ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 сентябр саҳ. 31
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Маводи монанд
  • Шарҳи мухтасари Шоҳсуруд
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Яҳува хастаро қувват мебахшад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
  • «Ҳеҷ яке аз шумо ҳалок намегардед»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 сентябр саҳ. 31

Саволҳои хонандагон

Дар Панднома 30:18, 19 гуфта мешавад, ки «роҳи мард сӯйи ҷавондухтар» ба ақли кас намеғунҷад. Ин чӣ маъно дорад?

Бисёр одамон, аз ҷумла баъзе олимон сари маънои ин оятҳо майна об мекарданд. Порчаи пуррааш дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» чунин садо медиҳад: «Се чизе ҳаст, ки аз ақли ман берун аст, ва чор чизе, ки ба он сарфаҳм намеравам: роҳи уқоб дар осмон, роҳи мор бар кӯҳпора, роҳи киштӣ дар баҳр ва роҳи мард сӯйи ҷавондухтар» (Пнм. 30:18, 19).

Пеш мо ибораи «роҳи мард сӯйи ҷавондухтар»-ро ба маънои манфӣ мефаҳмидем. Барои чӣ? Чунки оятҳои болояш дар бораи чизҳое гап мезананд, ки сериро намедонанд ва бас намегӯянд (Пнм. 30:15, 16). Дар ояти поёнаш бошад, ояти 20, дар бораи «зани зинокор»-е гуфта мешавад, ки чунин мегӯяд: «Ман ягон кори бад накардам». Мо гумон мекардем, ки ҳамон тавре ки уқоб дар осмон парвоз мекунад, мор бар кӯҳпора мехазад ва киштӣ дар баҳр шино карда паю нишоне намемонанд, мард низ ҳангоми муомила бо ҷавондухтар бо эҳтиёту маккорӣ амал мекунад. Аз ин рӯ мо ибораи «роҳи мард сӯйи ҷавондухтар»-ро чунин мефаҳмидем: «Ҷавонмарди маккор ҷавондухтари содаро ба доми худ меафтонад ва ӯ аз ин хабар намешавад».

Аммо назари дақиқтар ба ин оят маълум месозад, ки он маънои мусбат дорад. Нависандаи ин суханон чанд чизеро номбар мекунад, ки зебову ҳайратангезанд.

Таҳлили ин оят ба забони асл, яъне забони ибрӣ, ин фикрро тасдиқ мекунад. Мувофиқи як фарҳанг калимаи ибрие, ки ин ҷо «аз ақл берун» тарҷума шудааст, «рӯйдоди ғайриодиеро тасвир мекунад, ки ба назари кас фавқулода, ғайриимкон ва зебову ҳайратангез метобад» («Theological Lexicon of the Old Testament»).

Профессори донишгоҳи Ҳарвард (ИМА) Кроуфорд Той низ хулоса мекунад, ки дар ин порча гап сари ягон чизи манфӣ намеравад. Ӯ мегӯяд: «Дар ин оят чизҳои аҷоиб номбар шудаанд».

Пас, гуфтан мумкин аст, ки дар Панднома 30:18, 19 чизҳое ном бурда мешаванд, ки зебову ҳайратангез ва аз ақли одам берунанд. Мо ҳам бо ин суханон розием. Вақте кас парвози уқобро дар осмон, хазидани морро дар кӯҳпора, шино кардани киштиро дар баҳр, дил бастани ҷавонписару ҷавондухтар ва ҳаёти хушбахт бунёд карданашонро мебинад, ба ҳайрат меояд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан