САРГУЗАШТ
Бо ёрии Яҳува «дар ҷойе, ки шинонда шудем, шукуфтем»
«ДАР ҷойе, ки шуморо шинонанд, шукуфед». Ин маслиҳат аҷоиб метобад. Матс ва Анн-Катрин аз Шветсия борҳои зиёд «шинонда шуданд». Ин чӣ маъно дорад ва чӣ тавр ин маслиҳат ба онҳо кумак кард?
Бародар Матс Кассҳолм ва занаш Анн-Катрин соли 1979 дар Мактаби Ҷилъод хонданд. Дар давоми солҳо онҳо дар Заир, Маврикий, Мянма, Танзания, Уганда ва Эрон «шинонда» ё худ фиристода шуданд. Онҳо маслиҳатеро, ки дар боло гуфтем, дар Мактаби Ҷилъод аз муаллим Ҷек Редфорд шуниданд. Вақте ин ҳамсарон гаштаю баргашта «шинонда шуданд», «решакан гаштанд» ва боз «аз нав шинонда шуданд», ин маслиҳат ба онҳо ёрдам дод. Биёед онҳоро шунавем.
Илтимос, гӯед, ки чӣ тавр бо ростӣ шинос шудед?
Матс: Падарам дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Полша зиндагӣ мекард ва ӯ дар Калисои католикӣ бисёр дурӯягиро медид. Бо вуҷуди ин ӯ доим мегуфт, ки дар як ҷо не, як ҷо, дини ҳақиқӣ ёфт мешудагист. Бо гузашти вақт ман ба ин суханони падарам бовар ҳосил кардам. Пештар ман бисёр китобҳои истифодашударо мехаридам. Боре ба дастам як китоби кабуд афтод, ки номаш чунин буд: «Ҳақиқате, ки сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад». Номи китоб диққатамро ҷалб кард ва ман дар як шаб онро хонда тамом кардам. То саҳар ман фаҳмидам, ки ростиро пайдо кардам.
Аз моҳи апрели соли 1972 сар карда ман бисёр адабиёти Шоҳидони Яҳуваро хонда баромадам ва ба бисёр саволҳоям аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёфтам. Ман худро ба савдогари мисоли Исо монанд мекардам. Ӯ барои харидани марвориди пурарзиш тамоми чизу чораашро фурӯхт. Ман низ ба маъное барои харидани ростии «пурарзиш» аз баҳри мақсади ба дилам азиз баромадам: дар донишгоҳ таҳсил кардану духтур шудан (Мат. 13:45, 46). Ҳамин тавр 10-уми декабри соли 1972 ман таъмид гирифтам.
Дар давоми он сол волидонам ва додарам низ таъмид гирифтанд. Моҳи июли соли 1973 ман пешрави пурравақт шудам. Дар байни пешравони фаъоли ҷамоати мо Анн-Катрин ном як хоҳари зебову рӯҳонӣ буд. Мо якдигарро дӯст доштему соли 1975 оиладор шудем. Чор соли навбатӣ мо дар Стрёмсунд, минтақаи зебои Шветсия, якҷоя хизмат кардем.
Анн-Катрин: Падарам ростиро вақти хатми донишгоҳ, дар Стокголм, фаҳмида буд. Он вақт ман семоҳа будам, лекин падарам маро ба вохӯриҳову хизмат мебурд. Ин ба модарам намефорид. Ӯ мехост исбот кунад, ки дини Шоҳидони Яҳува дурӯғ аст, лекин ин аз дасташ наомад ва бо гузашти вақт ӯ низ таъмид гирифт. Ман бошам, дар 13-солагӣ таъмид гирифта, дар 16-солагӣ пешрав шудам. Ман дар шаҳри камвоизи Умео хизмат мекардам, баъдтар маро пешрави махсус таъйин карданд.
Баъди оиладор шудан мо бо Матс ба якчанд кас ёрӣ додем, ки Шоҳиди Яҳува шаванд. Яке аз онҳо Майвор ном духтараки наврас буд. Ӯ имконият дошт, ки варзишгари машҳур шавад, лекин аз ин мақсад даст кашида, роҳи ростиро қапид. Майвор бо хоҳарам пешрав хизмат мекард. Онҳо соли 1984 Мактаби Ҷилъодро тамом карда, то ҳол дар Эквадор миссионер хизмат мекунанд.
Дар солҳои хизмати миссионериятон чӣ тавр маслиҳати зеринро ба кор бурдед: «Дар ҷойе, ки шинонда шудед, шукуфед»?
Матс: Моро аз як ҷо канда, ба дигар ҷо «мешинонданд» — мо ҳар дам таъйинотҳои нав ба нав мегирифтем. Лекин мо ба куҷое, ки наравем, ба Исо пайравӣ мекардем, махсусан ба хоксорияш (Қӯл. 2:6, 7). Масалан, мо интизор намешудем, ки воизони маҳаллӣ ба мо мутобиқ шаванд, балки мехостем тарзи амал, фикрронӣ ва маданияти онҳоро фаҳмем. Ҳар қадаре ба Исо пайравӣ мекардем, мо медидем, ки «назди ҷӯйҳои об шинонда» шудаему шукуфта нашъунамо меёбем (Заб. 1:2, 3).
Барои хабар гирифтани ҷамоатҳо мо бисёр сафар мекардем
Анн-Катрин: Барои он ки дарахт баъди кӯчонда шуданаш сабзад, ба он нури офтоб даркор аст. Яҳува барои мо ҳамеша чунин «офтоб» буд (Заб. 84:11). Ӯ ба воситаи меҳру муҳаббати бародару хоҳарон моро гарм мекард. Масалан, дар ҷамоати хурди Теҳрони Эрон ба мо чунон меҳмоннавозӣ карданд, ки дар бораи он фақат аз нақлҳои Китоби Муқаддас медонистем. Мо ҷон-ҷон гуфта дар Эрон мемондем, лекин моҳи июли соли 1980 фаъолиятамонро дар он ҷо манъ карданд. Ба мо танҳо 48 соат вақт доданд, ки мамлакатро тарк кунем. Баъди ин бародарон моро ба Заири Африқо (ҳозир Республикаи Демократии Конго) фиристоданд.
Як лаҳзаи хушбахти хизматамон дар Заир. Соли 1982
Вақте ман фаҳмидам, ки моро ба Африқо мефиристанд, гиря кардам, зеро шунида будам, ки дар он ҷо мор ва ҳар хел вабоҳо ҳаст. Ман аз ин метарсидам, лекин ду дӯстамон, ки дар он ҷо бисёр хизмат карда буданд, гуфтанд: «Шумо ягон бор дар Африқо набудед, як бор чашида бинед, он ба шумо маъқул мешавад». Ҳамин тавр ҳам шуд. Бародару хоҳарони Африқо ба мо меҳру навозиши зиёд карданд. Шаш сол пас, аз сабаби манъ шудани фаъолиятамон, ба мо лозим омад, ки аз Заир равем. Он вақт ба дуоям хандаам омад, чунки ман мегуфтам: «Яҳуваҷон, илтимос, иҷозат деҳ, ки мо дар Африқо монем».
Дар хизмати миссионерӣ соҳиби кадом баракатҳо гаштед?
Ин мошин дар Танзания бароямон хона буд. Соли 1988
Матс: Аввалин чизе, ки ба ёдам меояд, дӯстӣ бо миссионерони забону маданияташон гуногун буд. Боз дар баъзе таъйинотҳоямон аз омӯзишҳои зиёд хурсандӣ мегирифтем. Як хел вақт мо то 20-тогӣ омӯзанда доштем. Муҳаббату меҳмоннавозии бародару хоҳарони Африқо дар хотирам нақш бастааст. Вақте мо дар Танзания ҷамоатҳоро хабар мегирифтем, мошини «Фолксваген-Комби»-ямонро, ки ҳам нақлиёт буду ҳам хонаамон, дар ҳавлии бародарон мегузоштем. Онҳо ҳар чӣ аз дасташон меомад, «ҳатто беш аз он чӣ метавонистанд», ба мо мекарданд (2 Қӯр. 8:3). Ғайр аз ин, ману Анн-Катрин бегоҳиҳо якҷоя нишаста ба якдигар воқеаҳои рӯзро нақл мекардему Яҳуваро шукргузорӣ менамудем. Мо онро «замони таърихӣ» меномидем.
Анн-Катрин: Барои ман шинохтани бародарии умумиҷаҳонӣ хурсандибахш буд. Мо забонҳои форсӣ, фаронсавӣ, луганда, суаҳилиро омӯхтем ва бо маданиятҳои гуногун шинос шудем. Омӯзандаҳо бошанд, бароямон дӯстони ҳақиқӣ гаштанду ҳамкорони вафодор. Мо ҳамроҳи онҳо ба Яҳува «паҳлу ба паҳлу» хизмат мекардем (Саф. 3:9).
Боз мо аз офаридаҳои зебои Яҳува ба ҳайрат меомадем. Ҳар боре ки моро ба ягон ҷойи нав таъйин мекарданд, мо ҳис мекардем, ки бо Яҳува ба сафар баромадаему ӯ моро роҳбаладӣ мекунад. Бо роҳнамоии ӯ ҳаёти мо рангину пурмаъно гашт.
Дар Танзания мо ба ҳар хел одамон мавъиза мекардем
Шумо чӣ мушкилиҳо доштеду чӣ тавр онҳоро паси сар кардед?
Матс: Дар давоми хизматамон мо ба якчанд бемориҳои тропикӣ гирифтор шудем, аз ҷумла малярия. Анн-Катринро бошад, якчанд ҷарроҳии таъҷилӣ карданд. Ғайр аз ин, мо дар бораи волидони пиронсоламон ташвиш мекашидем. Мо аз хоҳару додаронамон миннатдорем, ки нигоҳубини онҳоро ба уҳда гирифтанд. Онҳо ин вазифаро бо сабр, хурсандӣ ва муҳаббат мекарданд (1 Тим. 5:4). Мо чӣ кумаке, ки аз дастамон меомад, аз дур мекардем. Вале баъзан виҷдонамон азоб медод, ки ба ёрдами бештар дастамон намерасад.
Анн-Катрин: Соли 1983, вақте дар Заир хизмат мекардем, ман ба бемории холера гирифтор шудам. Духтур ба Матс гуфт: «Худи ҳамин рӯз ӯро аз ин мамлакат берун бароред!» Рӯзи дигар мо бо ҳавопаймои боркаш ба Шветсия парвоз кардем, чунки дигар ҳавопаймо набуд.
Матс: Мо фикр кардем, ки хизмати мо бо ҳамин тамом. Диламон реш-реш шуд ва мо гиря кардем. Баръакси суханони духтур Анн-Катрин шифо ёфт. Баъди як сол мо ба Заир баргаштем. Ин дафъа моро ба шаҳри Лубумбаши, ба ҷамоати хурде, таъйин карданд, ки бо забони суаҳилӣ гап мезаданд.
Анн-Катрин: Вақте мо дар Лубумбаши хизмат мекардем, ман бача партофтам. Ҳарчанд мо нияти кӯдакдор шудан надоштем, ин бароям як зарбаи сахт шуд. Маҳз дар ин вақтҳои мушкил Яҳува ба мо баракаташро рехт. Мо ҳеҷ вақт ин қадар омӯзиши бисёр надоштем. Як сол нашуда ҷамоатамон аз 35 воиз ба 70 нафар расид. Акнун ба вохӯриҳо 40 кас неву 220 нафар меомад. Мо ғарқи хизмат будем. Баракати Яҳуваро дида, ман тасалло ёфтам. Мо то ҳол тифлакамонро ба ёд меорем ва бесаброна рӯзеро интизорем, ки Яҳува дарди диламонро пурра шифо бахшад.
Матс: Як вақт Анн-Катрин худро сусту беҳол ҳис мекард. Ҳамзамон духтурон гуфтанд, ки рӯдаи чордаҳангуштаам саратон шудаасту дар марҳилаи чорум мебошад. Маро бояд ҷарроҳии вазнин мекарданд. Ҳозир ман худро хуб ҳис мекунам. Анн-Катрин ҳам чӣ қадаре ки метавонад, хизмати Яҳуваро ба ҷо меорад.
Мо мефаҳмем, ки душвориҳо танҳо ба сари мо намеоянд. Вақте соли 1994 дар Руанда қатли ом шуд, мо бисёр бародару хоҳаронро дар лагерҳои гурезагон хабар гирифтем. Ҳатто дар чунин вазъиятҳо онҳо имон, истодагӣ ва меҳмоннавозӣ нишон медоданд. Ин исбот мекунад, ки Яҳува халқашро дар ҳар душворӣ дастгирӣ карда метавонад (Заб. 55:22).
Анн-Катрин: Соли 2007, вақте барои бахшида шудани филиал ба Уганда рафтем, як фоҷиае рӯй дод. Баъди тамом шудани барнома мо, 25 миссионер ва байтилчиён, ба Найробии Кения равона шудем. Дар сарҳади Кения аз пеши роҳамон як мошини боркаш рост омада ба мошини мо зад. Ронанда ва панҷ дӯстамон дар худи ҳамон ҷо ҳалок шуданд. Як хоҳари дигарамон бошад, дар беморхона аз дунё гузашт. Мо ин дӯстони азизамонро бисёр ёд мекунем ва замонеро бесаброна интизорем, ки аз нав онҳоро бинем (Айюб 14:13–15).
Бо гузашти вақт ҷароҳатҳоям шифо ёфтанд, лекин Матс, ман ва якчанд ҳамсафаронамон баъди он нохушӣ асабхароб будему аз касалии ваҳмак азоб мекашидед. Ман асосан шабона ба ваҳму воҳима меафтодам. Ман аз тарс бедор мешудам, гумон мекардам, ки ҳозир дилам аз кор мемонад. Дар чунин лаҳзаҳо мо аз таҳти дил ба Яҳува дуо мегуфтем, оятҳои дӯстдоштаамонро мехондем. Ҳамин тавр ором мешудем. Ғайр аз ин, мо ба духтур муроҷиат кардем. Ин ҳам фоида овард. Ҳозир ҳоламон беҳтар аст. Мо аз Яҳува илтимос мекунем, то касонеро, ки чунин душворӣ доранд, тасалло дода тавонем.
Шумо бисёр вақт мегӯед, ки барои душвориҳоро паси сар кардан Яҳува шуморо «тухми хом барин» эҳтиёт кард. Ин гапатон чӣ маъно дорад?
Матс: Бо забони суаҳилӣ чунин мегӯянд: «Тумебебва кама маяи мабичи». Тарҷумаяш: «Моро тухми хом барин бурданд». Вақте одам тухми хомро мебарад, ӯ эҳтиёт мекунад, ки онро нашиканад. Ба ин монанд, вақте ба мо ин ё он супоришро медоданд, Яҳува эҳтиёткорона моро ғамхорӣ мекард. Мо ҳама чизҳои заруриро доштем, ҳатто аз будаш зиёд. Мо муҳаббату дастгирии Яҳуваро ба воситаи ҳамдардии Ҳайати роҳбарикунанда медидем.
Анн-Катрин: Дасти пурмеҳри Яҳуваро бо як мисол фаҳмондан мехоҳам. Рӯзе ба ман занг зада гуфтанд, ки падарам дар Шветсия дар ҳолати вазнин дар беморхона хоб аст. Матс навакак аз бемории малярия шифо ёфта буд ва беқувват буд. Мо пули билетхарӣ надоштем ва дар фикри фурӯхтани мошин будем, ки ногаҳон ба мо занг заданд. Як зану шавҳари шиносамон дар бораи вазъияти мо фаҳмида, хостанд, ки пули як билетро диҳанд. Баъд як хоҳари пиронсоле занг зада гуфт, ки дар қуттичае пул ҷамъ кардааст ва номи онро «Кумак ба муҳтоҷон» мондааст. Ҳамин тавр дар як дам Яҳува мушкилии моро ҳал кард (Ибр. 13:6).
Дар зиёда аз 50 соли хизмати пурравақтатон шумо чиро омӯхтед?
Дар Мянма хизмат мекунем
Анн-Катрин: Ман ёд гирифтам, ки, агар хотирҷамъ шуда ба Яҳува таваккал кунам, ӯ маро қувват мебахшад. Агар мо ба Яҳува такя кунем, ҷанги мо ҷанги ӯ мешавад (Иш. 30:15; 2 Воқ. 20:15, 17). Чӣ таъйиноте нагирифта бошем, мо онро аз таҳти дил иҷро кардем. Яҳува бошад, моро чунон баракат дод, ки ҳатто ба гӯшаи хаёламон наомада буд.
Матс: Дарси асосие, ки ман омӯхтам, дар ҳар вазъият ба Яҳува такя карда, бинам, ки ӯ чӣ хел амал мекунад (Заб. 37:5). Ӯ ягон бор маро ноумед накардааст. Имрӯз мо дар Байт-Или Мянма хизмат мекунем ва Яҳува мисли ҳарвақта ҳамеша дар барамон аст.
Мехоҳем, ки бародару хоҳарони ҷавон бинанд, ки чӣ хел Яҳува хизматгорони меҳнаткашашро баракат медиҳад. Мо бовар дорем, ки, агар онҳо худро ба дасти Яҳува супоранд, дар куҷое, ки шинонда шаванд, мешукуфанд.