5 Мӯсо
23 Ҳеҷ марде, ки ахта шудааст ё олати ҷинсияш бурида шудааст, наметавонад ба ҷамоати Яҳува дохил шавад.+
2 Ҳеҷ ҳаромзода наметавонад ба ҷамоати Яҳува дохил шавад.+ Ҳатто то насли даҳум, фарзандони ин шахс наметавонанд ба ҷамоати Яҳува дохил шаванд.
3 Ҳеҷ аммӯнӣ ё мӯобӣ наметавонад ба ҷамоати Яҳува дохил шавад.+ Ҳатто то насли даҳумашон ҳеҷ яке аз фарзандони онҳо наметавонад ба ҷамоати Яҳува дохил шавад, 4 зеро онҳо шуморо, вақте аз Миср мебаромадед, бо нону об пешвоз нагирифтанд+ ва Билъоми писари Баӯрро, ки аз Фатӯри Байнаннаҳрайн буд, киро карданд, то шуморо дуои бад кунад*.+ 5 Аммо Худоят Яҳува ба Билъом гӯш наандохт.+ Худоят Яҳува ба хотири ту лаънати ӯро ба баракат табдил дод,+ зеро Худоят Яҳува туро дӯст медорад.+ 6 Тамоми умр бохабар бош, ки барои осоиштагӣ ва беҳбудии онҳо кӯшиш накунӣ.+
7 Адӯмиро бад набин, зеро ӯ бародари туст.+
Мисриро бад набин, зеро ту дар замини вай ғариб будӣ.+ 8 Фарзандоне, ки аз онҳо таваллуд мешаванд, аз насли сеюм метавонанд ба ҷамоати Яҳува дохил шаванд.
9 Ҳангоме урду мезанӣ, то бар зидди душманонат биҷангӣ, эҳтиёт шав, ки ба кори баде даст назанӣ.+ 10 Агар аз бадани марде шабона нутфа ҷорӣ гардаду ӯ нопок шавад,+ бояд аз хаймагоҳ берун равад ва ба он надарояд. 11 Бегоҳ ки шуд, ӯ бояд бо об шустушӯ кунад ва ҳангоми нишастани офтоб метавонад ба хаймагоҳ баргардад.+ 12 Берун аз хаймагоҳ ҷое тайёр кунед, то барои қазои ҳоҷат он ҷо равед. 13 Бо дигар асбобу анҷомат ҳамроҳи худ ҳатман белча дошта бош. Вақте барои қазои ҳоҷат мешинӣ, чуқурие бикан ва ахлоти худро дар он ҷо гӯр кун, 14 зеро Худоят Яҳува дар хаймагоҳи ту гардиш мекунад,+ то туро аз дасти душманонат халос кунад ва онҳоро ба дасти ту супорад. Дар ин ҳолат хаймагоҳи ту бояд поку муқаддас бошад,+ то Худо ифлосиеро дида, аз ту рӯй нагардонад.
15 Ғуломеро, ки аз хӯҷаини худ гурехта, пеши ту омадааст, ба дасти соҳибаш насупор. 16 Бигзор ӯ дар миёни ту, дар яке аз шаҳрҳоят, дар куҷое ки хоҳад, зиндагӣ кунад. Ӯро азоб надеҳ.+
17 Ҳеҷ яке аз духтарони Исроил набояд фоҳиша шавад+ ва ҳеҷ яке аз мардони Исроил набояд танфурӯшӣ кунад*.+ 18 Музди фоҳиша ва ё марди танфурӯшро* ба хонаи Худоят Яҳува барои иҷро кардани назрат* наор, зеро ҳар дуи онҳо дар назари Худоят Яҳува нафратоваранд.
19 Ба бародарат бо фоида қарз надеҳ,+ хоҳ пул бошад, хоҳ хӯрок, хоҳ чизи дигаре, ки аз он фоида гирифтан мумкин бошад. 20 Ту метавонӣ ба шахсе, ки аз халқи бегона аст, бо фоида қарз диҳӣ,+ вале аз бародари худ қарзро бо фоидааш талаб накун,+ то Худоят Яҳува туро дар замине, ки онро соҳиб мешавӣ, дар ҳар корат баракат диҳад.+
21 Агар ту ба Худоят Яҳува назр кунӣ,+ дар иҷрои он сустӣ накун.+ Охир, Худоят Яҳува иҷрои онро ҳатман аз ту талаб мекунад. Агар онро иҷро накунӣ, гуноҳи он бар гарданат бор мешавад.+ 22 Вале, агар аз назр кардан худдорӣ намоӣ, гунаҳкор намешавӣ.+ 23 Суханеро, ки аз даҳонат баромад, ҳатман ба ҷо ор+ ва он чиро, ки назр кардӣ, то ба Худоят Яҳува чун ҳадияи ихтиёрӣ биёрӣ, ба ҷо ор.+
24 Агар ба токзори каси дигар биёӣ, метавонӣ аз ангури ӯ шикамсерӣ бихӯрӣ, аммо ба сабадат чизе наандоз.+
25 Агар ба ғаллазори каси дигар равӣ, аз хӯшаҳои он метавонӣ бо дастат бичинӣ, аммо дар ғаллазори вай досатро кор нафармо.+