2 Воқеанома
7 Ҳамин ки Сулаймон дуо гуфтанро тамом кард,+ оташе аз осмон фаромада,+ қурбонии сӯхтаниву дигар қурбониҳоро фурӯ бурд ва ҷалоли Яҳува хонаро пур кард.+ 2 Коҳинон ба хонаи Яҳува даромада натавонистанд, чунки ҷалоли Яҳува хонаи Яҳуваро пур карда буд.+ 3 Вақте тамоми халқи Исроил дид, ки оташ фаромад ва ҷалоли Яҳува бар хона қарор гирифт, рӯ ба замини сангфарш афтода, саҷда бурд ва Яҳуваро шукр гуфт, «зеро ӯ некуст, меҳру вафои ӯ то абад аст».
4 Подшоҳ ва тамоми халқ ба Яҳува қурбониҳо оварданд.+ 5 Шоҳ Сулаймон 22 000 гов ва 120 000 гӯсфандро қурбон кард. Ҳамин тавр подшоҳу тамоми халқ маросими боз кардани хонаи Худоро гузаронданд.+ 6 Он вақт коҳинон дар ҷойҳои худ меистоданд ва левизодагон низ созҳо дар даст дар он ҷо буданд.+ (Ин созҳо ҳангоми ба Яҳува сароидан навохта мешуданд. Онҳоро шоҳ Довуд сохта буд, то Яҳуваро шукр гӯяд ва бо онҳо* ҳамду сано гӯяд, «зеро меҳру вафои ӯ то абад аст».) Коҳинон дар пеши онҳо баланд-баланд карнай менавохтанд+ ва ҳамаи исроилиён дар он ҷо меистоданд.
7 Пас аз ин Сулаймон мобайни саҳни пеши хонаи Яҳуваро поку муқаддас кард, то ки дар он ҷо қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва чарбуи қурбониҳои осоиштагиро бисӯзонад, чунки қурбонгоҳи мисине,+ ки Сулаймон сохта буд, қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла+ ва чарбуи қурбониҳоро+ нағунҷонд. 8 Дар он вақт Сулаймон бо тамоми Исроил, бо ҷамоати бузурге аз Лебӯ-Ҳамот* то водии Миср,+ ҳафт рӯз ид кард.+ 9 Дар рӯзи ҳаштум* онҳо ҷамъомади махсусе гузаронданд,+ зеро ҳафт рӯз маросими боз кардани қурбонгоҳ ва ҳафт рӯзи дигар идро ҷашн гирифтанд. 10 Сипас, дар рӯзи 23-юми моҳи ҳафтум, ӯ мардумро равона кард ва онҳо хона ба хона рафта, хурсандӣ менамуданду+ аз некие, ки Яҳува ба Довуд, Сулаймон ва халқаш Исроил кард, дилшод буданд.+
11 Сулаймон сохтани хонаи Яҳува, қасри подшоҳ+ ва ҳар он чиро, ки дар дилаш нисбати хонаи Яҳува ва хонаи худаш буд, нағз ба охир расонд.+ 12 Баъд аз ин Яҳува ба Сулаймон шабона намудор шуда,+ гуфт: «Ман дуоятро шунидам ва ин хонаро интихоб намудам, то дар ин ҷо ба ман қурбонӣ оранд.+ 13 Вақте ки ман осмонро бандаму борон наборад ва, вақте ба малахҳо амр фармоям, ки заминро фурӯ баранд, ё бар халқам вабое бифиристам 14 ва халқи ман, ки ба номи ман хонда шудааст,+ худро хоксор созад+ ва дуо гуфта маро ҷӯё шаваду аз роҳҳои бади худ гардад,+ ман онҳоро аз осмон шунида, гуноҳашонро мебахшам ва заминашонро шифо медиҳам.+ 15 Аз ин пас чашми ман кушода ва гӯши ман ба дуое, ки дар ин макон гуфта мешавад, бодиққат хоҳад буд.+ 16 Ман ин хонаро хуш намудам ва муқаддас гардондам, то ки номи ман то абад бар он бошад,+ ва чашму дили ман доимо бар он хоҳад буд.+
17 Агар ту мисли падарат Довуд ҳамаи амрҳои маро ба ҷо оварда пеши ман роҳ равӣ ва дастурҳову ҳукмҳои маро риоя намоӣ,+ 18 ман тахти подшоҳии туро устувор мегардонам,+ чуноне ки бо падарат Довуд аҳд баста,+ гуфта будам: “Насли ту ҳаргиз аз тахти Исроил маҳрум намешавад”.+ 19 Вале, агар шумо аз ман рӯй тобед ва аз фармудаву амрҳое, ки ба шумо додаам, дур шавед ва рафта, ба дигар худоён хизмат кунеду ба онҳо саҷда баред,+ 20 ман Исроилро аз замине, ки ба онҳо додаам, решакан мекунам+ ва ин хонаро, ки ба номи худ муқаддас гардондаам, тарк менамоям ва онро гапи даҳани мардум* ва хандахариши ҳамаи халқҳо месозам.+ 21 Ин хона харобазор мешавад ва ҳар касе, ки аз пеши он гузарад, ҳайрон шуда+ мегӯяд: “Чаро Яҳува бо ин замин ва ин хона чунин кард?”+ 22 Он гоҳ хоҳанд гуфт: “Чунки онҳо Яҳува, Худои бобоёнашонро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд,+ тарк карда,+ аз пайи худоёни дигар шуданд ва ба онҳо саҷда карда хизмат намуданд.+ Ана барои ҳамин ӯ ҳамаи ин балоҳоро ба сари онҳо овард”».+