Айюб
29 Айюб суханашро* давом дода гуфт:
2 «Эй кош моҳҳои рафта бозмегаштанд,
Рӯзҳое, ки Худо маро нигаҳбонӣ мекард,
3 Вақте чароғаш бар сарам нур мепошид
Ва нури ӯ дар торикӣ пеши роҳамро равшан мекард,+
4 Рӯзҳои гул-гулшукуфии умрам,
Вақте аз дӯстӣ бо Худо хаймаам саршори баракат буд,+
5 Вақте Худои Тавоно* ҳанӯз бо ман буд,
Вақте фарзандонам* дар гирду атрофам буданд,
6 Вақте пойҳоямро дар маска мешустам
Ва аз кӯҳпора бароям равған мерехт.+
7 Вақте назди дарвозаҳои шаҳр+ мерафтам
Ва дар майдон+ барои худ ҷой мегирифтам,
8 Ҷавонон маро дида роҳ медоданд
Ва пирон аз ҷой хеста, дигар наменишастанд.+
9 Мирон аз гап бозмеистоданд
Ва даст бар даҳон мегузоштанд.
10 Овози пешвоён хомӯш мешуд,
Ва забонашон ба комашон мечаспид.
11 Ҳар касе маро гӯш мекард, дар ҳаққам гапи хуб мегуфт
Ва касе маро медид, таърифам мекард,
14 Росткориро мисли либос мепӯшидам
Ва инсофро монанди ҷомаву салла дар бар мекардам.
15 Ман барои кӯр чашм мешудам
Ва барои ланг пойи равон.
17 Даҳони бадкорро мешикастам+
Ва сайдро аз дандонҳояш кашида мегирифтам.
19 Решаҳоям сӯйи об паҳн мешаванд
Ва дар шохаҳоям тамоми шаб шабнам қарор мегирад.
20 Обрӯю ҷалолам ҳеҷ гоҳ кам намешавад
Ва камони дастам аз тир задан бознамемонад”.
21 Мардум маро бодиққат гӯш мекарданд
Ва хомӯш истода маслиҳатамро интизор мешуданд.+
22 Вақте гапамро тамом мекардам, ҳеҷ чиз илова намекарданд.
Суханонам ба гӯшҳои онҳо нарм мечакид.
23 Онҳо маро мисли борон нигарон мешуданд,
Мисли он ки борони баҳорро интизор бошанд, даҳони худро калон мекушоданд.+
24 Вақте ба онҳо табассум мекардам, боварашон намеомад.
Нури рӯйи ман онҳоро дилпур мекард*.