Мо шуморо даъват менамоем
Мо хеле хурсандем, ки имкон доштем ба шумо аз саҳифаҳои ин брошура муроҷиат намоем. Умедворем, ки шумо низ аз шиносоии бештар бо Шоҳидони Яҳува хушнуд гардидед. Лутфан даъвати моро қабул карда, ба Толори Салтанати дар маҳаллатон воқеъбуда ташриф оваред. Бубинед, ки вохӯриҳои мо чӣ тавр гузаронида мешаванд ва чӣ гуна мо хушхабарро оиди замини биҳиштие, ки таҳти ҳукмронии Салтанати Масеҳ барпо хоҳад гашт, бо рағбати тамом ба дигарон мерасонем.
Ин замини биҳиштиро Худо ваъда додааст. «Мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд» (2 Петрус 3:13). Аз вақти гуфта шудани ин ваъда садсолаҳои зиёд сипарӣ шуданд. Замони иҷрошавии он наздик шуда истодааст. Инро аз вазъияти ҷаҳонӣ метавон пай бурд.
Павлуси расул мегӯяд, ки ба қадри он ки наздик шудани он рӯзро мебинем, «диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем,... балки якдигарро насиҳат диҳем» (Ибриён 10:24, 25). Мо шуморо даъват менамоем, ки ба насиҳати Павлуси расул гӯш дода, ба вохӯриҳои мо ташриф оваред.