Забур
Таронаи Довуд.
143 Эй Яҳува, дуои маро бишнав,+
Ба зориям гӯш андоз.
Аз рӯйи росткориву адолати худ ба ман ҷавоб деҳ.
2 Бо бандаи худ ба мурофиа набиё,
Зеро ҳеҷ як зиндае нест, ки пеши ту худро сафед карда тавонад.+
3 Душман аз пасам сур мекунад,
Ӯ ҷонамро ба хок яксон кардааст.
Ӯ маро дар торикӣ сокин намудааст,
Ман мисли касонеам, ки кайҳо боз мурдаанд.
5 Рӯзҳои пешро ба хотир меорам,
Дар бораи корномаҳои ту андеша меронам.+
Бо завқ дар бораи амали дастонат фикру хаёл мекунам*.
6 Сӯйи ту дасти дуо мебардорам.
Ҷонам мисли замини хушкида ташнаи туст.+ (Село)
7 Ба зудӣ ба ман ҷавоб деҳ, эй Яҳува.+
Ҷонам ба лаб омадааст.+
8 Саҳаргоҳон меҳру вафоятро ба ман бишнавон,
Зеро ба ту таваккал дорам.
Роҳеро, ки бояд бо он биравам, ба ман маълум соз,+
Зеро ба ту рӯ овардаам.
9 Маро аз душманонам халос кун, эй Яҳува.
Ба ту паноҳ мебарам.+
10 Маро таълим деҳ, то хостатро ба ҷо орам,+
Зеро ту Худои манӣ.
Ту некуӣ,
Бигзор рӯҳи ту маро дар замини ҳамвор* раҳнамоӣ кунад.
11 Ба хотири номат, эй Яҳува, маро зинда нигоҳ дор.
Аз рӯйи адолатат ҷонамро аз ғам раҳо кун.+
12 Аз рӯйи меҳру вафоят бадхоҳонамро нобуд соз.+