Созмон ва фаъолияти умумиҷаҳонии онҳо
КОРИ мавъиза дар зиёда аз 230 давлат гузаронида мешавад ва идораи ин фаъолият ба таври муташаккил ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти тамоми созмонро Ҳайати Роҳбарикунанда, ки дар идораи марказии умумиҷаҳонӣ дар Бруклин (Ню–Йорк) мебошад, назорат мекунад. Ҳар сол Ҳайати Роҳбарикунанда намояндагони худро ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мефиристад, то ки онҳо баъзе масъалаҳоро якҷоя бо шӯъбаҳои он минтақа муҳокима кунанд. Дар ҳар як шӯъба кумита таъин карда шудааст, ки он аз се то ҳафт аъзо дорад ва фаъолиятро дар давлатҳое, ки тобеи шӯъбаанд, идора менамояд. Баъзе шӯъбаҳо дорои матбаанд, ки як қисмашон бо дастгоҳҳои чопкунии баландсуръати чархзананда таҷҳизонида шудаанд. Мамлакат ё сарзамине, ки тобеи ин ё он шӯъба мебошад, ба вилоятҳо ва вилоятҳо дар навбати худ ба ноҳияҳо тақсим карда шудаанд. Ҳар як ноҳия тақрибан 20 ҷамъомадро дар бар мегирад. Нозири вилоятӣ ба ноҳияҳои вилояти худ мунтазам ташриф меорад. Дар ҳар як ноҳия ҳар сол ду анҷуман гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳар ноҳия нозири ноҳиявӣ дорад, ки ба ҳар як ҷамъомади ноҳияаш одатан соле ду маротиба ташриф меорад ва ба Шоҳидони он ҷамъомад дар ташкил ва иҷрои кори мавъиза дар маҳаллашон кӯмак мерасонад.
Ҷамъомади маҳаллӣ ва Толори Салтанати он — маркази паҳнкунии хушхабар дар ҳар як мавзеъ мебошад. Қитъае, ки ба ҳар як ҷамъомад тааллуқ дорад, ба маҳаллҳои хурд тақсим карда шудааст. Ин маҳалҳо ба воизони алоҳида таъин карда шудаанд ва онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ҳар як хона ташриф оварда, бо соҳибхона ҳамсӯҳбат шаванд. Ҳар як ҷамъомадро аз якчанд нафар сар карда, то 200 нафар воизон ташкил медиҳанд ва пирони таъиншуда дар он супоришҳои гуногунро иҷро мекунанд. Ҳар як воиз дар созмони Шоҳидони Яҳува шахси муҳим аст. Ҳар яке аз Шоҳидон, хоҳ дар идораи марказии умумиҷаҳонӣ хидмат кунад, хоҳ дар шӯъба ё дар ҷамъомад, ба дигарон оиди Салтанати Худо нақл карда, дар кори мавъиза саҳми худро мегузорад.
Ҳисобот оиди ин фаъолият ба идораи марказии умумиҷаҳонӣ фиристода мешавад ва дар асоси он «Солнома» тартиб дода шуда, ба чоп мерасад. Ба воситаи ин Солнома ҳисоботи муфассал оиди натиҷаҳои дар соли сипаригашта ба даст овардаи Шоҳидон дар кори шаҳодатдиҳӣ дар бораи Яҳува ва Салтанати Ӯ таҳти ҳукмронии Масеҳ пешкаш мегардад. Ба наздикӣ зиёда аз 17 000000 Шоҳидон ва шахсони шавқманд ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад, ташриф оварда буданд. Ҳар сол Шоҳидони Яҳува зиёда аз 1 000 000 000 соат пайғоми хушро мавъиза мекунанд ва тақрибан 300 000 нафар одамон таъмид мегиранд. Садҳо миллион адад адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта паҳн карда мешавад.