Пешрафт ва рушди имрӯзаи онҳо
ТАЪРИХИ имрӯзаи Шоҳидони Яҳува зиёда аз сад сол пеш оғоз ёфт. Дар аввали солҳои 1870-ум дар Аллегейни (ИМА, иёлоти Пенсилвания; ҳозира қисми Питтсбург) гурӯҳи начандон калони омӯзиши Китоби Муқаддас ташкил гардид. Таъсисдиҳандаи он Чарлз Тейз Рассел буд. Моҳи июли соли 1879 нашри аввали маҷаллаи «Бурҷи дидбонии Сион ва қосиди ҳузури Масеҳ» аз чоп баромад. Соли 1880 дар натиҷаи густариши гурӯҳи хурдакаки омӯзандагони Китоби Муқаддас дар иёлоти ҳамсоя даҳҳо ҷамъомадҳо ташкил гардиданд. Соли 1881 Ҷамъияти рисолаҳо ва Бурҷи дидбонии Сион бунёд гардид ва соли 1884 бошад он расман ба қайд гирифта шуд ва президенти он Чарлз Рассел гардид. Баъдтар он Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо ном гирифт. Бисёр воизон хона ба хона мавъиза карда, адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро пешниҳод мекарданд. Соли 1888 дар ин кор панҷоҳ ходими пурравақт иштирок мекард, ҳоло бошад шумораи онҳо дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоби миёна ба 700 000 нафар мерасад.
Соли 1909 ин фаъолият то ба андозаи умумиҷаҳонӣ вусъат ёфт ва идораи марказии Ҷамъият ба Бруклин (Ню–Йорк) кӯчонида шуд, ки то ҳол дар он ҷо воқеъ мебошад. Матни нутқҳои мавъизавӣ тавассути иттиҳодияи чопкунанда ба рӯзномаҳои гуногун фиристода мешуд ва соли 1913 чунин нутқҳо бо чор забон дар ҳазорҳо рӯзномаҳои ИМА, Канада ва Аврупо нашр мегардиданд. Ҳамчунин садҳо миллион китобҳо, брошураҳо ва рисолаҳо паҳн карда мешуданд.
Соли 1912 омодасозии «Фотодрамаи офариниш» шурӯъ гардид. Он «Фотодрама» давраи аз офариниши замин то анҷоми ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳро дар бар мегирифт ва бо истифода аз аксҳову филмҳо ва ҳамроҳ намудани овоз нишон дода мешуд. Аз соли 1914 сар карда, он пешкаши омма гардид ва ба намоиши он ҳар рӯз 35 000 тамошобин меомад. Он «Фотодрама» дар соҳаи синамои овоздор як навоварие буд.
СОЛИ 1914
Санаи муҳими таърихӣ наздик мешуд. Соли 1876 тадқиқотчии Китоби Муқаддас Чарлз Тейз Рассел мақолаеро бо номи «Даврони ғайрияҳудиён. Кай онҳо хотима меёбанд?» навишт. Ин мақола дар шумораи моҳи октябри маҷаллаи «Муҳаққиқи Китоби Муқаддас», ки дар Бруклин (Ню–Йорк) нашр мешуд, ба чоп расид. Дар саҳифаи 27-и ин маҷалла гуфта шуда буд: «Ҳафт замон соли 1914 хотима хоҳанд ёфт». Даврони ғайрияҳудиён дар тарҷумаи дигари Китоби Муқаддас «даврони халқҳо» номида шудааст (Луқо 21:24, ТДН). Агарчи на ҳамаи он чизе ки дар соли 1914 интизор буданд, ба иҷро расид, ба ҳар ҳол он хотимаи даврони ғайрияҳудиёнро ишора кард ва санаи муҳим гашт. Бисёре аз таърихчиён ва шореҳон розианд, ки соли 1914 дар таърихи инсоният марҳилаи тағйироти куллӣ ба ҳисоб меравад. Инро иқтибосҳои зерин нишон медиҳанд:
«Охирин соли комилан ором дар таърих соли 1913 буд, зеро ки соли навбатӣ Ҷанги Якуми Ҷаҳон сар зад» (сармақола дар рӯзномаи «Таймс–Ҳералд» аз 13 марти соли 1949, ИМА, Вашингтон, ҳавзаи Колумбия).
«Зиёда аз ин, дар муддати 75 сол, аз соли 1914 сар карда то соли 1989, ду ҷанги ҷаҳонӣ ва ҷанги сард ба вуқӯъ омаданд ва аз нуқтаи назари таърихчиён ин давр даври фарқкунанда ва дар навъи худ ягона буд; дар тӯли он давр, ки мислаш дида намешуд, аксари давлатҳо ё бо ҳамдигар меҷангиданд, ё баъди ҷанг барқарор мешуданд ва ё ба ҷанги навбатӣ тайёрӣ медиданд» («Ню–Йорк таймс» аз 7 майи соли 1995).
«Бо сар шудани Ҷанги Якуми Ҷаҳон тамоми дунё пош хӯрд ва мо то ҳол намедонем барои чӣ. То он дам одамон гумон доштанд, ки орзуи онҳо оиди ҷамъияти комил ба қарибӣ амалӣ хоҳад гашт. Сулҳу амонӣ ва ривоҷу равнақ ҳукмфармо буд. Вале сипас ҳамаи ин барҳам хӯрд. Аз он вақт инҷониб ягон беҳбудӣ дида нашуд... Дар қарни мо нисбат ба тамоми таърихи инсоният шумораи зиёдтари одамон кушта шуданд» (доктор Уокер Перси, «Америкэн медикл нюс» аз 21 ноябри соли 1977).
Баъди зиёда аз панҷоҳ сол пас аз соли 1914 ходими давлатии Олмон Конрад Аденауэр навишта буд: «Аз соли 1914 инҷониб бехатарӣ ва осоиштагӣ аз ҳаёти одамон гум шуд» («Уэст паркер» аз 20 январи соли 1966, ИМА, Кливленд, иёлати Огайо).
Дар соли 1916 нахустин президенти Ҷамъият Ч. Т. Рассел вафот кард ва соли дигар вазифаи ӯро Ҷозеф Рутерфорд ба ӯҳда гирифт. Як қатор дигаргуниҳо ба амал омаданд. Дар баробари маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» нашри маҷаллаи ҳамсафар таҳти унвони «Асри тиллоӣ» шурӯъ гардид. (Ҳоло он «Бедор шавед!» ном дорад ва теъдоди нашраш зиёда аз 37 000 000 буда, ба беш аз 80 забон тарҷума мешавад.) Ба мавъизаи хона ба хона диққати бештар дода шуд. Барои худро аз шохаҳои ҷаҳони масеҳият фарқ кунондан, ин масеҳиён соли 1931 ба худ номи Шоҳидони Яҳуваро гирифтанд. Ин номи онҳо бар Ишаъё 43:10–12 (ТФ) асос меёбад.
Солҳои 1920-ум ва 1930-юм радиошунавонӣ васеъ истифода бурда мешуд. Соли 1933 Ҷамъият барои пахши нутқҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта аз 403 маркази радио истифода мебурд. Баъдтар ба ҷои радиошунавонӣ диққати бештар ба мавъизаи хона ба хона дода мешуд, ки ҳангоми он Шоҳидон ба воситаи граммофон нутқҳои бар Калом асосёфтаро мешунавонданд. Бо шахсоне, ки ба ҳақиқати Калом шавқ зоҳир мекарданд, омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда мешуд.
ҒАЛАБАҲО ДАР СУД
Дар давоми солҳои 1930-юм ва 1940-ум, бисёр Шоҳидони Яҳува барои фаъолияти худ ба ҳабс гирифта шуданд ва барои ҳифзи озодии сухан, ҳуқуқи чопкунӣ, ҷамъ омадан ва ибодат кардан мурофиаҳои судӣ гузаронда шуданд. Дар Иёлоти Муттаҳида оиди қарорҳои судҳои зиннаи поён норозигӣ баён карда шуд, ки дар натиҷа Шоҳидон дар 43 мурофиаи судӣ дар Суди Олии Иёлоти Муттаҳида ғолиб баромаданд. Чунин қарорҳои мусбӣ дар судҳои олии давлатҳои дигар низ ба даст оварда шуданд. Оиди ин ғалабаҳо дар суд профессор Ч. С. Браден дар китоби худ «Онҳо низ боварӣ доранд» дар бораи Шоҳидон чунин гуфт: «Бо мубориза барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ, онҳо ба демократия кӯмаки назаррасе расонданд, зеро бо ин амал онҳо барои нигоҳ доштани ҳуқуқҳои ҳар гурӯҳи ақаллияти Амрико хеле мусоидат намуданд».
БАРНОМАҲОИ МАХСУСИ ТАЪЛИМӢ
Соли 1942 Ҷозеф Рутерфорд вафот кард ва Нейтан Норр ба ҷои ӯ вазифаи президентиро ба ӯҳда гирифт. Барномаи таълимии мувофиқкардашуда оғоз ёфт. Соли 1943 мактаби махсуси таълимӣ барои миссионерон ташкил гардид, ки Мактаби Китоби Муқаддас ва Бурҷи дидбонии Ҷилъод номида шуд. Аз ҳамон вақт сар карда хатмкунандагони ин мактаб ба тамоми нуқтаҳои замин фиристода мешуданд. Ҷамъомадҳои нав ба нав дар давлатҳое, ки дар онҳо ҷамъомадҳо вуҷуд надоштанд, ташкил мешуданд. Ҳамчунин имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 100 Байт–Ил бунёд гардидааст. Гоҳ–гоҳ барои таълими пирони ҷамъомад, коргарони ихтиёрии Байт–Илҳо ва онҳое, ки пурравақт (пешрав шуда) дар кори мавъиза ширкат мекунанд, курсҳои махсус ташкил карда мешаванд. Дар маркази таълимие, ки дар Паттерсон, Ню–Йорк воқеъ аст, ходимон дар якчанд соҳаи махсус таълим мегиранд.
Соли 1977 Нейтан Норр вафот кард. Яке аз охирин дигаргуниҳое, ки бо иштироки ӯ дар созмон ба амал оварда шуд, ин васеъ намудани Ҳайати Роҳбарикунанда буд, ки дар идораи марказии умумиҷаҳонӣ дар Бруклин фаъолият мекард. Соли 1976 ӯҳдадориҳои маъмурӣ тақсим карда шуда, ба кумитаҳои гуногун супорида шуданд. Ба ин кумитаҳо аъзоёни Ҳайати Роҳбарикунанда дохил мешуданд, ки ҳар якашон аллакай даҳсолаҳо пурравақт хидмат карда буданд.
ВАСЕЪШАВИИ МАТБААҲО
Таърихи имрӯзаи Шоҳидони Яҳува пур аз воқеаҳои ҳаяҷонбахш мебошад. Аз гурӯҳи хурдакаки омӯзандагони Китоби Муқаддас, ки соли 1870 дар Пенсилвания таъсис ёфта буд, рафта–рафта то ба соли 2007 дар тамоми ҷаҳон ба беш аз 100 000 ҷамъомад табдил ёфт. Сараввал тамоми адабиётро дар ширкатҳои тиҷоратӣ чоп мекарданд; баъдан, пас аз соли 1920, Шоҳидони Яҳува адабиёти худро қисман дар биноҳои истеҳсолие, ки ба иҷора гирифта буданд, нашр менамуданд. Вале аз соли 1927 сар карда, қисми бештари адабиёт дар бинои ҳаштошёнаи матбаа, ки дар Бруклин (Ню–Йорк) ҷойгир буд ва ба Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо тааллуқ дошт, чоп мешуд. Ҳудуди он матбаа васеъ гардида, комплекси маъмуриро ташкил медод. Ҳамчунин дар наздикии он дар Бруклин биноҳои иловагие ҷойгиранд, ки дар онҳо кормандони ихтиёрие, ки бо таҷҳизот сару кор доранд, зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар қарибии Уолкилл (иёлоти Ню–Йорк) ферма ва матбаа ҷойгиранд. Дар он ҷо маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» ба чоп мерасанд ва ҳамчунин барои кормандони ихтиёрие, ки дар ҷойҳои гуногун хидмат мекунанд, маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол карда мешавад. Ба ҳамаи кормандони ихтиёрӣ ҳар моҳ барои рӯпӯш кардани хароҷоти хурдашон маблағи начандон калони пулӣ дода мешавад.
АНҶУМАНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Соли 1893 дар Чикаго (ИМА, иёлоти Иллинойс) нахустин анҷумани калон баргузор гардид. Ба он 360 нафар ташриф оварданд ва 70 нафар таъмид гирифтанд. Охирин анҷумани калони байналхалқие, ки танҳо дар як шаҳр гузаронида шуда буд, ин анҷумане мебошад, ки соли 1958 дар Ню–Йорк баргузор гардид. Он анҷуман дар варзишгоҳи «Янки» ва варзишгоҳи дар он вақт вуҷуддоштаи «Поло Граундс» гузаронда шуд. Шумораи баландтарини ҳозирон дар он 253 922 нафар буд, шумораи таъмидгирифтагон бошад 7136 нафарро ташкил дод. Аз он вақт инҷониб силсилаи анҷуманҳои байналхалқӣ дар бисёр давлатҳо баргузор мегардад. Ба ҳисоби умум чунин силсилаи анҷуманҳо метавонад ҳазорҳо анҷуманҳоро, ки дар тамоми рӯи замин гузаронда мешаванд, дар бар гирад.
[Tасвир дар саҳифаи 6]
«Бурҷи дидбонӣ»: аз 6000 нусха ба як забон то ба зиёда аз 22 000 000 нусха ба беш аз 160 забон
[Tасвир дар саҳифаи 7]
Марҳилаи тағйироти куллӣ дар таърихи башар
[Tасвир дар саҳифаи 8]
Хидмати назаррас дар таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ