ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bh саҳ. 199-201
  • Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст
  • Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Оё пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки Ҳазрати Исо Масеҳи ваъдашуда аст?
    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Онҳо интизори Масеҳ буданд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Исои Масеҳ — калиди дониш доир ба Худост
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Онҳо Масеҳро ёфтанд!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Маълумоти бештар
Таълимоти Китоби Муқаддас
bh саҳ. 199-201

ЗАМИМА

Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст

ЯҲУВА ХУДО ба пайғамбарони зиёде илҳом бахшид, ки дар Китоби Муқаддас бо ҷузъиёт дар бораи тавлид, хидмат ва марги Наҷотбахши ваъдашуда бинависанд, то ба осонӣ шинохтани ӯ мумкин бошад. Тамоми ин пешгӯиҳои Китоби Муқаддас дар Исои Масеҳ иҷро шуданд. Онҳо ба таври ҳайратангез дақиқу муфассаланд. Барои тасдиқи ин, биёед масалан баъзе нубувватҳоеро, ки воқеаҳои бо тавлид ва айёми кӯдакии Масеҳ алоқамандбударо пешгӯӣ кардаанд, дида бароем.

Пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Масеҳ насли подшоҳ Довуд хоҳад буд (Ишаъё 9:7). Исо дар ҳақиқат аз авлоди Довуд баромадааст (Матто 1:1, 6–17).

Пайғамбари дигари Худо — Мико пешгӯӣ кард, ки ҳокими оянда бояд дар «Байт-Лаҳми Эфрот» таваллуд шавад (Мико 5:2). Дар замони тавлиди Исо Исроил ду шаҳре бо номи Байт-Лаҳм дошт. Яке аз онҳо дар наздикии Носира дар шимоли мамлакат, дигаре дар қарибии Ерусалим дар Яҳудия ҷойгир буд. Он Байт-Лаҳме, ки ба Ерусалим наздик буд, пештар Эфрот низ номида мешуд. Исо дар ҳамин шаҳр таваллуд ёфт, айнан ҳамон гунае ки Мико-пайғамбар пешгӯӣ карда буд! (Матто 2:1).

Пайғамбари дигар пешгӯӣ кард, ки Худо «Писари Худро аз Миср даъват» мекунад. Исои кӯдакро волидонаш ба Миср бурданд. Ва баъди марги Ҳиродус онҳо аз Миср ба ватан баргаштанд. Ҳамин тавр иҷро шуд пешгӯии Ҳушаъ (Ҳушаъ 11:1; Матто 2:15).

Дар ҷадвали «Пешгӯиҳо дар бораи Масеҳ», дар сутуни дуюм, зери сарлавҳаи «Пешгӯӣ» маҷмӯи нубувватҳо дар бораи Масеҳ оварда шудаанд. Марҳамат, ин оятҳоро бо матнҳои дар сутуни сеюм зери сарлавҳаи «Иҷрошавӣ» овардашуда муқоиса кунед. Ин кор имони шуморо ба ҳақиқат будани Каломи Худо қавитар хоҳад кард.

Ҳангоми қиёси матнҳо, ба инобат гиред, ки ин пешгӯиҳо садсолаҳо қабл аз тавлиди Исо навишта шудаанд. Исо гуфт, ки «ҳар он чӣ дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд» (Луқо 24:44). Ва ҳамон тавре ки Китоби Муқаддас шаҳодат медиҳад, пешгӯиҳо то ба хурдтарин ҷузъиёташон иҷро шудаанд!

ПЕШГӮИҲО ДАР БОРАИ МАСЕҲ

РӮЙДОД

ПЕШГӮӢ

ИҶРОШАВӢ

Аз сибти Яҳудо меояд

Ҳастӣ 49:10

Луқо 3:23–33

Аз бокира таваллуд мешавад

Ишаъё 7:14

Матто 1:18–25

Насли подшоҳ Довуд аст

Ишаъё 9:7

Матто 1:1, 6–17

Яҳува ӯро Писари худ эълон мекунад

Забур 2:7

Матто 3:17

Ба ӯ имон намеоваранд

Ишаъё 53:1

Юҳанно 12:37, 38

Ба Ерусалим савори курраи хар ворид мегардад

Закарё 9:9

Матто 21:1–9

Дӯсти наздикаш ба ӯ хиёнат мекунад

Забур 40:10

Юҳанно 13:18, 21–30

Ба 30 тангаи нуқра фурӯхта мешавад

Закарё 11:12

Матто 26:14–16

Ба айбдоркунандагонаш бо хомӯшӣ ҷавоб медиҳад

Ишаъё 53:7

Матто 27:11–14

Қуръа партофта, либосҳояшро тақсим мекунанд

Забур 21:19

Матто 27:35

Ҳангоми дар сутуни шиканҷа овезон буданаш ӯро таҳқиру тамасхур менамоянд

Забур 21:8, 9

Матто 27:39–43

Ягон устухони ӯ шикаста намешавад

Забур 33:21

Юҳанно 19:33, 36

Дар қабри сарватманде дафн карда шуд

Ишаъё 53:9

Матто 27:57–60

Дар қабр фасодро нахоҳад дид

Забур 15:10

Аъмол 2:24, 27

Ба ямини Худо менишинад

Забур 109:1

Аъмол 7:56

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан