Оё шумо метавонед дар огоҳ кардани дигарон саҳми бештаре гузоред?
Дар аввалҳои асри бистум ба одамон филми беовозе пешкаш гардид, ки дар он ҳаёти онвақтаи Сан-Франсиско (ИМА) ба навор гирифта шуда буд. Таҳиягарони филм камераро ба пеши автомашинаи ҳаракаткардаистода гузошта буданд ва ҳамин тавр кӯчаи серодами он ҷоро ба навор мегирифтанд. Дар филм аспу аробаҳои одамкашон, автомобилҳои онзамона ва инчунин харидорон ва писарбачаҳои газетфурӯш сабт шуда буданд.
Чаро ин филм дар рӯзҳои мо он қадар номдор гаштааст? Эҳтимол сабаб дар он ки ин филм ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз заминҷунбии марговар ва сӯхторе, ки 18 апрели соли 1906 дар шаҳри Сан-Франсиско рӯй дод, ба навор гирифта шуда буд. Дар натиҷаи он офат ҳазорон одамон ҳалок гаштанд ва ҳамон қисми ба навор гирифташудаи шаҳр қариб пурра нобуд шуд. Баъзе одамоне, ки дар филм сабт шуда буданд, эҳтимол барои зиндагӣ ҳамагӣ якчанд рӯз доштанду халос. Скотт Миллс, ки насли яке аз таҳиягарони он филм мебошад, мегӯяд: «Ман одамонро дар он филм мебинам ва онҳо намедонистанд, ки ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад. Ва кас ғайр аз ҳамдардӣ дигар ягон кор карда наметавонад».
Заминҷунбӣ ва сӯхторе, ки соли 1906 бе ягон огоҳӣ сар зад, сабаби вайрон гаштани қисми калони шаҳри Сан-Франсиско гашт
Муқоиса кардани он воқеа бо рӯзҳои мо, моро водор мекунад, ки ҷиддӣ фикр кунем. Мо низ ғайр аз ҳамдардӣ ба одамон дигар ҳеҷ кор карда наметавонем. Онҳо бо корҳои ҳаррӯза банд ҳастанд ва ягон тасаввурот надоранд, ки ба наздикӣ чӣ мусибате рӯй хоҳад дод, яъне онҳо намефаҳманд, ки ин тартиботи шариронаро нобудшавӣ интизор аст. Вале ин мусибат аз он заминҷунбие, ки бе ягон огоҳкунӣ сар зад, фарқ дорад. Мо муддати кӯтоҳе имконият дорем, ки одамонро дар бораи омадани рӯзи доварии Худо огоҳ кунем. Шумо шояд ҳар ҳафта вақти муайяни худро ба мавъизаи хона ба хона сарф кунед, лекин оё шумо метавонед дар огоҳ кардани дигарон саҳми бештаре гузоред?
ИСО ҲАМЕША БАРОИ МАВЪИЗА КАРДАН ТАЙЁР БУД
Намунаи Исо барои мо муҳим аст. Ӯ ҳамеша тайёр буд, то ба ҳар касе, ки вомехӯрд, мавъиза кунад, масалан ба боҷгири дар роҳ дидааш ва ба зане ки ҳангоми дар назди чоҳ дам гирифтанаш вохӯрд (Луқ. 19:1–5; Юҳ. 4:5–10, 21–24). Ҳатто, вақте ки Исо дамгириро ба нақша мегирифт, барои таълим додани дигарон нақшаашро дигар мекард. Ҳамдардие, ки вай дошт, ӯро водор мекард, ки одамонро таълим диҳад (Марқ. 6:30–34).Чӣ тавр воизон имрӯз ба намунаи Исо пайравӣ карда, ҳамеша барои мавъиза кардани хабари муҳим тайёр буда метавонанд?
ОНҲО ҲАР ИМКОНИЯТРО БАРОИ МАВЪИЗА ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Мелика дар бинои бисёрошёнаи посбондор, ки ба он ҷо даромадан душвор аст, зиндагӣ мекунад. Бисёри ҳамсояҳои ӯ донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Онҳо телефонҳоеро истифода мебаранд, ки рақамаш дар ягон ҷо навишта нашудааст ва номи онҳо дар маълумотномаи даромадгоҳи бино навишта нашудааст. Вай хурсанд аст, ки ҳар имкониятро истифода бурда, бо онҳое, ки дар даромадгоҳ ва лифт вомехӯрад, дар бораи Китоби Муқаддас гап заданро сар мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман қарор кардам, ки ин минтақаи ман аст». Мелика бо худ ба забонҳои гуногун адабиётҳоро мегирад ва бисёриҳо аз ӯ рисола ва маҷаллаҳоро мепурсанд. Ӯ инчунин ба одамон чӣ тавр ба сайти интернетии Шоҳидони Яҳува (jw.org) даромаданро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, вай якчанд омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард.
Сония низ мекӯшад то ба ҳар шахсе, ки вомехӯрад мавъиза кунад. Ӯ дар табобатгоҳ кор мекунад ва ба худ мақсад гузоштааст то ба ҳар як коргараш хушхабарро расонад. Дар аввал вай барои фаҳмидани ниёзҳо ва шавқи ҳар як шахс вақт ҷудо мекунад. Ва баъд ӯ вақти танаффуси нисфирӯзиашро истифода бурда, онҳоро меёбад ва бо ҳар яки онҳо шахсан дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат мекунад. Дар натиҷа Сония ду омӯзиши Китоби Муқаддасро оғоз намуд. Ӯ инчунин ба нақша гирифта истодааст, ки баъзе танаффусашро истифода бурда дар худи бинои табобатхона бо бемороне, ки навбати худро интизор мешаванд, сӯҳбат кунад.
ҲАР ЯК ИМКОНИЯТРО ИСТИФОДА БАРЕД
Як шахс, ки он заминҷунбии соли 1906-ро аз сар гузаронда буд, гуфт: «Ин офати даҳшатноктарине буд, ки аз ин пеш дар шаҳр ё дар иёлоти мо ба ин монанд рӯй надода буд». Лекин тамоми офатҳо бо рӯзи интиқоме, ки ба сари «онҳое ки Худоро намешиносанд» омада истодааст, баробар шуда наметавонанд (2 Тас. 1:8). Яҳува дар ҳақиқат мехоҳад, ки одамон ақлу дили худро тағйир дода, он хабари огоҳкунандаро, ки Шоҳидони Ӯ мавъиза мекунанд, қабул намоянд (2 Пет. 3:9; Ваҳй 14:6, 7).
Оё шумо ҳангоми иҷрои корҳои ҳаррӯзаатон ҳар имкониятро истифода бурда, ба одамоне, ки вомехӯред, мавъиза мекунед?
Барои шумо шараф аст, ки ба одамон барои фаҳмидани он ки мо имрӯз дар рӯзҳои хатарнок зиндагӣ карда истодаем, кӯмак расонед. Ба онҳо лозим аст, ки фақат ҷустани манфиати худро бас кунанд ва ба Яҳува хизмат карданро оғоз намоянд (Саф. 2:2, 3). Оё шумо ҳар имкониятро истифода бурда, ба коргарону ҳамсояҳоятон ва одамоне, ки ҳар рӯз вомехӯред, мавъиза мекунед? Оё шумо барои огоҳ кардани дигарон саҳми зиёд мегузоред?