Забур
Эй тамоми вуҷудам, Яҳуваро ситоиш намо.+
2 Яҳуваро тамоми умр ситоиш хоҳам кард,
То даме зиндаам дар васфи Худоям хоҳам суруд*.
3 Ба мирон такя накунед,
Ба фарзанди одам таваккал накунед, зеро аз ӯ умеди наҷот нест.+
5 Хушбахт аст касе, ки Худои Яъқуб мададгори ӯст+
Ва умеди ӯ Худояш Яҳува аст,+
6 Хушбахт аст касе, ки ба Офаридгори осмону замин ва ҳар чӣ дар онҳост, умед мебандад,
Ба Офаридгори баҳр ва ҳар чӣ дар он аст,+
Ба Он кӣ ҳамеша бовафост,+
7 Ба Он кӣ ба доди фиребхӯрдагон мерасад
Ва ба гуруснагон нон медиҳад.+
Яҳува бандиёнро озод мекунад.+
8 Яҳува чашмони кӯронро мекушояд,+
Яҳува хамидақоматонро рост мегардонад,+
Яҳува росткоронро дӯст медорад.
9 Яҳува ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд,
Ятим ва бевазанро пуштибонӣ мекунад,+
Вале нақшаҳои бадкоронро вайрон месозад.+
10 Яҳува доимо подшоҳ хоҳад буд,+
Худои ту, эй Сион, то абад подшоҳ хоҳад буд.
Ёҳро* ситоиш кунед!