1 Подшоҳон
11 Пас аз якчанд вақт Ноҳоши аммӯнӣ+ ба ҷанг баромада, дар Ҷилъод, дар муқобили Ёбиш,+ урду зад. Ҳамаи мардони Ёбиш ба Ноҳош гуфтанд: «Бо мо аҳд бибанд ва мо ба ту хизмат мекунем». 2 Ноҳоши аммӯнӣ ба онҳо гуфт: «Ман бо шумо ба шарте аҳд мебандам, ки чашми рости ҳамаи шуморо канам. Ман ин корро барои шармсор кардани тамоми Исроил мекунам». 3 Пирони Ёбиш ба ӯ ҷавоб доданд: «Ба мо ҳафт рӯз бидеҳ, то ки ба саросари Исроил хабаррасононро фиристем ва, агар касе моро наҷот надиҳад, ба ту таслим мешавем». 4 Чанде пас хабаррасонон ба Ҷибъои+ Шоул расида, ин суханонро ба гӯши мардум расонданд ва мардум бо тамоми овоз гирист.
5 Шоул, ки аз паси говҳо аз саҳро меомад, гуфт: «Бо мардум чӣ шуд? Барои чӣ онҳо гиряву нола мекунанд?» Онҳо суханони мардони Ёбишро ба ӯ нақл карданд. 6 Вақте ки ин суханон ба гӯши Шоул расид, рӯҳи Худо ӯро фаро гирифт+ ва қаҳру ғазабаш аланга зад. 7 Ӯ ҷуфти буққаҳоро гирифта, пора-пора кард ва ин пораҳоро бо дасти хабаррасонон ба тамоми сарзамини Исроил фиристода, гуфт: «Ҳар касе аз паси Шоул ва Самуил наояд, бидонад, ки бо говонаш чунин мекунанд!» Он гоҳ тарси Яҳува халқро фаро гирифт ва онҳо муттаҳид шуда берун омаданд. 8 Шоул онҳоро дар Бозақ ба шумор овард: дар он ҷо 300 000 марди исроилӣ ва 30 000 марди яҳудӣ буд. 9 Онҳо ба хабаррасононе, ки омада буданд, гуфтанд: «Ба мардони Ёбиши Ҷилъод чунин бигӯед: “Пагоҳ, вақте ки офтоб баланд шавад, шумо наҷот меёбед”». Хабаррасонон ба Ёбиш омада, ин суханонро расонданд ва мардуми он ҷо беҳад хурсанд шуданд. 10 Сипас мардони Ёбиш ба аммӯниён гуфтанд: «Пагоҳ мо худро ба дасти шумо месупорем ва ҳар чизе хоҳед, бо мо бикунед».+
11 Рӯзи дигар Шоул халқро ба се қисм ҷудо кард ва онҳо дар поси саҳарӣ* ба даруни урдугоҳ роҳ пеш гирифтанд ва аммӯниёнро+ то тафси рӯз зарба заданд. Онҳое, ки халос хӯрданд, пароканда шуданд, ба тавре ки ҳатто ду кас якҷоя набуд. 12 Баъд аз ин мардум ба Самуил гуфт: «Кӣ гуфта буд: “Наход ки Шоул подшоҳи мо шавад?”+ Он одамонро ба дасти мо супоред ва мо онҳоро мекушем». 13 Вале Шоул гуфт: «Ҳеҷ кас набояд дар ин рӯз кушта шавад,+ чунки Яҳува имрӯз Исроилро наҷот дод».
14 Баъдтар Самуил ба мардум гуфт: «Биёед ба Ҷилҷол+ рафта, бори дигар Шоулро подшоҳ эълон кунем».+ 15 Он гоҳ тамоми мардум ба Ҷилҷол омада, дар он ҷо Шоулро ба ҳузури Яҳува подшоҳ таъйин карданд. Сипас онҳо ба ҳузури Яҳува қурбониҳои осоиштагӣ оварданд+ ва Шоулу тамоми мардуми Исроил шодию хурсандии бисёре карданд.+