ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.9. саҳ. 28-32
  • Яҳува халқи хурсандашро ҷамъ меорад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Яҳува халқи хурсандашро ҷамъ меорад
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • АНҶУМАНҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМОНИ ҚАДИМ ВА ҲОЗИРА
  • ЧОРАБИНИҲОИ ХУРСАНДИОВАР
  • ЧАРО БОЯД АНҶУМАНҲОИ ИМРӮЗАРО ҚАДР КУНЕМ?
  • Анҷуманҳои ҳарсола — имконияти зоҳир кардани муҳаббат
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Анҷуманҳои вилоятӣ имконияти хубе барои шаҳодат додан мебошанд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Яҳуваро дар анҷуманҳои вилоятӣ ҷалол хоҳем дод
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.9. саҳ. 28-32

Яҳува халқи хурсандашро ҷамъ меорад

«Қавмро — мардон ва занон ва кӯдакон, ва ғарибонеро, ки дар шаҳрҳои ту мебошанд,— ҷамъ кун» (ТАКР. Ш. 31:12).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

Чаро гуфтан мумкин аст, ки анҷуманҳо дар таърихи халқи Яҳува чорабиниҳои муҳиманд?

Исроилиёни қадим бояд чӣ гуна кӯшишҳо ба харҷ медоданд, то барои ҷашни идҳо ба Ерусалим бираванд?

Чаро ба ҳар як анҷуман ташриф овардан муҳим аст?

1, 2. Мо аз ин мақола дар бораи анҷуманҳо чиро хоҳем фаҳмид?

ДАР давоми таърихи муосири Шоҳидони Яҳува гузаронидани анҷуманҳои байналхалқию вилоятӣ хусусияти фарқкунандаи онҳо мебошад. Бисёре аз мо ба ин анҷуманҳои хурсандибахш маротибаҳои зиёд, эҳтимол дар давоми даҳсолаҳо ташриф меорем.

2 Ҳазорсолаҳо пеш низ халқи Худо анҷуманҳои муқаддас мегузаронданд. Ҳоло мо аз Китоби Муқаддас бо таърихи анҷуманҳои халқи Худо шинос мешавем ва мебинем, ки аз кадом ҷиҳат он анҷуманҳо ё ҷамъомадҳои калон ба анҷуманҳои ҳозира монанданд. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки аз ташрифорӣ ба онҳо чӣ манфиат мегирем (Заб. 43:1; Рум. 15:4).

АНҶУМАНҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМОНИ ҚАДИМ ВА ҲОЗИРА

3. а) Дар нахустин анҷумани халқи Худо, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудааст, чӣ рӯй дода буд? б) Чӣ тавр исроилиён ба ҷамъомад даъват мешуданд?

3 Чӣ тавре ки дар Китоби Муқаддас зикр шудааст, ҷамъомади калоне, ки дар домани кӯҳи Сино гузашт, аввалин анҷумани халқи Худо буд, ки дар он исроилиён дастуроти рӯҳонӣ гирифтанд. Дар таърихи ибодати пок ин анҷуман ҳақиқатан ҳам чорабинии хеле муҳим буд. Дар он ҷамъомади ҳаяҷонбахш, ки барои ташрифовардагон хотирмон буд, Яҳува ҳангоми ба исроилиён додани Қонуни худ қувваашро ба онҳо нишон дод. (Хур. 19:2–9, 16–19; Хуруҷ 20:18 ва Такрори Шариат 4:9, 10–ро бихонед.) Он чорабинӣ ба муносибатҳои минбаъдаи Худо ва исроилиён таҳкурсӣ гузошт. Дере нагузашта, Яҳува ба Мусо амр фармуд, ки барои даъват кардани «тамоми ҷамоат» ду карнаи нуқра созад, то халқаш назди «дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ» шаванд (Ад. 10:1–4). Ҳаяҷонеро, ки дар чунин чорабиниҳо ҳукмфармо буд, тасаввур кунед!

4, 5. Чаро анҷуманҳое, ки Мусо ва Еҳушаъ ташкил мекарданд махсусан муҳим буданд?

4 Вақте ки сукунати чилсолаи исроилиён дар биёбон ба охир мерасид, Мусо барои халқ ҷамъомаде ташкил намуд. Он вақт онҳо барои даромадан ба Замини ваъдашуда тайёрӣ медиданд. Ин вақти муносиб буд, то Мусо ба бародаронаш ҳамаи он корҳоеро, ки Яҳува барояшон аллакай карда буд ва боз мекард, ёдрас намояд (Такр. Ш. 29:1–15; 30:15–20; 31:30).

5 Эҳтимол маҳз дар ин ҷамъомади калон Мусо эълон кард, ки анҷуманҳо ва таълимдиҳии халқи Худо чорабиниҳои доимӣ хоҳанд гашт. Дар ҳар соли ҳафтум, дар давоми иди Хаймаҳо мардон, занон, кӯдакон ва ғарибон бояд дар ҷои таъинкардаи Яҳува ҷамъ меомаданд, «то ки бишнаванд ва таълим гиранд ва аз Худованд Худои [худ] битарсанд, ва ҳамаи суханони... шариатро риоя намуда, ба амал оваранд». (Такрори Шариат 31:1, 10–12-ро бихонед.) Ҳамин тавр, дар аввали таърихи халқи Исроил равшан шуд, ки онҳо бояд барои муҳокима кардани Каломи Худо ва ниятҳои Ӯ мунтазам ҷамъ мешуданд. Вақте ки исроилиён Замини ваъдашударо пурра забт карданду, лекин то ба ҳол дар гирду атрофашон халқҳои бутпараст зиндагӣ менамуданд, Еҳушаъ тамоми исроилиёнро ҷамъ овард, то ки хоҳишашонро дар содиқ мондан ба Яҳува қавӣ гардонад. Дар ҷавоб халқ қавл дод, ки ба Худо хизмат менамояд (Еҳ. 23:1, 2; 24:1, 15, 21–24).

6, 7. Якчанд даҳсолаҳо пеш кадом анҷуманҳои хеле муҳим гузаронида шуданд?

6 Дар таърихи муосири халқи Яҳува низ анҷуманҳои муҳим гузаронида мешуданд, ки дар онҳо эълонҳо оиди тағйирот дар фаъолияти ташкилот ва фаҳмиши Навиштаҳо садо медоданд (Мас. 4:18). Аввалин анҷумани калоне, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас баъд аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ гузарониданд, соли 1919 дар Сидар–Пойнт (иёлоти Огайо, ИМА) баргузор гардид. Дар он анҷуман, ки қариб 7 000 нафар ҳузур доштанд, эълон карда шуд, ки халқи Худо бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, то дар саросари ҷаҳон мавъиза намояд. Соли 1922, дар анҷумани нӯҳрӯза, ки дар ин шаҳр баргузор гардид, бародар Ҷозеф Рутерфорд бо нутқи таъсирбахш баромад кард ва шунавандагонро барангехт, ки то вақти нобудшавии Бобили Бузург дар ҳама ҷо мавъиза кунанд. Ӯ гуфт: «Ҷаҳон бояд донад, ки Яҳува Худо аст ва Исо — Подшоҳи подшоҳон ва Сарвари сарварон мебошад. Ин рӯзи рӯзҳост. Нигаред, Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад! Шумо воизони ӯ ҳастед. Аз ин рӯ, Подшоҳ ва Салтанати ӯро мавъиза кунед, мавъиза кунед, мавъиза кунед!» Пас аз ин нутқ ҳозирон ва ҳамчунин ходимони Худо аз саросари ҷаҳон бо ғайрати боз ҳам бештар мавъиза карданд.

7 Соли 1931 дар шаҳри Колумбус (иёлоти Огайо) Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бо ҳаяҷони зиёд номи Шоҳидони Яҳуваро қабул карданд. Сипас, соли 1935 дар шаҳри Вашингтон бародар Рутерфорд кӣ будани «анбӯҳи бузург»–еро, ки мувофиқи китоби Ваҳй дар «дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд», ошкор кард (Ваҳй 7:9–17). Соли 1942 дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Нейтон Норр бо нутқи рӯҳбаландкунандаи «Сулҳ — оё он бардавом хоҳад буд?» баромад кард. Дар он ӯ фаҳмонд, ки «ҳайвони ваҳшии арғувонӣ» аз боби 17–уми китоби Ваҳй киро тасвир мекунад ва ишора намуд, ки баъд аз ҷанг боз ҳам бештар мавъиза кардан лозим буд.

8, 9. Чаро баъзе анҷуманҳо махсусан таъсирбахш буданд?

8 Соли 1946 дар анҷумани «Халқҳои хурсанд», ки дар шаҳри Кливлэнд (Огайо) баргузор гардид, бародар Норр бо нутқи ҷолибе бо номи «Душвориҳои кори азнавсозӣ ва васеъкунӣ» баромад кард. Бародаре, ки аз шунидани ин нутқ ба ваҷд омада буд, чунин навишт: «Он бегоҳ ман имконият доштам, ки дар саҳна аз пушти ӯ истода нутқро гӯш кунам. Вақте ки бародар Норр кори ба нақша гирифташударо эълон кард ва сипас оиди васеъ гардонидани хонаи Байт–Ил ва чопхонаи дар Бруклин воқеъбуда нақл кард, ҳозирон беист кафкӯбӣ мекарданд. Ҳарчанд аз саҳна рӯи касеро дида намешуд, ҳис кардани шодии шунавандагон душвор набуд». Дар анҷумани байналхалқие, ки соли 1950 дар Ню–Йорк баргузор гардид, ҳозирон хурсандона Тарҷумаи Дунёи Нави Навиштаҳои Юнониро ба даст оварданд. Баъдтар, он қисми Навиштаҳои Муқаддас гашт, ки ба забони муосири англисӣ навишта шуда дар он номи Худо барқарор шуда буд (Ирм. 16:21).

9 Анҷуманҳое, ки дар онҳо Яҳува Шоҳидони содиқашро пас аз солҳои рӯбарӯшавӣ бо таъқиботҳо ва манъ будани фаъолияташон ҷамъ меовард, хеле таъсирбахш буданд. Адолф Гитлер қасам хӯрда буд, ки Шоҳидони Яҳуваро дар Олмон несту нобуд мекунад, лекин соли 1955 дар шаҳри Нюрнберг, дар ҳамон майдоне, ки ин ҳокими золим ҳамроҳи тарафдоронаш ҷамъ мешуд, 107 000 нафар ходимони Яҳува барои гузаронидани анҷуман ҷамъ омада, он майдонро пур карданд. Бисёре аз ҳозирон ашки шодиашонро дошта наметавонистанд! Соли 1989 дар Полша се анҷуман бо номи «Садоқатмандӣ ба Худо» баргузор гардид, ки дар онҳо 166 518 нафар ҳузур доштанд. Қисми зиёди ташрифовардагон аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чехословакия ва дигар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ омада буданд. Барои баъзеҳо ин аввалин ташрифорӣ ба ҷамъомади калон буд, ки дар он шумораи ҳузурдоштагон аз 15 ё 20 нафар зиёд буд. Тасаввур кунед, ки соли 1993 дар анҷумани байналхалқии «Таълимоти илоҳӣ», ки дар шаҳри Киев (Украина) баргузор шуду дар он 7 402 нафар таъмид гирифтанд, чӣ қадар хурсандии зиёде ҳукмфармо буд! (Иш. 60:22; Ҳаҷ. 2:7). Ин шумора дар таърихи Шоҳидони Яҳува — шумораи баландтарини таъмидгирифтагон ба ҳисоб меравад.

10. Кадом анҷуманҳо махсусан барои шумо хотирнишин буданд ва чаро?

10 Эҳтимол ягон анҷумани вилоятӣ ё байналхалқӣ дар хотири шумо низ сахт нақш бастааст. Оё шумо аввалин анҷуманеро, ки ба он ташриф овардед ё анҷуманеро, ки шояд дар он таъмид гирифтед, дар хотир доред? Он чорабиниҳои рӯҳонӣ албатта барои шумо фаромӯшнашаванда буданд. Ин хотираҳоро қадр кунед! (Заб. 41:5).

ЧОРАБИНИҲОИ ХУРСАНДИОВАР

11. Мувофиқи амри Худо исроилиён ҳар сол бояд ба кадом идҳо ташриф меоварданд?

11 Яҳува аз исроилиён талаб мекард, ки ҳар сол се маротиба барои қайд кардани идҳо — иди Фатир, иди Ҳафтаҳо (дертар Пантикост) ва иди Хаймаҳо ҷамъ оянд. Дар алоқамандӣ бо ин идҳо Худо амр фармуд: «Соле се маротиба тамоми наринаи ту бояд ба ҳузури Худованд Парвардигор ҳозир шаванд» (Хур. 23:14–17). Арзиши бузурги ин идҳоро дарк намуда бисёре аз сарварони хонаводаҳо бо тамоми аъзоёни оилаашон ба он идҳо ташриф меоварданд (1 Подш. 1:1–7; Луқ. 2:41, 42).

12, 13. Ба идҳои ҳарсола ташриф овардан барои бисёри исроилиён чӣ маъно дошт?

12 Фикр кунед, ки чунин сафарҳо барои оилаҳои исроилӣ чӣ маъно доштанд. Масалан, ба Юсуф ва Марям барои аз Носира ба Ерусалим рафтан 100 км роҳро тай кардан лозим буд. Ба фикри шумо, барои бо кӯдакони хурдсол пиёда тай кардани ин роҳи дароз чӣ қадар вақт сарф мешуд? Нақли Китоби Муқаддас оиди он ки Исо ҳангоми наврас буданаш ба Ерусалим сафар карда буд, нишон медиҳад, ки хешу табор ва шиносон метавонистанд якҷоя ба ҷашнгирии идҳо бираванд. Дар бораи он фикр кунед, ки, ҳангоми якҷоя сафар кардан, тайёр намудани хӯрок ва ёрӣ расондан ба якдигар, то дар ҷойҳои бегона барои худ ҷои хоби мувофиқ ёбанд, онҳо бояд бо чӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Гуфтан мумкин аст, ки чунин сафарҳо бехатар буданд, зеро ба навраси 12 солае мисли Исо озодии муайяне дода шуда буд. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар фаромӯшнашаванда буд он вақт, хусусан барои кӯдакон! (Луқ. 2:44–46).

13 Вақте ки исроилиён берун аз ватанашон зиндагӣ мекарданд, ба ин идҳо одамон аз мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ташриф меоварданд. Масалан ба иди Пантикости соли 33 эраи мо яҳудиёни миннатдор ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда аз чунин ҷойҳо мисли Италия, Ливия, Крит, Осиёи Хурд ва Байнаннаҳрайн ба Ерусалим омада буданд (Аъм. 2:5–11; 20:16).

14. Аз ташрифорӣ ба идҳои ҳарсола исроилиён чӣ манфиат мегирифтанд?

14 Барои исроилиёни содиқ мақсади асосии ташрифорӣ ба ин чорабиниҳо ин ҷиҳати рӯҳонии он буд, яъне ибодат кардани Яҳува ҳамроҳи ҳазорҳо шахсоне, ки Ӯро дӯст медоштанд. Ин ба ташрифовардагон чӣ гуна таъсир мекард? Ҷавобро дар дастуроти зерини Яҳува, ки оиди иди Хаймаҳо ба халқаш дода буд, ёфтан мумкин аст: «Дар иди худ хурсандӣ бикун,— ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизода ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри туст. Ҳафт рӯз барои Худованд Худои худ дар маконе ки Худованд баргузинад, ид бикун, зеро ки Худованд Худои ту дар тамоми ҳосилоти ту ва дар тамоми аъмоли дасти ту баракат хоҳад дод, ва ту бағоят хурсанд хоҳӣ шуд» (Такр. Ш. 16:14, 15; Луқо 11:28–ро бихонед.)

ЧАРО БОЯД АНҶУМАНҲОИ ИМРӮЗАРО ҚАДР КУНЕМ?

15, 16. Барои ташрифорӣ ба анҷуманҳо ба шумо чӣ гуна фидокорӣ зоҳир кардан лозим омад? Чаро кӯшишу ғайрати шумо арзанда мебошанд?

15 То чӣ андоза намунаи олиҷанобанд, анҷуманҳои замони қадим барои халқи имрӯзаи Худо! Ҳарчанд бисёр чизҳо бо гузашти асрҳо дигар шуданд, лекин хусусиятҳои муҳими анҷуманҳо тағйир наёфтаанд. Чӣ тавре ки дар давраҳои пеш барои ба анҷуман ташриф овардан аз тарафи шахс фидокорӣ дар талаб буд, имрӯз ҳам вазъият чунин аст. Аммо манфиате, ки мо аз ташрифорӣ ба анҷуманҳо мегирем, ба кӯшишу ғайратамон меарзад. Ин чорабиниҳо, ҳам дар замони гузашта ва ҳам ҳоло, чорабинии муҳими рӯҳонӣ мебошанд. Онҳо ба мо маълумот ва фаҳмишеро медиҳанд, ки барои нигоҳ доштани муносибати наздик бо Худо муҳим аст. Дар анҷуманҳо мо барангехта мешавем, ки чизҳои омӯхтаамонро ба кор барем, аз проблемаҳои зиёдатӣ дурӣ ҷӯем ва диққатамонро ба чизҳое равона созем, ки моро хушбахт карда метавонанд (Заб. 121:1–4).

16 Ташрифорӣ ба анҷуманҳо ҳамеша хурсандибахш аст. Оиди анҷумани калоне, ки соли 1946 баргузор гардид, дар ҳисоботе чунин навишта шуда буд: «Дидани он ки ҳазорҳо Шоҳидон дар як ҷой ҷамъ шудаанд, хеле ҳаяҷонбахш буд ва шунидани он ки овозҳои ҳазорҳо нафарон ба садои мусиқии оркестр ҳамроҳ шуда хурсандона бо сароидани сурудҳои Салтанат ба Яҳува ҳамду сано мехонданд, боз ҳам бештар ба ҳаяҷон меовард». Дар ин ҳисобот ҳамчунин қайд шуда буд, ки бисёриҳо ихтиёрона дар шӯъбаҳои гуногун ба бародарону хоҳарон хизмат карда, аз ин хурсандии беандоза мегирифтанд. Оё шумо низ дар анҷуманҳои вилоятӣ ё байналхалқӣ аз чунин имконият хурсандӣ гирифтаед? (Заб. 109:3; Иш. 42:10–12).

17. Имрӯз дар тарзи гузаронидани анҷуманҳо чӣ гуна дигаргуниҳо дароварда шудаанд?

17 Имрӯз дар тарзи гузаронидани анҷуманҳо баъзе дигаргуниҳо дароварда шудаанд. Масалан, чӣ тавре ки баъзе ходимони Худо ба хотир меоранд, солҳои пешин анҷуманҳо то ҳашт рӯз давом ёфта метавонистанд! Онҳо аз барномаи пагоҳирӯзӣ, баъд аз нисфирӯзӣ ва бегоҳирӯзӣ иборат буданд. Хизмати мавъиза яке аз қисмҳои барномаи анҷуман буд. Баъзе қисмҳои барнома соати нӯҳи пагоҳирӯзӣ оғоз шуда то соати нӯҳи шаб давом меёфтанд. Ба ихтиёриён лозим буд, ки бисёр ва боғайратона меҳнат кунанд, то барои ҳозирон наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом тайёр намоянд. Ҳоло бошад, анҷуманҳо дуру дароз давом намекунанд. Оилаҳо ва шахсони алоҳида хӯрокро пешакӣ дар хонаҳояшон тайёр карда бо худ меоранд, то ки диққаташонро бештар ба ғизои рӯҳонии анҷуман равона созанд.

18, 19. Кадом қисми барномаи анҷуман ба шумо махсусан маъқул аст ва чаро?

18 Баъзе чизҳоро, ки солҳои зиёд қисми барномаи анҷуман мебошанд, мо бесаброна интизор мешавем. Ба туфайли хӯроки рӯҳонии саривақтӣ мо ба маънои пешгӯиҳо ва таълимотҳои Китоби Муқаддас беҳтар сарфаҳм меравем ва он на фақат ба воситаи нутқҳо дода мешавад, балки ҳамчунин тавассути адабиётҳои наве, ки дар анҷуманҳо пешкаш мегарданд (Мат. 24:45). Аз ин адабиётҳо истифода бурда мо метавонем ба одамони самимӣ кӯмак кунем, ки онҳо ҳақиқатҳои Навиштаҳоро қадр намоянд. Драмаҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта моро — хоҳ ҷавон бошем, хоҳ пир — бармеангезанд, ки ниятҳоямонро тафтиш кунем ва худро аз тарзи фикрроние, ки ин ҷаҳони аз Худо бегона ба мо бор кардан мехоҳад, муҳофизат намоем. Нутқ барои таъмидгирандагон ба ҳамаи мо кӯмак мекунад, то оиди он ки чӣ дар ҳаётамон аз ҳама муҳим аст, мулоҳиза ронем ва ҳамчунин аз дидани он ки дигарон ҳаёташонро ба Яҳува бахшида таъмид мегиранд, хурсандӣ намоем.

19 Бале, дар давоми ҳазорсолаҳо анҷуманҳо қисми муҳими ибодати пок мебошанд. Онҳо ба ходимони Яҳува кӯмак мекунанд, ки хурсанду хушбахт бошанд ва ҳатто дар замонҳои душвор Худоро ба таври ба Ӯ мақбул ибодат кунанд. Чунин чорабиниҳо моро бармеангезанд, ки дар хизмат бисёртар иштирок намоем, имконият медиҳанд, ки дӯстони нав пайдо кунем ва барои қадр кардани бародарияти умумиҷаҳониамон кӯмак мерасонанд. Анҷуманҳо чорабиниҳои хеле муҳим мебошанд, зеро ба воситаи онҳо Яҳува халқашро баракат медиҳад ва нисбати он ғамхорӣ мекунад. Бешубҳа ҳар яки мо мехоҳем, ки корҳоямонро тавре ба нақша гирем, то ба ҳар анҷуман ташриф орем ва аз ҳар қисми барнома барои худ манфиат гирем (Мас. 10:22).

[Тасвир дар саҳифаи 30]

Анҷумани байналхалқии соли 1950 (Ню–Йорк)

[Тасвир дар саҳифаи 32]

Мозамбик

[Тасвир дар саҳифаи 32]

Кореяи ҷанубӣ

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан