1 Воқеанома
20 Дар сари сол*, вақте ки подшоҳон ба ҷанг мебароянд, Юоб+ лашкар кашида, замини аммӯниёнро хароб кард. Ӯ омада, Раббаро+ муҳосира намуд, Довуд бошад, он вақт дар Ерусалим буд.+ Юоб ба Рабба ҳуҷум оварда, онро валангор кард.+ 2 Баъд Довуд тоҷро аз сари Малком гирифт, ки вазнаш як киккар* тилло буд ва сангҳои қиматбаҳо дошт, ва он бар сари Довуд гузошта шуд. Ӯ ҳамчунин аз шаҳр ғанимати бисёре гирифт.+ 3 Довуд мардуми шаҳрро ба асирӣ гирифта, фармуд, ки сангҳоро арра кунанд ва корҳоеро, ки бо асбобҳои тези оҳанӣ ва табарҳо карда мешаванд, ба ҷо оранд.+ Ӯ бо ҳамаи шаҳрҳои аммӯниён чунин кард. Ниҳоят Довуд ва тамоми сарбозон ба Ерусалим баргаштанд.
4 Пас аз ин дар Ҷозар бо фалиштиён ҷанг сар зад. Он вақт Сибкои+ ҳушотӣ Сифайро, ки аз авлоди Рафоим+ буд, кушт ва фалиштиён таслим шуданд.
5 Боз бо фалиштиён ҷанг сар зад ва Элҳонони писари Ёир Лаҳмии бародари Ҷолёти+ ҷаттиро, ки дастаи найзааш мисли наварди бофандагӣ* буд, кушт.+
6 Боз ҷанге дар Ҷат+ рӯй дод ва дар он ҷо марди бузургҷуссае буд,+ ки дасту пояш шашангуштӣ — ҳамагӣ 24 ангушт, дошт. Ӯ низ аз авлоди Рафоим буд.+ 7 Ӯ Исроилро паст мезад+ ва Юнотони писари Шимъои+ бародари Довуд ӯро кушт.
8 Инҳо аз авлоди Рафоим,+ аз Ҷат+ буданд ва аз дасти Довуду ходимонаш кушта шуданд.