3 Мӯсо
13 Яҳува гапашро давом дода ба Мӯсову Ҳорун гуфт: 2 «Агар дар пӯсти бадани одам варам, карахш* ё доғе пайдо шавад ва он ба касалии махав*+ монанд бошад, ӯро бояд назди Ҳоруни коҳин ё яке аз писарони коҳинаш биёранд.+ 3 Коҳин он захмеро, ки бар пӯсти бадан аст, аз назар мегузаронад. Агар мӯйҳои рӯйи захм сафед шуда бошанд ва коҳин бинад, ки захм аз пӯсти бадан чуқуртар аст, ин касалии махав мебошад. Коҳин онро аз назар мегузаронад ва беморро нопок эълон мекунад. 4 Аммо, агар доғи баданаш сафед бошад ва коҳин бинад, ки он аз пӯсти бадан чуқуртар нест ва мӯйҳои рӯйи доғ сафед нашудаанд, коҳин беморро ба муддати ҳафт рӯз аз дигарон ҷудо мекунад.+ 5 Ӯ дар рӯзи ҳафтум беморро аз назар мегузаронад ва, агар бинад, ки захм мисли аввала аст ва дар пӯст паҳн нашудааст, ӯро боз ба муддати ҳафт рӯз аз дигарон ҷудо мекунад.
6 Коҳин дар рӯзи ҳафтум бояд ӯро боз аз назар гузаронад ва, агар ранги захм каму беш ба пӯсти солим монанд шуда бошад ва он паҳн нашуда бошад, коҳин ӯро пок эълон мекунад;+ ин танҳо карахш аст. Шахс бояд либосҳои худро шӯяд ва ӯ пок мегардад. 7 Вале, агар, баъди он ки шахс худро ба коҳин нишон дод ва пок эълон шуд, карахш* бар пӯсташ паҳн шавад, вай бояд боз назди коҳин биёяд. 8 Коҳин онро аз назар мегузаронад ва, агар карахш бар пӯст паҳн шуда бошад, коҳин ӯро нопок эълон мекунад. Ин махав аст.+
9 Агар шахс гирифтори бемории махав шавад, ӯ бояд назди коҳин оварда шавад 10 ва коҳин ӯро аз назар мегузаронад.+ Агар бар пӯст варами сафеде пайдо шавад ва мӯйҳои рӯйи варам сафед гарданду бар варам гӯшт намоён шавад,+ 11 пас, бар пӯсти вай махави куҳна аст. Коҳин ӯро нопок эълон мекунад. Шарт нест ӯро барои мушоҳидаи беморияш аз дигарон ҷудо кунанд,+ чунки вай нопок аст. 12 Агар махав тамоми баданро фаро гирад ва беморӣ сар то пойи одамро пӯшонад, ба андозае ки чашмони коҳин дида тавонад, 13 ва ҳангоми аз назар гузаронидан маълум шавад, ки махав тамоми пӯсти баданро пӯшондааст, коҳин беморро пок эълон мекунад*. Тамоми пӯсти бадан сафед шудааст ва ӯ пок аст. 14 Лекин, агар бар он гӯшти бадан намоён шавад, ӯ нопок аст. 15 Агар коҳин гӯштро, яъне яраи кушодаро бинад, ӯ беморро нопок эълон мекунад.+ Яраи кушода нопок аст. Ин махав мебошад.+ 16 Вале, агар яра тағйир ёфта, боз сафед шавад, бемор бояд боз назди коҳин биёяд. 17 Коҳин ӯро аз назар мегузаронад+ ва, агар захм сафед шуда бошад, коҳин беморро пок эълон мекунад. Вай пок аст.
18 Агар бар пӯсти бадани шахс пучак пайдо шавад ва он шифо ёбад, 19 аммо ба ҷойи пучак варами сафед ё доғи сафеди сурхчатоб пайдо шавад, ӯ бояд худро ба коҳин нишон диҳад. 20 Коҳин онро аз назар мегузаронад+ ва, агар бинад, ки он аз пӯсти бадан чуқуртар аст ва мӯйҳои рӯйи варам сафед шудаанд, ӯро нопок эълон мекунад. Ин махавест, ки бар пучак ба вуҷуд омадааст. 21 Вале, агар коҳин онро аз назар гузаронад ва бинад, ки бар пучак мӯйи сафеде нест, он аз пӯсти бадан чуқуртар нест ва рангаш каму беш ба пӯсти солим монанд шудааст, беморро ба муддати ҳафт рӯз аз дигарон ҷудо мекунад.+ 22 Агар он бар пӯсти бадан паҳн шуда бошад, коҳин ӯро нопок эълон мекунад. Ӯ гирифтори махав аст. 23 Аммо, агар доғ дар як ҷо монда, паҳн нашуда бошад, ин махав нест, балки газаки пучак аст ва коҳин ӯро пок эълон мекунад.+
24 Агар бар бадани касе захме аз оташ бошад ва бар гӯшти он захм доғи сафеди сурхчатоб ё сафеде пайдо шавад, 25 коҳин онро аз назар мегузаронад. Агар мӯйҳои рӯйи доғ сафед шуда бошанд ва ӯ бинад, ки он аз пӯсти бадан чуқуртар аст, ин махавест, ки бар захм пайдо шудааст, ва коҳин ӯро нопок эълон мекунад. Ин касалии махав аст. 26 Вале, агар коҳин онро аз назар гузаронда бинад, ки бар доғ мӯйи сафеде нест, он аз пӯсти бадан чуқуртар нест ва ранги он каму беш ба пӯсти солим монанд шудааст, ӯро ба муддати ҳафт рӯз аз дигарон ҷудо мекунад.+ 27 Дар рӯзи ҳафтум коҳин ӯро аз назар мегузаронад ва, агар бинад, ки он бар пӯсти бадан паҳн шудааст, ӯро нопок эълон мекунад. Ин касалии махав аст. 28 Аммо, агар доғ дар як ҷой бимонаду бар пӯсти бадан паҳн нашавад ва рангаш каму беш ба пӯсти солим монанд бошад, ин махав нест, балки захм варам кардааст. Коҳин ӯро пок эълон мекунад, зеро ин махав нест, балки газаки захм аст.
29 Агар бар сар ё манаҳи зан ё мард захм пайдо шавад, 30 коҳин онро аз назар мегузаронад.+ Агар бинад, ки он аз пӯсти бадан чуқуртар аст ва мӯйҳои рӯйи захм зарди тунук аст, коҳин чунин шахсро нопок эълон мекунад. Ин захмест, ки бар сар ё риш пайдо шудааст. Ин махави сар ё манаҳ аст. 31 Лекин, агар коҳин бинад, ки захм аз пӯсти бадан чуқуртар нест ва бар он мӯйи сиёҳе нест, бояд беморро ба муддати ҳафт рӯз аз дигарон ҷудо кунад.+ 32 Коҳин дар рӯзи ҳафтум онро аз назар мегузаронад ва, агар захм паҳн нашуда бошад ва бар он мӯйи зарде пайдо нашуда бошаду захм аз пӯсти бадан чуқуртар набошад, 33 шахс бояд сару риши худро тарошад, аммо ҷойи захмро натарошад. Коҳин бояд беморро ба муддати ҳафт рӯз аз дигарон ҷудо кунад.
34 Дар рӯзи ҳафтум коҳин боз ҷойи захмро аз назар мегузаронад ва, агар захме, ки бар сар ё риш аст, ба дигар ҷойҳо паҳн нашуда бошад ва аз пӯсти бадан чуқуртар набошад, коҳин бояд ӯро пок эълон кунад. Он шахс бояд либосҳои худро шӯяд ва ӯ пок мешавад. 35 Аммо, агар баъди пок гаштанаш захм бар пӯсти бадан паҳн шавад, 36 коҳин ӯро аз назар мегузаронад ва, агар захм бар пӯсти бадан паҳн шуда бошад, шарт нест, ки коҳин мӯйҳои зардро ҷустуҷӯ кунад — ин шахс нопок аст. 37 Аммо, агар захм паҳн нашуда бошад ва бар он мӯйи сиёҳ баромада бошад, захм шифо ёфтааст. Ӯ пок аст ва коҳин ӯро пок эълон мекунад.+
38 Агар бар пӯсти бадани мард ё зан доғҳо пайдо шаванд ва онҳо сафед бошанд, 39 коҳин бояд онҳоро аз назар гузаронад.+ Агар доғҳои бадан сафедчатоб бошанд, ин доначаҳои безарарест, ки бар пӯст баромадааст. Он шахс пок аст.
40 Агар мӯйи сари касе резаду вай кал шавад, вай пок аст. 41 Агар мӯйи пеши сараш резад ва он ҷояш кал шавад, вай пок аст. 42 Аммо, агар дар қисми бемӯйи сар ё пешониаш захми сафеди сурхчатобе пайдо шавад, ин махавест, ки дар сар ё пешонии вай пайдо шудааст. 43 Коҳин ӯро аз назар мегузаронад ва, агар дар ҷойи калшуда — хоҳ бар фарқи сар бошад, хоҳ бар пешона — варами захм сафеди сурхчатоб бошад ва ба махави пӯст монанд бошад, 44 ӯ гирифтори касалии махав шудааст. Ӯ нопок аст ва коҳин бояд ӯро нопок эълон кунад, зеро бар сари ӯ касалӣ пайдо шудааст. 45 Махавӣ бояд либосҳои худро чок занад, мӯйи сарашро титу парешон гузорад ва даҳонашро то мӯйлабаш пӯшонад ва “Нопок, нопок!” гӯён фарёд занад. 46 Ӯ тамоми он вақте ки махавӣ аст, нопок мемонад. Азбаски ӯ нопок аст, бояд аз дигарон ҷудо зиндагӣ кунад ва ҷойи зисташ берун аз хаймагоҳ бошад.+
47 Чунин шуданаш мумкин аст, ки бар либос махав пайдо шавад, хоҳ он аз пашм бошад, хоҳ катон, 48 хоҳ дар тор ва хоҳ дар пуди катон ё пашм, хоҳ дар чарм ва ё чизи чармин. 49 Агар бар либос, чарм, тору пуд ё ягон чизи чармин доғи сабзи зардчатоб ё сурх пайдо шавад, ин махав аст ва онро бояд ба коҳин нишон дод. 50 Коҳин матои доғдорро аз назар мегузаронад ва онро ба муддати ҳафт рӯз ҷудо мекунад.+ 51 Агар ӯ матоъро дар рӯзи ҳафтум аз назар гузаронад ва бубинад, ки махав бар он бештар паҳн шудааст, хоҳ он тор бошад, хоҳ пуд, хоҳ чарм (бо кадом мақсаде, ки чарм истифода нашавад), ин бемории сирояткунандаи махав аст ва он матоъ нопок аст.+ 52 Онро бояд сӯзонд, хоҳ он либос бошад, хоҳ тор ё пуди пашму катон ва хоҳ ягон чизи чармин. Бар матоъ махави сирояткунанда аст. Он бояд дар оташ сӯзонда шавад.
53 Аммо, агар коҳин матоъро аз назар гузаронад ва бубинад, ки доғ бар либос, тор ё пуд ва ё дар чизи чармин паҳн нашудааст, 54 коҳин бояд фармояд, ки чизе, ки доғ бар он аст, шушта шавад ва ӯ онро боз ба муддати ҳафт рӯз ҷудо мекунад. 55 Сипас коҳин чизеро, ки бар он доғ буд, баъд аз он ки нағзакак шуста мешавад, аз назар мегузаронад. Агар доғ дар он матоъ ҳолати аввалаи худро дигаргун накарда бошад, он нопок аст, ҳатто агар он дар либос бештар паҳн нашуда бошад. Онро дар оташ бисӯзон, зеро он аз дарун ё берунаш хӯрда шудааст.
56 Аммо, агар коҳин онро аз назар гузаронад ва бубинад, ки, ҷое ки бар он доғ пайдо шудааст, пас аз нағзакак шуста шуданаш камранг гаштааст, ӯ бояд ҷойи доғдорро аз либос, чарм, тор ё пуд дарронда партояд. 57 Аммо, агар доғ боз дар ягон ҷойи дигари либос, тор ё пуд ва ягон чизи чармин пайдо шавад, он паҳн шуда истодааст. Ҳар чиро, ки доғ дорад, дар оташ бисӯзон.+ 58 Лекин, агар доғ аз либос, тор ё пуд ё аз чизи чармине, ки ту бишӯйӣ, гум шавад, онро дуюмбора бишӯй ва он пок мешавад.
59 Ин аст қонун дар бораи махаве, ки бар либосе аз пашм ё катон, тор ё пуд ё ягон чизи чармин пайдо шудааст, то коҳин онро пок ё нопок эълон карда тавонад».