Забур
Таронаи Довуд, барои ёдоварӣ.
38 Эй Яҳува, дар хашми худ маро сарзаниш накун
Ва дар ғазабат ислоҳ нанамо,+
2 Зеро тирҳоят ба танам фурӯ рафтаанд
Ва дасти ту бар ман гаронӣ мекунад.+
3 Аз ғазаби ту дар баданам ҷойи сиҳате намондааст,
Устухонҳои баданам аз пушти гуноҳам оромӣ надоранд,+
4 Зеро гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст,+
Мисли бори гароне, ки аз тавонам берун аст.
5 Аз сабаби беақлиям
Захмҳоям бадбӯ гашта, чирк гирифтаанд.
6 Ғамзадаву сарафкандаам,
Рӯзи дароз ғамгин ин сӯву он сӯ мегардам.
7 Дарун-дарун месӯзам,
Дар ҷисмам ҷойи сиҳате нест.+
8 Гарангу пакар ва зери по гаштаам,
Аз дили пуралам фарёд* мезанам.
9 Эй Яҳува, орзуҳоям ба ту ошкоранд
Ва оҳу фиғонам аз ту пӯшида нест.
10 Дилам сахт метапад, беҳолу мадор шудаам
Ва нур аз чашмонам рафтааст.+
11 Ёру дӯстонам захмҳоямро дида, аз ман мегурезанд,
Рафиқонам аз ман дурӣ меҷӯянд.
12 Онҳое, ки қасди ҷонамро доранд, дар пешам дом мегузоранд.
Бадхоҳонам дар бораи харобиям сухан мегӯянд,+
Рӯзи дароз найранг меандешанд.
14 Мисли ношунавоён гаштаам,
Мисли касоне, ки барои ҳимояи худ чизе намегӯянд,
15 Зеро ба ту, эй Яҳува, умед бастам+
Ва ту, эй Худоям Яҳува, ба дуоям ҷавоб додӣ.+
16 Ман гуфтам: «Нагзор, ки онҳо бар ман тантана кунанд
Ва, агар поям билағжад, худро аз ман боло гиранд»,
17 Зеро қариб буд, ки фурӯ ғалтам
Ва дард ҳамраҳи доимиям буд.+
19 Душманонам пурзӯру тавоноянд,
Онҳое, ки бесабаб маро бад мебинанд, зиёд гаштаанд.
20 Онҳо бар ивази некиям бадӣ карданд,
Бо ман душманӣ меварзиданд, зеро аз пайи некӣ будам.
21 Танҳоям намон, эй Яҳува.
Худоё, аз ман дур набош.+
22 Ба мададам бишитоб,
Эй Яҳува, наҷоти ман.+