Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав Шарҳи мухтасари 1 Мӯсо 1 МӮСО ШАРҲИ МУХТАСАР 1 Офариниши осмону замин (1, 2) Замин дар муддати шаш рӯз тайёр карда мешавад (3–31) Рӯзи 1-ум: рӯшноӣ; рӯзу шаб (3–5) Рӯзи 2-юм: фазо (6–8) Рӯзи 3-юм: хушкӣ ва наботот (9–13) Рӯзи 4-ум: ҷисмҳои осмонӣ (14–19) Рӯзи 5-ум: моҳиҳову парандаҳо (20–23) Рӯзи 6-ум: ҷонварони рӯйи замин ва одамон (24–31) 2 Худо дар рӯзи ҳафтум аз корҳои худ ором мегирад (1–3) Яҳува Худо, Офаридгори осмону замин (4) Марду зан дар боғи Адан (5–25) Худо аз хок мардро меофарад (7) Аз дарахти шинохти неку бад хӯрдан манъ аст (15–17) Офарида шудани зан (18–25) 3 Одамон гуноҳ мекунанд (1–13) Аввалин сухани дурӯғ (4, 5) Яҳува исёнкоронро ҷазо медиҳад (14–24) Пешгӯйӣ дар бораи насли зан (15) Одамон аз боғи Адан ронда мешаванд (23, 24) 4 Қобил ва Ҳобил (1–16) Насли Қобил (17–24) Шет ва писараш Анӯш (25, 26) 5 Аз Одам то Нӯҳ (1–32) Одам соҳиби писарону духтарон мешавад (4) Ҳанӯх бо Худо роҳ мерафт (21–24) 6 Писарони Худо барои худ дар замин зан мегиранд (1–3) Бузургҷуссаҳо ба дунё меоянд (4) Бадкории одамизод Яҳуваро ғамгин месозад (5–8) Худо ба Нӯҳ мефармояд, ки киштӣ созад (9–16) Худо аз омадани тӯфон хабар медиҳад (17–22) 7 Нӯҳу аҳли оилааш бо ҳайвонҳо ба киштӣ медароянд (1–10) Тӯфон (11–24) 8 Обҳои тӯфон паст мешаванд (1–14) Нӯҳ кафтарро мефиристад (8–12) Нӯҳу аҳли оилааш аз киштӣ мебароянд (15–19) Ваъдаи Худо нисбати замин (20–22) 9 Дастурот барои тамоми одамизод (1–7) Қонун дар бораи хун (4–6) Аҳди тирукамон (8–17) Нӯҳ дар бораи фарзандонаш пешгӯйӣ мекунад (18–29) 10 Рӯйхати халқҳои рӯйи замин (1–32) Насли Ёфат (2–5) Насли Ҳом (6–20) Нимрӯд ба Яҳува зиддият мекунад (8–12) Насли Сом (21–31) 11 Бурҷи Бобил (1–4) Яҳува забонҳоро омехта мекунад (5–9) Аз Сом то Абром (10–32) Оилаи Тораҳ (27) Абром аз Ур меравад (31) 12 Абром Ҳорронро тарк карда, ба Канъон меравад (1–9) Ваъдаи Худо ба Абром (7) Абром ва Сорай дар Миср (10–20) 13 Абром ба Канъон бармегардад (1–4) Абром ва Лут ҷудо мешаванд (5–13) Худо ба Абром ваъдаашро такрор мекунад (14–18) 14 Абром Лутро наҷот медиҳад (1–16) Малкисодақ Абромро дуои нек мекунад (17–24) 15 Аҳди Худо бо Абром (1–21) Худо дар бораи 400 соли ранҷу азоб пешгӯйӣ мекунад (13) Худо ваъдаашро ба Абром такрор мекунад (18–21) 16 Ҳоҷар ва Исмоил (1–16) 17 Иброҳим падари халқҳои зиёде мегардад (1–8) Номи Абром Иброҳим мешавад (5) Аҳди хатна (9–14) Номи Сорай Соро мешавад (15–17) Худо таваллуди Исҳоқро пешгӯйӣ мекунад (18–27) 18 Се фаришта меҳмони Иброҳим мешаванд (1–8) Ба Соро фарзанд ваъда дода мешавад; Соро механдад (9–15) Иброҳим дар ҳаққи Садӯм Худоро илтимос мекунад (16–33) 19 Пеши Лут фариштагон меоянд (1–11) Ба Лут ва аҳли хонаводааш мегӯянд, ки тез аз шаҳр бароянд (12–22) Садӯму Амӯро несту нобуд мешаванд (23–29) Зани Лут сутуни намак мешавад (26) Лут ва духтаронаш (30–38) Пайдоиши Мӯоб ва Аммӯн (37, 38) 20 Соро аз дасти Абималик халос мешавад (1–18) 21 Таваллуди Исҳоқ (1–7) Исмоил Исҳоқро масхара мекунад (8, 9) Ҳоҷар ва Исмоилро равона мекунанд (10–21) Иброҳим бо Абималик аҳд мебандад (22–34) 22 Худо ба Иброҳим мегӯяд, ки Исҳоқро қурбон кунад (1–19) Халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли Иброҳим баракат меёбанд (15–18) Оилаи Ривқо (20–24) 23 Марги Соро ва гӯри ӯ (1–20) 24 Барои Исҳоқ зан мекобанд (1–58) Ривқо пеши Исҳоқ меравад (59–67) 25 Иброҳим боз зан мегирад (1–6) Марги Иброҳим (7–11) Писарони Исмоил (12–18) Таваллуди Яъқуб ва Эсов (19–26) Эсов нахустзодагияшро мефурӯшад (27–34) 26 Ҳаёти Исҳоқ ва Ривқо дар Ҷарор (1–11) Худо ваъдаеро, ки дода буд, ба Исҳоқ такрор мекунад (3–5) Нофаҳмиҳо аз сабаби чоҳҳо (12–25) Исҳоқ бо Абималик аҳд мебандад (26–33) Эсов ду зани ҳиттӣ мегирад (34, 35) 27 Яъқуб баракати Исҳоқро соҳиб мешавад (1–29) Эсов баракат меҷӯяд, вале ислоҳ намешавад (30–40) Эсов нисбати Яъқуб дар дил кина мегирад (41–46) 28 Исҳоқ Яъқубро ба Фаддони Арам мефиристад (1–9) Яъқуб дар Байт-Ил хоб мебинад (10–22) Худо ваъдаи додаашро ба Яъқуб такрор мекунад (13–15) 29 Яъқуб Роҳелро вомехӯрад (1–14) Яъқуб ба Роҳел ошиқ мешавад (15–20) Яъқуб Леё ва Роҳелро ба занӣ мегирад (21–29) Леё соҳиби чор писар мешавад: Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо (30–35) 30 Билҳо Дон ва Нафтолиро ба дунё меорад (1–8) Зилфо Ҷод ва Ошерро ба дунё меорад (9–13) Леё Иссокор ва Забулунро ба дунё меорад (14–21) Роҳел Юсуфро таваллуд мекунад (22–24) Рамаи Яъқуб зиёд мешавад (25–43) 31 Яъқуб пинҳонӣ ба Канъон рафтанӣ мешавад (1–18) Лобон Яъқубро дарёб мекунад (19–35) Яъқубу Лобон аҳд мебанданд (36–55) 32 Яъқуб фариштагонро мебинад (1, 2) Яъқуб ба вохӯрӣ бо Эсов тайёрӣ мебинад (3–23) Яъқуб бо фаришта гӯштин мегирад (24–32) Яъқуб Исроил номида мешавад (28) 33 Яъқуб Эсовро вомехӯрад (1–16) Яъқуб ба Шакем сафар мекунад (17–20) 34 Диноро таҷовуз мекунанд (1–12) Писарони Яъқуб маккорона амал мекунанд (13–31) 35 Яъқуб ба аҳли оилааш мефармояд, ки бутҳоро аз худ дур созанд (1–4) Яъқуб ба Байт-Ил бармегардад (5–15) Зода шудани Бинёмин ва марги Роҳел (16–20) 12 писари Исроил (21–26) Марги Исҳоқ (27–29) 36 Насли Эсов (1–30) Подшоҳон ва мирони Адӯм (31–43) 37 Хобҳои Юсуф (1–11) Бародаронаш ба Юсуф ҳасад мебаранд (12–24) Юсуфро ба ғуломӣ мефурӯшанд (25–36) 38 Яҳудо ва Томор (1–30) 39 Юсуф дар хонаи Фӯтифар (1–6) Юсуф ба зани Фӯтифар гӯш намедиҳад (7–20) Юсуф дар зиндон (21–23) 40 Юсуф хобҳои бандиёнро таъбир мекунад (1–19) Таъбир аз Худост (8) Ҷашни зодрӯзи фиръавн (20–23) 41 Юсуф хобҳои фиръавнро таъбир мекунад (1–36) Фиръавн Юсуфро соҳиби мансаби баланд мегардонад (37–46а) Юсуф хӯрок ҷамъ меорад (46б–57) 42 Бародарони Юсуф ба Миср мераванд (1–4) Юсуф бародаронашро вомехӯрад ва онҳоро месанҷад (5–25) Бародарони Юсуф ба пеши Яъқуб бармегарданд (26–38) 43 Бародарон Бинёминро ҳамроҳи худ гирифта, бори дуюм ба Миср сафар мекунанд (1–14) Юсуф бори дигар бародаронашро мебинад (15–23) Юсуф бародаронашро зиёфат мекунад (24–34) 44 Ҷоми нуқрагини Юсуфро дар халтаи Бинёмин меёбанд (1–17) Яҳудо дар ҳаққи Бинёмин илтимос мекунад (18–34) 45 Юсуф кӣ буданашро маълум месозад (1–15) Бародарони Юсуф назди Яъқуб бармегарданд (16–28) 46 Яъқуб бо аҳли хонаводааш ба Миср кӯч мебандад (1–7) Номи касоне, ки ба Миср кӯчиданд (8–27) Юсуф дар замини Ҷӯшан Яъқубро вомехӯрад (28–34) 47 Яъқубро назди фиръавн мебаранд (1–12) Юсуф вазифаашро хуб иҷро мекунад (13–26) Исроил дар Ҷӯшан сокин мешавад (27–31) 48 Яъқуб ду писари Юсуфро дуои нек мекунад (1–12) Эфроим соҳиби баракати бештар мешавад (13–22) 49 Яъқуб дар бистари марг пешгӯйӣ мекунад (1–28) Аз Яҳудо Шилӯ пайдо мешавад (10) Яъқуб дар бораи гӯручӯбаш дастурот медиҳад (29–32) Марги Яъқуб (33) 50 Юсуф Яъқубро дар Канъон мегӯронад (1–14) Юсуф бори дигар ба бародаронаш мегӯяд, ки онҳоро бахшидааст (15–21) Рӯзҳои охири Юсуф ва марги ӯ (22–26) Юсуф дар бораи устухонҳояш васият мекунад (25)