Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози едутун*.+ Таронаи Довуд.
39 Ба худ гуфтам: «Эҳтиёт шуда қадам мемонам,
То бо забонам гуноҳе накунам.+
То даме ки бадкор дар пешам аст,
Даҳонамро лаҷом мезанам.+
3 Дилу дарунам месӯхт,
Ҳангоми андеша карданам оташи дарунам хомӯш намешуд.
Он гоҳ ин суханонро ба забон овардам:
4 Эй Яҳува, мадад кун, ки аз анҷоми худ
Ва шумораи рӯзҳоям огоҳ шавам,+
То бидонам, ки умрам чӣ қадар кӯтоҳ аст.
Ба ростӣ, ҳар як инсон чӣ қадар тавоно набошад, як нафасе беш нест.+ (Село)
6 Дар ҳақиқат, инсон мисли соя ҳеҷ аст.
Ӯ беҳуда ташвиш мекашад.
Сарват ғун мекунаду намедонад, ки он насиби кӣ мешавад.+
7 Пас, ба чӣ умед бандам, эй Яҳува?
Умеди танҳоям туӣ.
8 Маро аз ҳама ҷиноятҳоям халос кун.+
Нагузор, ки хандахариши аҳмақ гардам.
10 Балоеро, ки бар сарам овардӣ, аз ман дур кун.
Аз зарбаи дастат беҳол гаштаам.
11 Инсонро барои хатояш ҷазо дода, ислоҳ мекунӣ,+
Чизҳоеро, ки барояш азизанд, мисли куя фурӯ мебарӣ.
Ба ростӣ, умри одам як дам аст.+ (Село)
12 Дуоямро бишнав, эй Яҳува,
Ба додам бирас.+
Аз ашкҳоям чашм напӯш,
Зеро ман пеши назарат як ғарибам,+
Мисли ҳамаи бобоёнам як мусофири раҳгузарам.+
13 Нигоҳи ғазаболудатро аз ман дур кун, то каме кушодарӯ шавам,
Пеш аз он ки биравам ва нопадид гардам».