2 Воқеанома
8 Бо гузашти 20 сол, ки Сулаймон дар ин вақт хонаи Яҳува ва қасри худро сохта буд,+ 2 ӯ шаҳрҳоеро, ки Ҳиром+ дода буд, бино кард ва исроилиёнро дар онҳо сокин намуд. 3 Ғайр аз ин, Сулаймон ба Ҳамот-Субо рафта, онро забт кард. 4 Сипас ӯ Тадмӯрро дар биёбон ва ҳамаи шаҳрҳоеро, ки дар Ҳамот+ барои захираҳо сохта буд, обод кард.+ 5 Ӯ инчунин Байт-Ҳорӯни Боло+ ва Байт-Ҳорӯни Поён,+ шаҳрҳои ҳисору дарвозаву ғалақадорро, бино кард. 6 Ӯ боз Баалот,+ ҳамаи шаҳрҳоеро, ки барои захираҳо дошт, ҳамаи шаҳрҳои аробаҳо,+ шаҳрҳои саворон ва ҳар чизеро, ки дар Ерусалим, Лубнон ва дар тамоми қаламраваш сохтанӣ буд, бино кард.
7 Ҳамаи одамонеро, ки аз ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ҳиввиёну ябусиён боқӣ монданд,+ онҳоеро, ки аз Исроил набуданд,+ 8 яъне наслашонро, ки дар ин замин боқӣ монд (чунки исроилиён онҳоро нест накарданд),+ Сулаймон ғулом карда кор мефармуд ва то ба имрӯз чунин аст.+ 9 Аммо ӯ ягон исроилиро барои корҳои худ ғулом накарда буд,+ онҳо ҷанговар, сарвари фармондеҳон ё сарвари аробаҳову саворон буданд.+ 10 Ҳамчунин 250 сарамалдори шоҳ Сулаймон саркори халқ буданд.+
11 Сулаймон духтари фиръавнро+ аз Шаҳри Довуд ба хонае, ки барояш сохт,+ кӯчонд, зеро гуфт: «Ӯ зани ман бошад ҳам, набояд дар хонаи Довуди шоҳи Исроил зиндагӣ кунад, чунки, ҷойҳое, ки сандуқи аҳди Яҳуваро гузошта буданд, муқаддас аст».+
12 Баъд аз ин Сулаймон бар қурбонгоҳи Яҳува,+ ки дар пеши даҳлез+ сохта буд, ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ+ овардан гирифт. 13 Ӯ мувофиқи амри Мӯсо ҳар рӯз, дар шанбеҳо,+ навмоҳҳо+ ва идҳое, ки соле се бор ҷашн гирифта мешуданд,+ яъне Иди Фатир,+ Иди Ҳафтаҳо+ ва Иди Хаймаҳо*,+ қурбонӣ меовард. 14 Илова бар ин, ӯ мувофиқи қоидае, ки падараш Довуд муқаррар карда буд, гурӯҳҳои коҳинонро барои ба ҷо овардани хизматашон таъйин кард.+ Ӯ ҳамчунин левизодагонро ба ҷойҳояшон гузошт, то ки Худоро васфу ситоиш намоянд+ ва мувофиқи талаботи ҳаррӯза дар назди коҳинон хизмат кунанд, гурӯҳҳои дарбононро бошад, назди дарвозаҳои гуногун гузошт,+ зеро чунин буд амри Довуди марди Худо. 15 Онҳо амреро, ки шоҳ дар ҳар бобат ва дар бораи анборҳо ба коҳинон ва левизодагон дода буд, ба ҷо оварданд. 16 Тамоми кори Сулаймон аз рӯзи гузоштани таҳкурсии хонаи Яҳува+ то анҷоми сохтмон аз рӯйи назму тартиб буд. Ҳамин тавр хонаи Яҳува пурра сохта шуд.+
17 Он вақт Сулаймон ба Эсюн-Ҷобар+ ва Эйлот+ рафт, ки дар замини Адӯм, дар соҳили баҳр, мебошанд.+ 18 Ҳиром+ бо хизматгоронаш ба ӯ киштиҳо ва баҳрнавардони кордидаро фиристод. Онҳо ҳамроҳи хизматгорони Сулаймон ба Ӯфир+ рафтанд ва аз он ҷо 450 киккар* тилло+ гирифта, ба шоҳ Сулаймон оварданд.+