ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w15 15.12. саҳ. 14-16
  • Нест бод дурӯягӣ!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Нест бод дурӯягӣ!
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЯҲУВА ВА ИСО БА ДУРӮЯГӢ ЧӢ ГУНА НАЗАР ДОРАНД?
  • ҚУВВАИ КАЛОМИ ХУДО
  • Якдигарро дар амал ва самимона дӯст доред!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Яҳува касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Оё виҷдони шумо роҳнамои хуб аст?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
w15 15.12. саҳ. 14-16

Нест бод дурӯягӣ!

ПАНАЙОТА дар яке аз ҷазираҳои баҳри Миёназамин ба воя расидааст. Дар синни наврасӣ ӯ ба сиёсат шавқ дошт. Баъдтар ӯ дар деҳаи худ чун котиби яке аз ҳизбҳои сиёсӣ ба кор даромад. Барои зиёд кардани фонди пулии ҳизбашон Панайота ҳатто хона ба хона мегашт. Аммо бо гузашти вақт муносибати аъзоёни ин ҳизбро дида, ӯ ноумед гашт. Ҳарчанд онҳо якдигарро дӯсту рафиқ мехонданд, дар ҷомеаи онҳо шиносбозӣ, мансабпарастӣ, рақобат ва ҳасад хеле паҳн шуда буд.

Дэниел дар Ирландия, дар оилаи диндорони сахт калон шуда буд. Аммо дар ҳаёти худ ӯ борҳои зиёд дурӯягии рӯҳониёнро дида буд. Онҳо нӯшида маст мешуданд, қиморбозӣ мекарданд ва пули хайрияҳои мардумро медуздиданд, дар ҳолате ки худашон аз минбар истода таълим медоданд, ки касе гуноҳ кунад, Худои Таоло ӯро дар дӯзахи оташин месӯзонад.

Ҷеффри солҳои зиёди ҳаёташро дар соҳаи маркетингу савдо гузаронидааст. Ӯ медид, ки чӣ тавр мизоҷону корхонаҳо ҳангоми ҳамкорӣ кардан бо намояндагони ҳукумат ба қаллобӣ даст мезаданд. Онҳо барои шартнома бастан ҳар гапи росту дурӯғро мегуфтанд.

Чунин воқеаҳо кам нестанд. Дурӯягиву риёкорӣ дар ҳар як соҳаи ҳаёти инсон дида мешавад: сиёсат, дин ва ё тиҷорат. Калимаи дурӯя ба шахсе ишора мекунад, ки ду рӯй дорад. Ӯ гӯё рӯи ҳақиқиашро зери ниқоб пинҳон карда худро шахси дигар вонамуд мекунад. Барои манфиати худ ӯ бо макру фиреб одамонро гумроҳ месозад.

Дурӯягӣ сабаби пайдо шудани хафагӣ, қаҳру ғазаб, норозигиву нофаҳмӣ шуда метавонад. Одамони зиёде аз дурӯягӣ ба дод омадаанд. Касоне ки аз дасти макру фиреби дигарон азоб кашидаанд, шояд аз худ мепурсанд: «Оё ягон вақт замин аз одамони дурӯя пок мешуда бошад?» Хушбахтона, Каломи Худо ба мо дилпурӣ мебахшад, ки як рӯз не, як рӯз ҷаҳон аз дурӯягӣ пок мешавад.

ЯҲУВА ВА ИСО БА ДУРӮЯГӢ ЧӢ ГУНА НАЗАР ДОРАНД?

Мувофиқи Китоби Муқаддас аввалин шахсе ки дурӯягӣ нишон дод, ин офаридаи рӯҳӣ буд. Дар аввали таърихи инсоният Шайтон морро чун ниқоб истифода бурда худро хайрхоҳ вонамуд кард ва зани аввалин — Ҳавворо гумроҳ сохт (Ҳас. 3:1–5). Аз он вақт инҷониб бисёр одамон ҳамин тавр рафтор мекунанд. Онҳо худашонро тамоман шахси дигар вонамуд мекунанд ва дар асл чӣ гуна шахс буданашонро пинҳон месозанд. Барои қонеъ кардани хоҳишҳои худ онҳо одамонро фиреб медиҳанд.

Вақте исроилиёни қадим ба доми дурӯягӣ меафтоданд, Худо онҳоро гаштаву баргашта аз оқибати рафторашон огоҳ мекард. Ба воситаи Ишаъё-пайғамбар Яҳува дар бораи онҳо гуфта буд: «Ин қавм бо даҳони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабҳои худ Маро ҷалол медиҳанд, вале дили худро аз Ман дур кардаанд» (Иш. 29:13). Вақте онҳо ислоҳ намешуданд, Худо мегузошт, ки халқҳои дигар маркази ибодати яҳудиён — Ерусалим ва маъбади онро нобуд созанд. Бори аввал ин соли 607-и то эраи мо, ҳангоми ҳамлаи бобилиён рӯй дод, бори дуюм соли 70-и эраи мо, вақти ҳамлаи румиён. Маълум аст, ки Худованд дурӯягиро беохир тоқат намекунад.

Яҳува Худо ва Исо одамони ростқавлу самимиро қадр мекунанд. Боре назди Исо марде бо номи Натанъил омад. Исо ӯро дида чунин гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест» (Юҳ. 1:47). Натанъил, ки ҳамчунин Барталмо ном дошт, яке аз 12 ҳаввории Исо гардид (Луқ. 6:13–16).

Исо бо пайравонаш вақт мегузаронд ва тарзи фикрронии Худоро ба онҳо меомӯзонд. Ӯ ба онҳо таълим дода буд, ки аз макру риё даргурез бошанд. Исо рафтори риёкоронаи пешвоёни динии замони худро маҳкум мекард. Биёед баъзе аз корҳои нодурусти онҳоро дида бароем.

Онҳо корҳои дурусташонро намоишкорона мекарданд. Исо ба шунавандагони худ гуфт: «Зинҳор, [«адолати», ТДН] худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд... чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд... Вақте ки садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапи ту надонад, ки дасти ростат чӣ кор карда истодааст». Исо ҳамчунин ба онҳо насиҳат дод, ки намоишкорона дуо нагӯянд, чунки Худованд бандагони самимиро дӯст медорад (Мат. 6:1–6).

Онҳо барои таъна задани дигарон тайёр буданд. Исо гуфт: «Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ» (Мат. 7:5). Агар шахс ба хатоҳои дигарон бисёр диққат диҳаду аз гуноҳҳои худ чашм пӯшад, ӯ риёкор аст. Чунин шахс кӯри худ асту бинои дигарон, чунки «ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд» (Рум. 3:23).

Онҳо дилу нияти пок надоштанд. Боре шогирдони фарисиён ва пайравони подшоҳ Ҳиродус назди Исо омада дар бораи супоридани андоз савол доданд. Онҳо бо хушомадгӯӣ ба Исо муроҷиат карда гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ». Баъд онҳо хостанд бо саволи маккоронае Исоро ба дом андозанд. Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Оё ба қайсар ҷизя додан ҷоиз аст, ё не?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед?» Исо онҳоро риёкор, яъне дурӯя номид, чунки онҳо намехостанд ба саволи худ ҷавоб ёбанд, балки мехостанд дар сухани Исо айбе ёфта онро бар зидди худаш истифода баранд (Мат. 22:15–22).

Масеҳиёни ҳақиқӣ кӯшиш мекунанд, ки муҳаббаташон «аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё» бошад (1 ТИМ. 1:5).

Дар иди Пантикости соли 33-и эраи мо ҷамъомади масеҳӣ барқарор гашт. Он ҷамъомад муҳити хубе буд барои шукуфтани ростиву ростқавлӣ. Масеҳиён сахт мекӯшиданд, ки дурӯягиро аз ақлу дили худ пурра решакан созанд. Масалан, Петруси ҳавворӣ ҳамимонони худро барангехт, ки «бародардӯстии бериё» дошта бошанд (1 Пет. 1:22). Павлуси ҳавворӣ бошад, масеҳиёнро ташвиқ кард, ки муҳаббаташон «аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё» бошад (1 Тим. 1:5).

ҚУВВАИ КАЛОМИ ХУДО

Таълими Исо ва ҳаввориёни ӯ, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, имрӯз низ таъсирбахш аст. Павлуси ҳавворӣ гуфта буд: «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (Ибр. 4:12). Омӯхтани таълимоти Китоби Муқаддас ва ба кор бурдани он дар ҳаёти худ ба бисёриҳо кӯмак кард, ки аз дурӯягӣ дур шаванду роҳи ростиву самимиятро пеш гиранд. Биёед мебинем, ки одамони дар боло номбурда аз истифодаи таълимоти Китоби Муқаддас чӣ баҳра бурданд.

Панайота мегӯяд, ки як воқеа ҳаёти ӯро дигаргун намуд. Рӯзе Шоҳидони Яҳува ӯро ба Толори Салтанати худ даъват карданд. Ӯ дар он ҷо самимиятро эҳсос кард ва дид, ки ҳеҷ кас дар Толори Салтанат кӯшиш намекунад, ки бо ягон тарз худнамоӣ кунад. Ӯ нақл мекунад: «Дар он ҷо ман муҳаббати ҳақиқиро дидам. Онҳо самимӣ ва дар ҳақиқат нисбати якдигар меҳрубон буданд. Дар давоми чанд соли дар сиёсат кор карданам, чунин муносибатро надида будам».

Панайота омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ӯ рӯҳан рушд карда, таъмид гирифт. Ин ҳодиса сӣ сол пеш рӯй дода буд. Акнун ӯ мегӯяд: «Ман зиндагии пурмаъноро на он вақте ёфтам, ки хона ба хона гашта ҳизби сиёсиро таблиғ мекардам, балки вақте дар бораи Салтанати Худо мавъиза карданро сар кардам. Ин ягона роҳест, ки мо дар ҷаҳони пур аз адлу инсоф зиндагӣ карда метавонем».

Дэниел аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кард ва дар ҷамъомад соҳиби якчанд таъинот шуд. Баъди якчанд сол ӯ ба хатогие роҳ дод ва виҷдонаш азоб медод. Ӯ мегӯяд: «Он чизи ки ман солҳои пеш дар калисо дида будам, то ҳол дар хотирам буд. Азбаски ман намехостам чунин риёкор бошам, аз масъулиятҳоям дар ҷамъомад даст кашидам. Ман намехостам дурӯягӣ карда дар назди ҳамимононам худро шахси дигар вонамуд намоям».

Хушбахтона, баъди якчанд вақт Дэниел ҳис кард, ки метавонад аз нав бо виҷдони пок масъулиятҳояшро ба дӯш гирад. Чунин ростқавлӣ дар байни касоне ки аз дили соф ба Худо хизмат мекунанд, бисёр вомехӯрад. Онҳо пеш аз он ки хасро аз чашми дигарон гирифтанӣ шаванд, чӯбро аз чашми худ дур месозанд.

Ҷеффри, ки ҳаёташро дар соҳаи савдо гузаронидааст, мегӯяд: «Бо зиёд шудани донишам аз Китоби Муқаддас ман дарк кардам, ки дигар намехоҳам савдогари таблиғотчӣ ва шахсе бошам, ки ба хотири бастани шартнома ба додани ҳар ваъда тайёр аст. Оятҳои ба монанди Масалҳо 11:1 ба виҷдонам таъсири сахт расонданд. Дар он ҷо гуфта мешавад: “Тарозуи нодуруст назди Худованд зишт аст”». Баръакси касоне ки дар бораи супоридани андоз ба Исо савол дода буданд, Ҷеффри акнун дар муносибат бо ҳама одамон бо дилу нияти пок рафтор мекунад.

Миллионҳо Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон кӯшиш мекунанд, то он чизеро ки аз Китоби Муқаддас меомӯзанд, дар ҳаёташон ба кор баранд. Онҳо кӯшиш мекунанд «одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар» кунанд (Эфс. 4:24). Мо шуморо бармеангезем, ки бо Шоҳидони Яҳува ва эътиқоди онҳо шинос шавед. Онҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки дар бораи дунёи наве ки Худо ваъда додааст, бештар фаҳмед. Он вақт дар тамоми дунё «адолат сокин хоҳад буд» ва дурӯягӣ решакан мегардад (2 Пет. 3:13).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан