1 Воқеанома
19 Чанде пас Ноҳоши подшоҳи аммӯниён мурд ва ба ҷойи ӯ писараш подшоҳ шуд.+ 2 Довуд гуфт: «Ман ба Ҳонуни писари Ноҳош меҳру вафо мекунам,+ зеро падараш ба ман меҳру вафо карда буд». Аз ин рӯ Довуд хабаррасононро фиристод, то ӯро ба сабаби вафоти падараш дилбардорӣ кунад. Аммо, вақте ки ходимони Довуд барои дилбардории Ҳонун ба сарзамини аммӯниён+ омаданд, 3 мирони аммӯнӣ ба Ҳонун гуфтанд: «Оё ту гумон мекунӣ, ки Довуд барои эҳтироми падарат ходимонашро ба дилбардории ту фиристод? Магар ходимони ӯ барои пурра аз назар гузаронидану ҷосусӣ кардани ин сарзамин ва сарнагун намудани ту наомадаанд?» 4 Ин суханонро шунида Ҳонун ходимони Довудро дастгир карда, ришашонро тарошид+ ва либосашонро то нисфаш, яъне қариб то миён, бурида кӯтоҳ намуд ва онҳоро пеш кард. 5 Вақте ба Довуд дар бораи ин мардон гуфтанд, ӯ дарҳол ба пешвозашон одам фиристод, зеро онҳо беҳад шарманда шуда буданд. Подшоҳ ба онҳо гуфт: «То дароз шудани ришатон дар Ериҳӯ+ бимонед ва баъд аз он баргардед».
6 Аммӯниён фаҳмиданд, ки дар назари Довуд шум шуданд. Барои ҳамин Ҳонун ва аммӯниён 1000 киккар* нуқра фиристода, аз Байнаннаҳрайн*, Арам-Маъко ва Сӯбо+ аробаву саворонро киро карданд. 7 Онҳо 32 000 ароба, ҳамчунин шоҳи Маъко ва одамонашро киро карданд ва омада, дар пеши Мидбо+ урду заданд. Аммӯниён низ аз шаҳрҳои худ ҷамъ омаданд, то биҷанганд.
8 Довуд инро шунида Юоб+ ва тамоми лашкарашро, аз он ҷумла ҷанговарони зӯртаринашро, ба ҷанг фиристод.+ 9 Аммӯниён баромада, пеши дарвозаи шаҳр саф кашиданд, подшоҳони омада бошанд, дар саҳро алоҳида ҷойгир шуданд.
10 Вақте Юоб дид, ки душман ҳам аз пеш ва ҳам аз пас ҳамла оварданӣ аст, сарбозони беҳтарини Исроилро интихоб карда, бар зидди арамиён саф кашид.+ 11 Сарбозони дигарро ӯ ба дасти бародараш Абишой+ супурд, то ки саф кашида бар зидди аммӯниён барояд. 12 Баъд вай гуфт: «Агар бинӣ, ки зӯри ман ба арамиён+ намерасад, ба ёрии ман биё, лекин, агар зӯри ту ба аммӯниён нарасад, ман ба ёрии ту меоям. 13 Мо бояд қавӣ бошем+ ва барои халқи худ ва шаҳрҳои Худои худ далерона биҷангем ва Яҳува он чиро, ки дар назараш писанд аст, ба ҷо меорад».
14 Юоб бо одамонаш бар зидди арамиён биҷангид ва онҳо аз пешаш гурехтанд.+ 15 Вақте аммӯниён диданд, ки арамиён рӯ ба гурез оварданд, онҳо низ аз Абишойи бародари Юоб гурехта, ба шаҳр даромаданд. Пас аз ин Юоб ба Ерусалим омад.
16 Вақте арамиён диданд, ки Исроил онҳоро шикаст дод, хабаррасононро фиристоданд, то арамиёнро бо сарварии Шуфаки сарлашкари Ҳададозар дар минтақаи дарёи бузург*+ ҷамъ оранд.+
17 Ин хабарро ба Довуд расонданд ва ӯ ҳамон замон тамоми Исроилро ҷамъ овард ва аз дарёи Урдун гузашта, ба наздашон омад ва бар зидди онҳо саф кашид. Довуд бар зидди арамиён саф кашид ва онҳо бо вай ҷангиданд,+ 18 вале шикаст хӯрда, аз пеши Исроил гурехтанд. Довуд аз арамиён 7000 аробасавор ва 40 000 сарбози пиёдаро кушт. Ӯ ҳамчунин Шуфаки сарлашкарро ба қатл расонд. 19 Вақте ходимони Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил шикаст хӯрданд,+ дарҳол бо Довуд сулҳ бастанд ва тобеи ӯ шуданд.+ Пас аз ин Арам дигар аммӯниёнро дастгирӣ кардан нахост.