3 Подшоҳон
21 Баъд аз ин чунин воқеае рӯй дод: Нобӯт ном марди изреъилие токзоре дошт, ки дар Изреъил,+ дар назди қасри Аҳъоби подшоҳи Сомария, буд. 2 Аҳъоб ба Нобӯт гуфт: «Токзори худро ба ман бидеҳ, то барои худ полизе кунам, чунки он дар назди хонаи ман аст. Ман бошам, дар ивазаш ба ту токзори беҳтаре медиҳам. Ё, агар хоҳӣ, мувофиқи нархи он ба ту пул медиҳам». 3 Вале Нобӯт ба Аҳъоб гуфт: «Ба Яҳува ҳаргиз писанд намеояд, ки ман мероси бобоёнамро ба ту бидиҳам».+ 4 Аҳъоб аз ҷавоби Нобӯти изреъилӣ бо табъи хираву сари хам ба хонааш баргашт, зеро Нобӯт гуфт: «Мероси бобоёнамро ба ту намедиҳам». Ӯ ба ҷогаҳаш хобида, рӯяшро гардонд ва хӯроке нахӯрд.
5 Занаш Изобал+ ба назди ӯ омада, пурсид: «Барои чӣ ту чунон рӯҳафтодаӣ, ки хӯрок ҳам намехӯрӣ?» 6 Ӯ ҷавоб дод: «Чунки ман ба Нобӯти изреъилӣ гуфтам: “Токзоратро ба ман бифурӯш ё, агар хоҳӣ, дар ивази он ба ту токзори дигаре медиҳам”. Лекин ӯ гуфт: “Токзорамро ба ту намедиҳам”». 7 Занаш Изобал ба вай гуфт: «Магар ту подшоҳи Исроил нестӣ? Бархез, бихӯр ва бигзор дилат хуш бошад. Ман ба ту токзори Нобӯти изреъилиро гирифта, медиҳам».+ 8 Ӯ аз номи Аҳъоб номаҳо навишта, бар онҳо муҳри+ шоҳро зад ва ба пирону+ калоншавандагони шаҳри Нобӯт фиристод. 9 Ӯ дар он номаҳо навишт: «Рӯза эълон кунед ва Нобӯтро дар маҷлис аз пеш шинонед. 10 Дар рӯ ба рӯйи вай ду марди нобакорро шинонед, то ки бар зиддаш шаҳодат дода+ гӯянд: “Ту Худо ва подшоҳро лаънат кардӣ!”+ Пас аз ин ӯро бароред ва сангсор карда кушед».+
11 Мардони шаҳри Нобӯт, пирон ва калоншавандагони шаҳраш, ҳамон тавре ки Изобал дар номаҳояш гуфта буд, амал намуданд. 12 Онҳо рӯза эълон карданд ва Нобӯтро дар маҷлис аз пеш шинонданд. 13 Сипас ду марди нобакор омада, дар рӯ ба рӯйи Нобӯт нишастанд ва дар пеши мардум бар зиддаш шаҳодат дода гуфтанд: «Нобӯт Худо ва подшоҳро лаънат кардааст!»+ Баъди ин вайро аз шаҳр бароварданд ва сангсор карда куштанд.+ 14 Онҳо ба Изобал хабар фиристоданд: «Нобӯтро сангсор карда куштанд».+
15 Вақте Изобал шунид, ки Нобӯтро сангсор карда куштанд, ҳамон замон ба Аҳъоб гуфт: «Бархез ва токзори Нобӯти изреъилиро,+ ки онро ба ту фурӯхтан нахост, соҳибӣ кун, чунки ӯ зинда нест, балки мурдааст». 16 Аҳъоб хабари марги Нобӯтро шунида дарҳол бархест, то ки ба токзори Нобӯти изреъилӣ рафта, онро соҳиб шавад.
17 Вале Яҳува ба Илёси+ тишбӣ паём фиристода гуфт: 18 «Бархез ва ба назди Аҳъоби шоҳи Исроил, ба Сомария,+ бирав. Ӯ ба токзори Нобӯт омадааст, то онро соҳиб шавад. 19 Ба ӯ бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ҳам одамро мекушиву+ ҳам мулкашро соҳибӣ мекунӣ?”+ Баъд ба ӯ бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Дар ҷое ки сагҳо хуни Нобӯтро лесиданд, онҳо хуни туро низ мелесанд”».+
20 Аҳъоб Илёсро дида, гуфт: «Оқибат маро дарёб кардӣ, эй душмани ман?»+ Вай дар ҷавоб гуфт: «Бале, дарёб кардам. “Азбаски ту бо азми қавӣ* он чиро, ки дар назари Яҳува бад аст, ба ҷо меорӣ,+ 21 ман бар сарат мусибат меорам ва насли туро аз рӯйи замин пок месозам, ман ҳар мардинаи* Аҳъобро, аз он ҷумла ҳар каси ӯро, ки дар Исроил сусту нотавон аст,+ нобуд мекунам.+ 22 Ман хонадони туро мисли хонадони Ёробъоми+ писари Набот ва хонадони Баъшои+ писари Аҳиё месозам, зеро ту маро ба хашм овардӣ ва Исроилро ба гуноҳ тела додӣ”. 23 Дар бораи Изобал бошад, Яҳува чунин мегӯяд: “Изобалро дар қитъаи замини Изреъил сагон хоҳанд хӯрд.+ 24 Ҳар касеро, ки аз Аҳъоб дар шаҳр бимирад, сагон ва ҳар касеро, ки дар саҳро бимирад, парандагони осмон мехӯранд.+ 25 То ҳол касе мисли Аҳъоб набуд,+ зеро ӯ ба гапи занаш Изобал даромада, бо азми қавӣ* он чиро, ки дар назари Яҳува бад аст, ба амал меовард.+ 26 Ӯ мисли ҳамаи амӯриён, ки Яҳува онҳоро аз пеши Исроил ронда буд, бутҳои ҳаромро* пайравӣ намуда корҳои беҳад нафратангез кард”».+
27 Ин суханонро шунида Аҳъоб либосашро чок кард ва бар тан палос* пӯшид. Ӯ рӯза гирифт ва палос дар тан мехобид ва ғамгин мегашт. 28 Он гоҳ Яҳува ба Илёси тишбӣ паём фиристода гуфт: 29 «Оё дидӣ, ки чӣ хел Аҳъоб суханони маро шунида худро хоксор намуд?+ Азбаски ӯ ба ҳузури ман худро хоксор намуд, ман на дар рӯзҳои ӯ, балки дар рӯзҳои писараш ба сари хонадони ӯ мусибат меорам».+