ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jt саҳ. 3-5
  • Онҳо кистанд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Онҳо кистанд?
  • Шоҳидони Яҳува. Онҳо кистанд? Онҳо ба чӣ эътиқод доранд?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • НОМЕ, КИ ОНҲО БАР ХУД ДОРАНД
  • Барои чӣ мо Шоҳидони Яҳува ном дорем?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
Шоҳидони Яҳува. Онҳо кистанд? Онҳо ба чӣ эътиқод доранд?
jt саҳ. 3-5

Онҳо кистанд?

ШОҲИДОНИ ЯҲУВА мехоҳанд, ки шумо бо онҳо беҳтар шинос гардед. Шояд шумо бо онҳо дар ҳамсоягӣ, дар ҷои кор ё ҳангоми бо дигар корҳои ҳаррӯза машғул буданатон вомехӯред. Эҳтимол, шумо онҳоро дар кӯча, ҳангоми ба роҳгузарон пешниҳод кардани маҷаллаҳояшон дидаед ё дар назди дари хонаатон бо онҳо сӯҳбат кардаед.

Шоҳидони Яҳува нисбати шумо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд ва беҳбудии шуморо хоҳонанд. Онҳо мехоҳанд дӯсти шумо бошанд ва дар бораи худ, эътиқоду созмони худ ва инчунин оиди назари худ ба одамон ва дунёе, ки дар он зиндагӣ дорем, бештар ба шумо нақл кунанд. Маҳз бо ин мақсад онҳо барои шумо ин брошураро омода гардондаанд.

Шоҳидони Яҳува дар аксар ҷиҳатҳо мисли дигар одамонанд. Онҳо бо мушкилиҳои муқаррарӣ, яъне бо мушкилиҳои иқтисодӣ, ҷисмонӣ ва эҳсосӣ дучор мегарданд. Баъзан онҳо ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, зеро шахсони комил ва бенуқсон нестанд. Вале онҳо мекӯшанд хатоҳои худро такрор накунанд ва барои дар худ тағйироти заруриро ба амал овардан Китоби Муқаддасро бодиққат меомӯзанд. Онҳо барои ба ҷо овардани хости Худо худро ба Ӯ бахшидаанд ва бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунанд, ки мувофиқи ин ваъдаи худ амал намоянд. Онҳо дар тамоми корҳои худ аз Каломи Худо ва рӯҳулқудси Ӯ роҳнамоӣ меҷӯянд.

Барои онҳо хеле муҳим аст, ки эътиқодашон на бар ақидаҳои одамӣ ва таълимоти динии паҳнгашта, балки бар Китоби Муқаддас асос ёбад. Онҳо бо суханоне, ки Павлуси расул таҳти илҳоми илоҳӣ навиштааст, розӣ мебошанд: «Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам козиб бошад» (Румиён 3:4)a. Агар баъзе таълимот чун ҳақиқати бар Китоби Муқаддас асосёфта муаррифӣ карда шавад, Шоҳидони Яҳува чун сокинони пешини Бирия, ки ба мавъизаи Павлуси расул гӯш дода буданд, амал менамоянд: «[Онҳо] бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не» (Аъмол 17:11). Шоҳидони Яҳува чунин мешуморанд, ки тамоми таълимоти динӣ, новобаста аз он ки мувофиқи эътиқоди худи онҳо мебошанд ё шахсони дигаре, бояд аз рӯи Навиштаҳои илҳомбахшидаи Худо санҷида шаванд. Онҳо шуморо даъват менамоянд ва бармеангезанд, ки ҳангоми бо онҳо ҳамсӯҳбат шуданатон чунин амал намоед.

Аз ин бармеояд, ки Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро Каломи Худо меҳисобанд. Онҳо эътимод доранд, ки ҳамаи 66 китоби он аз рӯи илҳоми илоҳӣ навишта шудаанд ва аз нуқтаи назари таърих саҳеҳанд. Яке аз қисмҳои Китоби Муқаддасро, ки ҳамчун Аҳди Ҷадид маълум мебошад, онҳо Навиштаҳои Юнонӣ меноманд ва Аҳди Қадимро — Навиштаҳои Ибронӣ. Онҳо ҳам Навиштаҳои Юнонӣ ва ҳам Навиштаҳои Иброниро эътироф мекунанд ва матни онҳоро айнан мефаҳманд, ғайр аз он ҷойҳое, ки рамзӣ буданашон аён аст. Онҳо итминон доранд, ки аксари пешгӯиҳои Китоби Муқаддас аллакай иҷро шудаанд, баъзе пешгӯиҳо иҷро шуда истодаанд ва боқимондаашон дар оянда иҷро хоҳанд шуд.

НОМЕ, КИ ОНҲО БАР ХУД ДОРАНД

Шоҳидони Яҳува? Бале, ин номест, ки онҳо бар худ доранд. Ин номи тавсифдиҳанда ба он ишора мекунад, ки онҳо дар бораи Яҳува, дар бораи илоҳият ва ниятҳои Ӯ шаҳодат медиҳанд. Калимаҳои «Худо», «Худованд» ва «Офаридгор» ба монанди «президент», «подшоҳ» ва «сарфармондеҳ» унвонҳое мебошанд, ки ба шахсиятҳои гуногун тааллуқ дошта метавонанд. Вале Яҳува — номи шахсии Худои Қодири Мутлақ ва Офаридгори Даҳр мебошад. Инро суханони дар Забур 82:19 [83:18, ТФ] навишташуда тасдиқ мекунанд: «Ва бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ».

Исми Яҳува (ё Яҳва, чуноне ки баъзе олимон маъқул медонанд) дар нусхаи аслии Навиштаҳои Ибронӣ тақрибан 7000 бор омадааст. Дар аксари тарҷумаҳои Китоби Муқаддас исми Худо ба унвонҳои «Худо» ё «Худованд» иваз карда шудааст. Дар баъзе тарҷумаҳои ҳозиразамон номи Яҳува, ё номи Яҳва истифода бурда шудааст. Масалан, Ишаъё 42:8-ро дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» чунин мехонем: «Ман Яҳува ҳастам. Исми Ман ҳамин аст».

Шоҳидони Яҳува номи худро дар асоси матни боби 43-и китоби Ишаъё гирифтаанд. Дар он мурофиаи судии миқёси ҷаҳонӣ тасвир ёфтааст: худоёни халқҳо таклиф карда мешаванд, ки барои исботи ҳаққонияти худ шоҳид оваранд ё шоҳидонро аз ҷониби Яҳува гӯш кунанд ва ҳақиқатро эътироф намоянд. Яҳува ба қавми худ эълон мекунад: «Аммо шумо,—мегӯяд Худованд [«Яҳува», ТДН],— ва бандаи Ман, ки ӯро баргузидаам, шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед ва ба Ман имон оваред ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам, ва пеш аз Ман Худое набуд, ва баъд аз Ман нахоҳад буд. Ман, Ман Худованд [«Яҳува», ТДН] ҳастам, ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест» (Ишаъё 43:10, 11).

Яҳува Худо дар тӯли ҳазорҳо сол пеш аз тавлид шудани Исо, дар замин шоҳидон дошт. Дар боби 11-уми нома ба Ибриён баъзе аз мардони имон номбар карда мешаванд. Сипас дар ояти 1-уми боби 12 гуфта мешавад: «Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон–давон тай кунем». Исо ба Понтиюс Пилотус гуфт: «Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам». Бале, Исо «шоҳиди амин ва ҳақ» номида шудааст (Юҳанно 18:37; Ваҳй 3:14). Ҳамчунин ӯ ба шогирдонаш гуфта буд: «Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъмол 1:8).

Барои ҳамин имрӯз беш аз 7 000 000 нафар одамон, ки дар зиёда аз 230 мамлакати ҷаҳон пайғоми хушро дар бораи Салтанати Яҳува, ки сарвараш Исои Масеҳ аст, мавъиза мекунанд, метавонанд худро Шоҳидони Яҳува номанд.

[Эзоҳ]

a Дар сурати набудани нишондодҳои дигар, иқтибосҳо аз Китоби Муқаддас — Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас (Стокголм, 1999) оварда шудаанд. Ихтисори ТДН баъд аз иқтибос ишора бар он мекунад, ки матн аз “Тарҷумаи Дунёи Нав”-и Навиштаҳои Муқаддаси ба забони англисӣ нашршуда омадааст. Ихтисори ТФ баъд аз иқтибос аз тарҷумаи форсии Навиштаҳои Муқаддас будани матнро ифода мекунад.

[Изофа дар саҳифаи 3]

Онҳо нисбати шумо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд

[Изофа дар саҳифаи 4]

Онҳо барои иҷро намудани иродаи Худо худро ба Ӯ бахшидаанд

[Изофа дар саҳифаи 4]

Онҳо боварӣ доранд, ки Китоби Муқаддас — Каломи Худост

[Изофа дар саҳифаи 4]

Исми шахсии Худо ба забони қадимии ибрӣ

[Изофа дар саҳифаи 5]

Исми Ӯ бо мурофиаи судӣ алоқамандӣ дорад

[Изофа дар саҳифаи 5]

Беш аз 7000000 Шоҳидони Яҳува дар зиёда аз 230 мамлакат

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан