ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Воқеанома 30
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Воқеанома

      • Ҳизқиё Иди Раҳоиро ҷашн мегирад (1–27)

2 Воқеанома 30:1

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 11:14, 16
  • +2Вқ 34:1, 6, 7
  • +2Мс 12:43; 3Мс 23:5; 5Мс 16:2; 2Вқ 35:1

2 Воқеанома 30:2

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 9:10, 11

2 Воқеанома 30:3

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 12:18
  • +2Вқ 29:34

2 Воқеанома 30:5

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 18:29
  • +2Вқ 35:18

2 Воқеанома 30:6

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «шотирон». Шотир — сарбозе, ки пеш-пеши аробаи подшоҳ медавид.

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 15:29; 1Вқ 5:26; 2Вқ 28:20, 21

2 Воқеанома 30:7

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 29:8, 9

2 Воқеанома 30:8

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 32:9
  • +5Мс 12:5, 6; Зб 132:13
  • +2Вқ 29:10

2 Воқеанома 30:9

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 8:49, 50
  • +5Мс 30:1–3
  • +2Мс 34:6; Зб 86:5; Мик 7:18
  • +2Вқ 15:2; Иш 55:7; Яқ 4:8

2 Воқеанома 30:10

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «шотирон». Шотир — сарбозе, ки пеш-пеши аробаи подшоҳ медавид.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 30:1
  • +2Вқ 36:15, 16

2 Воқеанома 30:11

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 11:14, 16

2 Воқеанома 30:13

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 9:10, 11
  • +3Мс 23:6

2 Воқеанома 30:14

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 18:22
  • +2Вқ 28:24

2 Воқеанома 30:16

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «Шариати».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 1:5

2 Воқеанома 30:17

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 29:34

2 Воқеанома 30:18

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 30:1
  • +Зб 86:5

2 Воқеанома 30:19

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 19:2, 3; Эз 7:10
  • +4Мс 9:6, 10

2 Воқеанома 30:20

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «мардумро шифо дод».

2 Воқеанома 30:21

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 23:6
  • +5Мс 12:5, 7; Нҳё 8:10
  • +2Вқ 29:25

2 Воқеанома 30:22

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «суханони дилҷӯй гуфт».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 23:6
  • +3Мс 3:1

2 Воқеанома 30:23

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 8:65

2 Воқеанома 30:24

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 35:7, 8
  • +2Вқ 29:34

2 Воқеанома 30:25

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 30:11, 18
  • +2Мс 12:49

2 Воқеанома 30:26

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 8:65, 66

2 Воқеанома 30:27

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 6:23–26; 5Мс 10:8

Асосӣ

2 Воқ. 30:12Вқ 11:14, 16
2 Воқ. 30:12Вқ 34:1, 6, 7
2 Воқ. 30:12Мс 12:43; 3Мс 23:5; 5Мс 16:2; 2Вқ 35:1
2 Воқ. 30:24Мс 9:10, 11
2 Воқ. 30:32Мс 12:18
2 Воқ. 30:32Вқ 29:34
2 Воқ. 30:5Дв 18:29
2 Воқ. 30:52Вқ 35:18
2 Воқ. 30:64Пш 15:29; 1Вқ 5:26; 2Вқ 28:20, 21
2 Воқ. 30:72Вқ 29:8, 9
2 Воқ. 30:82Мс 32:9
2 Воқ. 30:85Мс 12:5, 6; Зб 132:13
2 Воқ. 30:82Вқ 29:10
2 Воқ. 30:93Пш 8:49, 50
2 Воқ. 30:95Мс 30:1–3
2 Воқ. 30:92Мс 34:6; Зб 86:5; Мик 7:18
2 Воқ. 30:92Вқ 15:2; Иш 55:7; Яқ 4:8
2 Воқ. 30:102Вқ 30:1
2 Воқ. 30:102Вқ 36:15, 16
2 Воқ. 30:112Вқ 11:14, 16
2 Воқ. 30:134Мс 9:10, 11
2 Воқ. 30:133Мс 23:6
2 Воқ. 30:144Пш 18:22
2 Воқ. 30:142Вқ 28:24
2 Воқ. 30:163Мс 1:5
2 Воқ. 30:172Вқ 29:34
2 Воқ. 30:182Вқ 30:1
2 Воқ. 30:18Зб 86:5
2 Воқ. 30:192Вқ 19:2, 3; Эз 7:10
2 Воқ. 30:194Мс 9:6, 10
2 Воқ. 30:213Мс 23:6
2 Воқ. 30:215Мс 12:5, 7; Нҳё 8:10
2 Воқ. 30:212Вқ 29:25
2 Воқ. 30:223Мс 23:6
2 Воқ. 30:223Мс 3:1
2 Воқ. 30:233Пш 8:65
2 Воқ. 30:242Вқ 35:7, 8
2 Воқ. 30:242Вқ 29:34
2 Воқ. 30:252Вқ 30:11, 18
2 Воқ. 30:252Мс 12:49
2 Воқ. 30:263Пш 8:65, 66
2 Воқ. 30:274Мс 6:23–26; 5Мс 10:8
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Воқеанома 30:1–27

2 Воқеанома

30 Ҳизқиё тамоми Исроил+ ва Яҳудоро хабар кард ва ҳатто ба Эфроиму Менашше+ номаҳо навишт, ки ба хонаи Яҳува, ба Ерусалим омада, Иди Раҳоиро барои Яҳува, Худои Исроил, ҷашн бигиранд.+ 2 Аммо подшоҳ, мирони ӯ ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим қарор карданд, ки Иди Раҳоиро дар моҳи дуюм ҷашн гиранд,+ 3 зеро онро дар вақташ ҷашн гирифта натавонистанд.+ Сабаб дар он буд, ки коҳиноне, ки худро пок карда буданд, кам буданд+ ва халқ низ дар Ерусалим ҷамъ нашуда буд. 4 Дар моҳи дуюми ҷашн гирифтани ид дар назари подшоҳ ва тамоми ҷамоат дуруст тофт. 5 Онҳо қарор карданд, ки дар саросари Исроил, аз Баир-Шобаъ то Дон,+ эълон намоянд, ки халқ омада, барои Яҳува, Худои Исроил, Иди Раҳоиро дар Ерусалим ҷашн гирад, зеро онҳо идро ҳамакаса мувофиқи он чӣ навишта шуда буд, ҷашн нагирифта буданд.+

6 Пас аз ин хабаррасонон* мувофиқи фармони подшоҳ бо номаҳои ӯ ва миронаш ба саросари Исроил ва Яҳудо рафта, гуфтанд: «Эй халқи Исроил, сӯйи Яҳува, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил, баргардед, то ӯ сӯйи бақияе, ки аз дасти шоҳони Ошур+ халосӣ ёфт, баргардад. 7 Мисли бобоёну бародаронатон рафтор накунед, ки ба Яҳува, Худои падаронашон, бевафоӣ карданд ва ӯ онҳоро, чуноне ки ҳоло мебинед, гирифтори даҳшат кардааст.+ 8 Монанди бобоёнатон якравӣ накунед.+ Ба Яҳува гардан фароред ва ба муқаддасгоҳаш, ки барои ҳамеша поку муқаддас намудааст, омада,+ ба Худоятон Яҳува хизмат кунед, то оташи ғазаби ӯ аз шумо дур шавад.+ 9 Агар шумо сӯйи Яҳува баргардед, асиркунандагон ба бародарону писаронатон раҳм мекунанд+ ва иҷозат медиҳанд, ки ба ин замин баргарданд,+ зеро Худоятон Яҳува дилсӯзу меҳрубон аст+ ва, агар сӯяш баргардед, аз шумо рӯй наметобад».+

10 Хабаррасонон* дар саросари Эфроим, Менашше+ ва ҳатто то Забулун шаҳр ба шаҳр гаштанд, вале мардум онҳоро мазоқу масхара карданд.+ 11 Бо вуҷуди ин дар Ошер, Менашше ва Забулун одамоне буданд, ки худро хоксор гардонда, ба Ерусалим омаданд.+ 12 Дасти Худо бо Яҳудо низ буд, то онҳоро якдил созаду онҳо амри подшоҳ ва миронро, ки мувофиқи каломи Яҳува буд, ба ҷо оранд.

13 Дар моҳи дуюм+ мардуми бисёре барои ҷашн гирифтани Иди Фатир+ дар Ерусалим ҷамъ шуд ва он ҷамоат бузург буд. 14 Онҳо бархестанду қурбонгоҳҳоеро, ки дар Ерусалим буданд,+ ва ҳамаи қурбонгоҳҳои+ бухурсӯзиро гирифта, ба водии Қидрӯн партофтанд. 15 Сипас онҳо дар рӯзи 14-уми моҳи дуюм қурбонии Иди Раҳоиро сар буриданд. Он вақт коҳинону левизодагон хиҷолат кашида худро пок намуданд ва ба хонаи Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ оварданд. 16 Онҳо мувофиқи Тавроти* Мӯсо, бандаи Худо, дар ҷойҳои муқарраршуда истоданд ва коҳинон хунро аз дасти левизодагон гирифта, пошиданд.+ 17 Дар он ҷамъомад бисёр касон худро пок накарда буданд,+ барои ҳамин левизодагонро таъйин карданд, ки барои онҳо қурбонии Иди Раҳоиро сар бурида, онҳоро барои Яҳува пок созанд. 18 Мардуми бисёре, хусусан касоне, ки аз Эфроим, Менашше,+ Иссокор ва Забулун буданд, худро пок накарда буданд ва бархилофи он чӣ навишта шуда буд, хӯроки Иди Раҳоиро хӯрданд, аммо Ҳизқиё дар ҳаққи онҳо чунин дуо гуфт: «Бигзор Яҳува, ки некуст,+ 19 ҳар он касеро, ки дилашро ба ҷустани Худованд, Яҳува, Худои бобоёнаш, омода сохтааст,+ бубахшад, ҳарчанд ӯ худро барои ин маросими муқаддас пок накардааст».+ 20 Он гоҳ Яҳува ба Ҳизқиё гӯш дода, аз гуноҳи мардум гузашт*.

21 Исроилиёне, ки дар Ерусалим буданд, Иди Фатирро+ бо шодии бузург+ ҳафт рӯз ҷашн гирифтанд ва левизодагону коҳинон созҳои ҳамду санои Яҳуваро баланд навохта, ҳар рӯз Яҳуваро ситоиш менамуданд.+ 22 Илова бар ин, Ҳизқиё ҳамаи левизодагонро, ки бо фаҳму хирад ба Яҳува хизмат мекарданд, бо суханонаш рӯҳбаланд кард*. Онҳо ҳафт рӯзи ид хӯрданд,+ қурбониҳои осоиштагӣ оварданд+ ва Яҳува, Худои бобоёнашонро, шукргузорӣ намуданд.

23 Пас аз ин тамоми ҷамоат қарор кард, ки идро боз ҳафт рӯз ҷашн гирад, ва онҳо ҳафт рӯзи дигар дар он ид хурсандӣ карданд.+ 24 Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо барои ҷамоат 1000 буққа ва 7000 гӯсфанд хайр кард, мирон барои ҷамоат 1000 буққа ва 10 000 гӯсфанд доданд+ ва коҳинони бисёре худро пок намуданд.+ 25 Дар он рӯзҳо тамоми ҷамоати Яҳудо, коҳинон, левизодагон, тамоми ҷамоате, ки аз Исроил омада буд,+ ғарибоне,+ ки аз замини Исроил омада буданд, ва онҳое, ки дар Яҳудо мезистанд, хурсандӣ карданд. 26 Он вақт дар Ерусалим шодии бузурге буд, зеро аз рӯзҳои Сулаймони писари Довуди шоҳи Исроил чизи ба ин монанде дар Ерусалим рӯй надода буд.+ 27 Дар охир коҳинони левизода бархеста, мардумро дуои нек карданд+ ва дуои онҳо ба даргоҳи поки Худо, ба осмон, бирасид ва ӯ онҳоро шунид.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан