Омӯс
3 «Эй халқи Исроил, эй хонадоне, ки аз замини Миср баровардаам, каломеро, ки Яҳува дар бораи ту гуфтааст, бишнав:
2 “Ман дар миёни ҳамаи хонадонҳои рӯйи замин танҳо туро шинохтаам,+
Барои ҳамин туро барои ҳамаи гуноҳҳоят ҷазо медиҳам.+
3 Магар ду кас маслиҳат накарда якҷоя ба роҳ мебароянд?
4 Оё шер туъма ба чанг наоварда, дар ҷангал наъра мезанад?
Оё шери ҷавон чизе сайд накарда, дар лонааш меғуррад?
5 Оё паранда, агар барояш дар замин дом нагузоранд*, ба он меафтад?
Оё дом, агар ба он ягон чиз наафтад, аз замин бардошта мешавад?
6 Агар дар шаҳр шох навозанд, оё мардум ба ларза намеояд?
Агар ба шаҳр балое ояд, оё он аз ҷониби Яҳува нест?
7 Парвардигор Яҳува то сиррашро ба бандагонаш пайғамбарон ошкор насозад, коре намекунад.+
8 Шер ки наъра зад,+ кӣ наметарсад?
Парвардигор Яҳува ки бигӯяд, кӣ пешгӯйӣ намекунад?+
9 Дар қалъаҳои Ашдӯду замини Миср эълон карда бигӯед:
10 Онҳое, ки дар қалъаҳои худ зулму тороҷро захира мекунанд,
Росткориро намедонанд”,— мегӯяд Яҳува.
11 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
12 Яҳува чунин мегӯяд:
“Чуноне ки чӯпон танҳо ду по ё пораи гӯши молро аз даҳони шер кашида мегирад,
Ончунон каме аз халқи Исроил, аз онҳое, ки дар Сомария бар ҷогаҳҳои зебо ва катҳои беҳтарин* нишастаанд, кашида гирифта мешаванд.+
13 Бишнавед ва хонадони Яъқубро огоҳ кунед*,— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо.—
14 Рӯзе ки Исроилро барои ҳамаи исёнҳояш* ҷазо диҳам,+
Барои қурбонгоҳҳои Байт-Ил низ ҷазо медиҳам+
Ва шохҳои қурбонгоҳро шикаста, ба замин мепартоянд.+
15 Ман ҳам хонаи зимистонӣ ва ҳам хонаи тобистониро вайрон мекунам.