ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 66
  • Маликаи шарир — Изобал

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Маликаи шарир — Изобал
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • «Тамоми хонадони Аҳъоб ба ҳалокат хоҳад расид» (4Пш 9:8)
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Оё шумо мисли Яҳува аз рӯи адолат амал мекунед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Чаро Худо ба зулму ситам роҳ медиҳад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Худое, ки аз беадолатӣ нафрат дорад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Маълумоти бештар
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 66
Men of the palace about to throw Queen Jezebel out of the window

ҲИКОЯИ 66

Маликаи шарир — Изобал

БАЪД аз марги подшоҳ Ёробъом, тамоми подшоҳоне, ки бар 10 сибти Исроил салтанат меронданд, шарир буданд. Шоҳ Аҳъоб бадтарини онҳост. Медонӣ барои чӣ? Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки зани вай маликаи шарир — Изобал мебошад.

Изобал зани исроилӣ нест. Ӯ духтари шоҳи Сидӯн аст. Ӯ ба худои козиб Баал ибодат мекунад ва Аҳъобу бисёре аз исроилиёнро ҳам водор мекунад, ки Баалро парастиш кунанд. Изобал ба Яҳува нафрат дорад ва пайғамбарони зиёди Ӯро мекушад. Пайғамбарони боқимонда маҷбуранд, ки дар ғорҳо пинҳон гарданд, то онҳо низ кушта нашаванд. Агар Изобал хоҳони чизе бошад, барои ба даст овардани он ҳатто аз одамкушӣ рӯй наметобад.

Рӯзе шоҳ Аҳъоб хеле ғамгин мешавад. Изобал аз ӯ мепурсад: «Чаро имрӯз ғамгинӣ?»

«Аз гуфтаҳои Нобӯт,— ҷавоб медиҳад Аҳъоб,— ман мехостам, ки токзори ӯро бихарам. Вале ӯ гуфт, ки ман ба он соҳиб шуда наметавонам».

«Ғамгин нашав, он токзорро ба ту гирифта медиҳам»,— мегӯяд Изобал.

Пас, Изобал ба пирони шаҳре, ки Нобӯт дар он зиндагӣ мекард, ба чунин мазмун мактубҳо менависад: «Чанд каси нобакорро ёбед, то шаҳодат диҳанд, ки Нобӯт дар ҳаққи Худову подшоҳ бадгӯӣ кардааст. Баъд Нобӯтро берун аз шаҳр бароред ва сангсор карда кушед».

Ҳамин ки Изобал аз марги Нобӯт огоҳ мешавад, ба Аҳъоб хабар медиҳад: «Акнун бирав ва токзори ӯро бигир». Оё розӣ нестӣ, ки барои чунин кори даҳшатнок Изобал бояд ҷазо дода шавад?

Ва инак, пас аз чанд вақт Яҳува Еҳу ном мардеро барои ҷазо додани вай мефиристад. Изобал аз омадани Еҳу хабар ёфта, ба чашмонаш сурма мекашад ва худро оро дода, аз тиреза нигоҳ мекунад. Вале ҳангоме ки Еҳу омада, Изобали аз тиреза нигаронро мебинад, ба мардони дар қаср буда мегӯяд: «Варо берун партоед!». Ҳамон тавре ки дар расм тасвир шудааст, мардон фармударо иҷро мекунанд,— Изобалро поён мепартоянд ва ӯ мемурад. Ана ин аст анҷоми маликаи шарир Изобал.

3 Подшоҳон 16:29–33; 18:1–4; 21:1–16; 4 Подшоҳон 9:30–37.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан