Забур
Таронаи Довуд.
144 Яҳува, Кӯҳпораи маро,+ ҳамду сано бод,
Ӯ ба дастонам ҷангро меомӯзад
Ва ба ангуштонам ҳарбу зарбро.+
2 Ӯ бароям меҳру вафо ва қалъа аст.
Ӯ паноҳгоҳ ва раҳокунандаи ман,
Сипари ман ва сарпаноҳи ман аст.+
Ӯ халқҳоро ба ман тобеъ мегардонад.+
3 Эй Яҳува, чист инсон, ки ӯро пай барӣ
Ва фарзанди одам, ки ба ӯ диққат диҳӣ?+
7 Дастонатро аз боло дароз кун,
Маро халосӣ деҳ ва аз обҳои хурӯшон раҳо кун,
Аз дасти бегонагон наҷот деҳ,+
8 Аз дасти касоне, ки бо даҳонашон дурӯғ мегӯянд
Ва дасти росташонро барои қасами дурӯғ хӯрдан мебардоранд.
9 Худоё, дар васфат суруди нав месароям.+
Бар сози даҳтор дар васфат месароям*,
10 Дар васфи ту, ки ба подшоҳон ғалаба ато мекунӣ,+
Дар васфи ту, ки бандаат Довудро аз шамшери марговар наҷот медиҳӣ.+
11 Маро халосӣ деҳ ва аз дасти бегонагон раҳо кун,
Аз дасти касоне, ки бо даҳонашон дурӯғ мегӯянд
Ва дасти росташонро барои қасами дурӯғ хӯрдан мебардоранд.
12 Он гоҳ писаронамон мисли навниҳол ба зудӣ нашъунамо меёбанд,
Духтаронамон мисли сутунгӯшаҳое мегарданд, ки барои қаср кандакорӣ шудаанд.
13 Анборҳоямон аз ҳар навъ ҳосил пур мешаванд,
Рамаҳоямон ҳазорӣ ва даҳҳазорӣ зиёд мегарданд.
14 Чорвоямон ҳомила шуда, зиёне нахоҳад дид ва бача нахоҳад партофт,
Фиғоне дар кӯчаҳои мо шунида нахоҳад шуд.
15 Хушбахт аст халқе, ки чунин ҳол дорад!
Хушбахт аст халқе, ки Худояш Яҳува аст!+