба азоби канизаш диққат диҳаду ӯро ба хотир орад (1 Подш. 1:10б, 11). Ҳанно дарди дилашро дар дуо ба Яҳува холӣ намуд. Дарду ашки духтари азизашро дида, дили Яҳува, бешак, об шуд.
7. Дилашро ба Яҳува холӣ карда, Ҳанно чӣ тавр тасаллӣ пайдо кард?
7 Баъд аз он ки Ҳанно дилашро дар дуо ба Яҳува холӣ кард ва ваъдаи неки саркоҳин Элиро шунид, чӣ рӯй дод? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Пас аз ин вай бо роҳи худ рафт. Ӯ хӯрок хӯрд ва рӯяш дигар ғамгин набуд» (1 Подш. 1:17, 18). Вазъияти ғамноки Ҳанно ҳанӯз дигар нашуда, ӯ сабукӣ ҳис кард. Ӯ бори миёншикани ғамашро ба Яҳува партофт. Яҳува дардашро дид, фиғонашро шунид ва баъдтар ба ӯ фарзанд ато кард (1 Подш. 1:19, 20; 2:21).
8, 9. Мувофиқи Ибриён 10:24, 25 чаро мо бояд пайваста ба ҷамъомадҳо равем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Дарс барои мо. Оё бар сари шумо нохушие омадаасту аз ин ашки сӯзон мерезед? Шояд, шумо аз он дилшикастаед, ки ягон узви оила ё дӯстатон аз дунё гузаштааст. Табиист, ки дар чунин вазъият инсон мехоҳад танҳо бошад. Вале ҳамон тавре ки Ҳаннои ғамзада тасаллиро дар хаймаи муқаддас пайдо кард, шумо ҳам, ҳатто агар беҳол бошед, ба ҷамъомадҳо рафта, қувват меёбед. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Дар вохӯриҳо ба оятҳои тасаллибахши Калом гӯш дода, ҷойи фикрҳои ғамоварро фикрҳои оромбахш мегиранд. Ҳамин тавр вазъият дарҳол ҳам беҳтар нашавад, шумо устуворӣ пайдо мекунеду тӯфони ғам чапаатон намекунад.
9 Дар вохӯриҳо мо ҳамчунин бо ҳамдинони ҳамдарду дилсӯзамон суҳбат мекунем. Бо бародару хоҳарони пурмеҳру дилбардор гап зада, қоматамон каме рост мешавад (1 Тас. 5:11, 14). Як пешрави махсус, ки занаш аз дунё гузашта буд, саргузашташро ба ёд оварда мегӯяд: «Ман то имрӯз ашк мерезам. Баъзан дар кунҷаке нишаста, гиряро сар медиҳам. Вале ҷамъомадҳо доим ғамамро мебароранд. Суханони пурмуҳаббати бародару хоҳаронам диламро таскин мебахшанд. Ҳар қадаре андуҳгин ё бесаранҷом набошам, баъди вохӯриҳо ҳолам ҳамеша беҳтар аст». Вақте ба ҷамъомадҳо меравем, Яҳува бо ёрии бародару хоҳарон моро қувват мебахшад.
Суханони пурмуҳаббати ҳамдинон диламонро таскин мебахшанд (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)
10. Вақте захме дар дил дорем, чӣ тавр аз Ҳанно ибрат гирифта метавонем?
10 Ҳанно дилашро ба Яҳува холӣ карда, тасаллӣ пайдо кард. Шумо низ метавонед бори дилатонро ба Яҳува партоеду дилпур бошед, ки ӯ оҳатонро мешунавад (1 Пет. 5:7). Хоҳаре, ки шавҳарашро ғоратгарони силоҳбадаст кушта буданд, мегӯяд: «Ин фалокат диламро ҳазор пора кард. Бовар доштам, ки захмам даво надорад. Вале сӯйи Падари осмонии пурмеҳрам дасти дуо бардошта, оромию тасаллӣ ёфтам. Баъзан дардамро бо гап баён карда наметавонистам, вале ӯ маро мефаҳмид. Вақте болупаршикаста будам, осудагӣ мепурсидам. Баъд аз дуо гуфтан вуҷудамро оромӣ пур мекарду ман қуввати тоза меёфтам». Вақте алами дилатонро дар дуо ба Яҳува мегӯед, дилпур бошед, ки ӯ ашкҳоятонро дида дилаш ба шумо месӯзад ва дарду ғаматонро мефаҳмад. Сабаби ғамгиниятон яктарафа нашавад ҳам, Яҳува сӯзиши дилатонро паст карда, ба шумо тасаллӣ мебахшад (Заб. 94:19; Флп. 4:6, 7). Ҳамчунин барои оҳанвор истодагӣ карданатон ӯ шуморо баракат медиҳад (Ибр. 11:6).
АШКРЕЗӢ АЗ ХИЁНАТКОРИИ ДИГАРОН
11. Чӣ ғаму дарде аз сари Довуд мегузашт?
11 Тӯли умраш Довуд борҳо аз вазъиятҳои ғамовар ашк рехта буд. Ӯ озору душманиро аз сар гузаронда буд ва ҳатто хиёнати наздиконашро дида буд (1 Подш. 19:10, 11; 2 Подш. 15:10–14, 30). Боре ӯ чунин навишт: «Аз оҳу воҳ хаста шудаам, тамоми шаб бистарамро оғуштаи ашк мегардонам ва болинамро ғарқи гиряҳо месозам». Сабаби дарди Довуд дар чӣ буд? Ба гуфти худаш ҳамааш «аз ҷабри душманон» буд (Заб. 6:6, 7). Рафтори баъзе одамон ба ӯ чунон сахт мерасид, ки аз чашмонаш об дарё барин равон мешуд.
12. Мувофиқи Забур 56:8 Довуд аз чӣ дилпур буд?
12 Ҳарчанд Довуд бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуд, ӯ дилпур буд, ки Яҳува дӯсташ медорад. Довуд чунин навишт: «Яҳува нолаҳои маро мешунавад» (Заб. 6:8). Суханони ӯ дар Забур 56:8 умқи меҳру дилсӯзии Яҳуваро ошкор месозанд. (Оятро хонед.) Довуд Худояш Яҳуваро чунон ғамхору мушфиқ тасвир мекунад, ки гӯё ӯ ашкҳояшро дар зарфе ҷамъ мекунад ё дар китобе менависад. Довуд дилпур буд, ки Яҳува ҳар як ғаму дард, ҳар як оҳашро дидааст ва онро дар ёд дорад. Довуд медонист, ки Падари осмонии дилсӯзаш на фақат аз мушкилияш огоҳ аст, балки аз дарде, ки он бо худ меовард.
13. Вақте дигарон ба мо хиёнат мекунанд, мо аз чӣ тасаллӣ ёфта метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Дарс барои мо. Оё шумо аз рафтори ягон кас, масалан, аз бевафоии ӯ ғамгинед? Шояд, мулоқотатон яку якбора бас шуд ё ҳамсаратон ба шумо хиёнат кард. Ё мумкин шахси наздикатон аз Яҳува рӯ гардонд. Чунин вазъиятҳо дарди зиёд меоранд. Зани як бародаре ба вай хиёнат карду ӯро тарк намуд. Бародарамон мегӯяд: «Ҳуш аз сарам парида буд, боварам намеомад, дилам пур аз аламу ғазаб буд. Дар назари худ беқадр метофтам». Агар касе бо хиёнат ё бо дигар рафтораш дилатонро захмдор карда бошад, дилпур бошед, ки Яҳува шуморо ҳеҷ гоҳ тарк намекунад. Бародарамон чунин мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки риштаи дӯстии одамон канда шуда метавонад, лекин Яҳува Кӯҳпораи мост. Чизе ки нашавад, ӯ аз барамон намеравад. Яҳува ҳаргиз аз хизматгорони бовафояш рӯ намегардонад» (Заб. 37:28). Фаромӯш насозед, ки муҳаббати одамон ҳадду андоза дорад, меҳри Яҳува бошад, баҳри бетагу беканор аст (Рум. 8:38, 39). Хиёнати наздикон талху дардовар аст. Вале инсон чи тавре рафтор накунад, муҳаббати Падари осмониямон ба мо заррае кам намешавад — ӯ ҳамеша моро дӯст медорад.
Суханони Забур моро дилпур месозанд, ки Яҳува ба дилшикастагон наздик аст (Ба сархати 13 нигаред.)
14. Забур 34:18 моро ба чӣ дилпур месозад?
14 Вақте бар сарамон санги хиёнат мезананд, мо аз суханони Довуд дар Забур 34:18 тасаллӣ ёфта метавонем. (Оятро хонед.) Мувофиқи шарҳи як маълумотнома калимаи «рӯҳафтодагон» касонеро дар назар дошта метавонад, ки «дар зиндагӣ умеде надоранд». Яҳува ба касоне, ки чароғи умедашон хомӯш шудааст, чӣ тавр ёрӣ мерасонад? Яҳува ба хизматгорони ғамбемораш, ки заҳри хиёнатро чашидаанд, наздик аст. Ӯ онҳоро мисли фарзандаш ба даст гирифта, тасаллӣ медиҳад. Ӯ дили шикастаи моро пайваст карда, рӯҳи афтодаамонро мебардорад. Ҳамчунин ваъдаҳои умедбахши ӯ ба мо қуввату истодагӣ медиҳанд (Иш. 65:17).
АШКҲОИ НОУМЕДӢ
15. Ҳизқиё аз кадом сабаб нола мекард?
15 Дар синни 39-солагӣ подшоҳи Яҳудо Ҳизқиё бемор шуд. Пайғамбар Ишаъё хабари Яҳуваро ба Ҳизқиё расонда, ба ӯ гуфт, ки ин беморияш марговар аст (4 Подш. 20:1). Ба назар чунин мерасад, ки барои Ҳизқиё умеде набуд. Аз ин хабар дилреш гашта, ӯ нолаҳои зор кард. Ӯ ба Яҳува дуои пурсӯзу гудоз гуфт (4 Подш. 20:2, 3).
16. Яҳува ба илтиҷои Ҳизқиё чӣ тавр ҷавоб дод?
16 Дили Яҳува ба ашкҳои Ҳизқиё сӯхту ба вай чунин ҷавоб фиристод: «Ман дуои туро шунидам ва оби дидаатро дидам. Инак, ман туро шифо медиҳам». Ба воситаи Ишаъё Яҳува ваъда дод, ки умри Ҳизқиёро дароз мекунаду Ерусалимро аз дасти ошуриён халос мекунад (4 Подш. 20:4–6).
17. Вақте гирифтори бемории ҷиддием, Яҳува чӣ тавр ба мо қувват мебахшад? (Забур 41: 3). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Дарс барои мо. Оё шумо бемореду умеди беҳбудиро намебинед? Ба Яҳува дуо гӯед, ҳатто зориву нола кунед. Китоби Муқаддас моро дилпур месозад, ки «Сарчашмаи раҳму шафқат ва Худои ҳар тасалло» моро дар ҳама азобҳоямон тасаллӣ мебахшад (2 Қӯр. 1:3, 4). Мо медонем, ки имрӯз Яҳува ба мо сиҳатии комил намебахшад. Вале ҳамзамон дарк мекунем, ки ӯ қувватбахшу такягоҳи мост. (Забур 41:3-ро хонед.) Бо ёрии рӯҳи муқаддасаш Яҳува ба мо қувват, хирад ва осоиштагӣ дода, моро ба беморӣ тобовар месозад (Пнм. 18:14; Флп. 4:13). Ӯ ҳамчунин бо як ваъдааш моро қувват мебахшад: ӯ пешгӯйӣ кардааст, ки ба наздикӣ тамоми бемориҳоро нест мекунад (Иш. 33:24).
Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб дода, ба мо қувват, хирад ва осоиштагӣ мебахшад (Ба сархати 17 нигаред.)
18. Кадом оят дар вазъиятҳои сахти зиндагиятон ба шумо умед мебахшад? (Ба чорчӯбаи «Оятҳои ғамбарор» нигаред.)
18 Суханони Яҳува ба Ҳизқиё тасаллӣ бахшиданд. Мо ҳам аз Каломи Худо тасаллӣ ёфта метавонем. Яҳува дар Каломаш суханони дилбардореро ҷо додааст, ки вақти сахтиҳо ғами моро мебароранд (Рум. 15:4). Хоҳаре дар Африқои Ғарбӣ фаҳмид, ки гирифтори бемории саратон аст. Ӯ тез-тез гиря мекард. Хоҳарамон мегӯяд: «Хониши Ишаъё 26:3 ба ман доим оромӣ мебахшид. Халос шудан аз озмоишҳоямон ҳама вақт дар дасти мо нест, вале ин оят маро дилпур месозад, ки Яҳува дар озмоишҳо оромиву устуворӣ бахшида метавонад». Оё шумо оятеро медонед, ки бароятон дар сахтиҳову ноумедиҳо нури умед бахшад?
19. Моро чӣ ояндае интизор аст?
19 Азбаски мо дар поёни рӯзҳои охир зиндагӣ дорем, ҳолатҳои ғамовар зиёд мешаванду кам не. Вале чуноне ки аз саргузашти Ҳанно, Довуд ва подшоҳ Ҳизқиё фаҳмидем, Яҳува ашкҳои моро мебинад ва дилаш ба мо месӯзад. Оби дидаи мо барои ӯ пурқимат аст. Вақте дарду нохушиҳо ба сарамон меоянд, биёед ғами диламонро ба Яҳува гӯем. Биёед дар чунин ҳолатҳо худро аз бародару хоҳарон дур нагирем. Биёед аз суханони тасаллибахши Калом қувват пайдо кунем. Мо дилпурем, ки, агар содиқу вафодор монем ва то охир сабр кунем, Яҳува моро мукофот медиҳад. Дар дунёи нави ӯ аз ғам, хиёнат ва ноумедӣ ному нишон намемонад (Ошкор. 21:4). Он вақт мо фақат ашки шодӣ мерезем.
СУРУДИ 22 Яҳува Чӯпони ман аст