ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • ijwyp мақолаи 69
  • Чаро ман бояд дуо гӯям?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро ман бояд дуо гӯям?
  • Саволҳои ҷавонон
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Дуо чист?
  • Оё Худо ба дуоҳои мо гӯш медиҳад?
  • Ман дар бораи чӣ дуо гуфта метавонам?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Чӣ тавр метавон ба Худо наздик шуд
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Дар дуо ба Худо наздик шавед
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Саволҳои ҷавонон
ijwyp мақолаи 69
Духтараки наврасе дар лаби кӯл нишастааст

САВОЛҲОИ ҶАВОНОН

Чаро ман бояд дуо гӯям?

Аз як пурсиш маълум шуд, ки 80 фоизи наврасони Амрико дуо мегӯянд, лекин танҳо нисфашон ҳаррӯза бо ин кор машғуланд. Баъзеи онҳо донистан мехоҳанд: «Оё дуо танҳо барои оромии дил лозим аст ё он чизи бештареро дар бар мегирад?»

  • Дуо чист?

  • Оё Худо ба дуоҳои мо гӯш медиҳад?

  • Ман дар бораи чӣ дуо гуфта метавонам?

  • Ҳамсолонатон дар бораи дуо чӣ мегӯянд?

Дуо чист?

Дуо ин гуфтугӯ бо Офаридгори тамоми олам аст. Ба бузургии Яҳува касе баробар шуда наметавонад, бо вуҷуди ин «ӯ аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Корнома 17:27). Беш аз ин, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқуб 4:8).

Чӣ тавр шумо ба Худо наздик шуда метавонед?

  • Якум, ба воситаи дуо. Тавассути дуо шумо бо Худо гап мезанед.

  • Дуюм, ба воситаи омӯзиши Китоби Муқаддас. Бо ин роҳ Худо бо шумо «гап мезанад».

Дуо ва омӯзиши Китоби Муқаддас, ки муоширати дутарафа мебошад, дӯстии шуморо бо Худо қавӣ мегардонад.

«Гуфтугӯ бо Худои Таолло барои инсоният шарафи бузург аст» (Ҷерими).

«Вақте диламро ба Яҳува холӣ мекунам, муносибатам бо ӯ наздиктар мешавад» (Миранда).

Оё Худо ба дуоҳои мо гӯш медиҳад?

Ҳарчанд ту ба Худо имон дорӣ ва дуо мегӯӣ, баъзан бовариат намеояд, ки ӯ туро гӯш мекунад. Вале Китоби Муқаддас Яҳуваро «Шунавандаи дуоҳо» меномад (Забур 65:2). Ҳамчунин дар он гуфта шудааст: «Ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед» (1 Петрус 5:7).

Як фикр кунед: Оё шумо барои бо дӯсти ҷониатон суҳбат кардан доимо вақт ҷудо мекунед? Ба ин монанд, шумо метавонед вақт ҷудо карда, пайваста ба Худо дуо гӯед. Дар дуо ба Яҳува бо номаш муроҷиат кунед (Забур 86:5–7; 88:9). Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас маслиҳат дода шудааст, ки «ҳама вақт дуо гӯед» (1 Таслӯникиён 5:17).

«Ман дар дуо ба Падари Осмониам диламро холӣ мекунам» (Моизес).

«Ман дар дуо сирри диламро ба Яҳува кушода метавонам, ҳамон тавре ки бо модарам ё дугонаам ошкоро суҳбат мекунам» (Карен).

Ман дар бораи чӣ дуо гуфта метавонам?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукру миннатдорӣ хоҳишҳои худро ба Худо маълум созед» (Филиппиён 4:6).

Оё шумо метавонед дар бораи душвориҳои худ дуо гӯед? Албатта! Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Бори дилатро ба Яҳува парто ва ӯ туро дастгирӣ мекунад» (Забур 55:22).

Албатта дар дуо мо набояд фақат дар бораи ташвишҳои худ гап занем. Як ҷавонзан бо номи Чентел чунин мегӯяд: «Агар ман ба Яҳува танҳо барои кумак муроҷиат кунам, ин дӯстии ҳақиқӣ ҳисоб намешавад. Ман фикр мекунам, ки дар аввал бояд шукру миннатдории худро баён кунам. Охир, ман барои миннатдор будан сабабҳои бисёр дорам».

Як фикр кунед: Шумо аз Яҳува маҳз барои чӣ миннатдоред? Метавонед дар бораи се чизе фикр кунед, ки барояшон аз Яҳува миннатдоред?

«Ҳатто аз мушоҳида кардани чизҳои хурд, масалан ягон гулаки зебо дар диламон ба Яҳува ҳисси миннатдорӣ пайдо шуда метавонад» (Анита).

«Дар бораи ягон офарида ё ояти Китоби Муқаддас, ки ба дилатон таъсир мерасонад, фикр карда ба Яҳува барои он раҳмат гӯед» (Брайн).

Ҳамсолонатон дар бораи дуо чӣ мегӯянд?

Моизес

«Дуоҳои мо бояд на мисли кӯлмак, балки мисли уқёнус чуқур бошанд. Яҳува бе гуфти мо ҳам медонад, ки ба чӣ ниёз дорем, вале бо дуои самимӣ мо нишон медиҳем, ки то чӣ андоза ба ӯ таваккал мекунем» (Моизес).

Миранда

«Барои ман дуо ба мисли ресмонест, ки як тарафаш дар дасти Яҳува асту тарафи дигараш дар дасти ман. Вақте ман сирри диламро дар дуо мекушоям, ҳис мекунам, ки ресмонро маҳкам медорам, ҷавоби Яҳува бошад, пайванди дӯстиамонро қавитар мегардонад» (Миранда).

Ҷереми

«Агар эҳтиёт нашавем дуоямон ба рӯйхати орзуҳо табдил меёбад. Вале дар дуо барои ҳамаи баракатҳои Яҳува раҳмат гуфта, мо нишон медиҳем, ки танҳо дар бораи хоҳишҳои худамон фикр намекунем» (Ҷереми).

Шелби

«Чӣ қадаре ба Яҳува бисёртар раҳмат гӯем, ҳамон қадар шахси миннатдор мешавем. Ҳисси миннатдорӣ кумак мекунад, ки диққати худро ба душвориҳо неву ба баракатҳо равона созем» (Шелби).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан