Чаро хоксорӣ муҳим аст?
«Ҳикмат бо фурӯтанон [хоксорон, ТДН] аст» (МАС. 11:2)
1, 2. Чаро Яҳува Шоулро аз подшоҳӣ гирифт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ШОУЛ пеш аз подшоҳ шуданаш марди хоксор буд ва ҳама ӯро иззат мекарданд (1 Подш. 9:1, 2, 21; 10:20–24). Лекин баъди подшоҳ шудан ӯ худписандона амал мекардагӣ шуд. Боре дар Ҷилҷол вақте ки пайғамбар Самуил барои қурбонӣ овардан дер кард, Шоул бетоқат шуд, чунки фалиштиён аллакай барои ҳамла кардан бар исроилиён тайёр буданд. Исроилиён аз тарс ба ҳар тараф мегурехтанд. Аз ин рӯ Шоул, шояд фикр кард, ки Самуилро интизор шудан даркор не ва ӯ бояд зуд амал кунад. Барои ҳамин худаш ба Худо қурбонӣ овард, лекин ӯ ба ин ҳақ надошт. Албатта, аз ин кори ӯ Яҳува норозӣ буд (1 Подш. 13:5–9).
2 Вақте ки Самуил ба Ҷилҷол омад, ӯ Шоулро барои ин кораш ҳукм кард. Ба ҷойи тавба кардан Шоул худашро сафед намуд ва гуноҳро ба сари дигарон бор кард (1 Подш. 13:10–14). Баъди ин Шоул бисёртар худписанд шуд. Аз ин рӯ Яҳува подшоҳии ӯро рад кард (1 Подш. 15:22, 23). Ҳарчанд Шоул дар аввал одами хоксор буд, лекин баъдтар худписандиаш ба сараш бадбахтӣ овард (1 Подш. 31:1–6).
3. а) Бисёр одамон дар бораи хоксорӣ чӣ фикр доранд? б) Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
3 Имрӯз бисёр одамон фикр мекунанд, ки агар хоксор бошӣ, зиндагии хуб ё мартабаи баланд дошта наметавонӣ. Масалан, ҳунарманди машҳуре, ки баъдтар сиёсатмадор гашт, чунин гуфт: «Хоксорӣ ин калимаест, ки ба ман дахл надорад ва ман умед дорам, ки ҳеҷ гоҳ дахл нахоҳад дошт». Лекин чаро барои ходимони Худо хоксор будан муҳим аст? Хоксорӣ чӣ маъно дорад ва чиро дар бар намегирад? Дар ин мақола мо ба ин ду савол ҷавоб меёбем. Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо мефаҳмем, ки чӣ тавр нигоҳ накарда ба душвориҳо хоксориро нигоҳ дошта метавонем.
ЧАРО ХОКСОРӢ МУҲИМ АСТ?
4. Худписандона амал кардан чӣ маъно дорад?
4 Дар Китоби Муқаддас фаҳмонда шудааст, ки хоксорӣ баръакси худписандист. (Масалҳо 11:2-ро хонед.) Довуд аз Яҳува хоҳиш кард: «Аз бадқасдон [худписандон, ТДН] низ бандаи Худро нигоҳ дор» (Заб. 18:14). Худбоварӣ чист? Вақте касе беандеша ё дағалона коре мекунад, ки ба он ҳаққу ҳуқуқ надорад, инро худбоварӣ ё худписандӣ гуфтан мумкин аст. Аз сабаби нокомилӣ ҳамаи мо баъзан худписандона амал карда метавонем. Лекин чи хеле ки мисоли подшоҳ Шоул нишон медиҳад, агар ин гуна рафтор ба мо одат шавад, ин ба Яҳува маъқул намешавад. Дар таронаи Забур 118:21 гуфта шудааст, ки Яҳува «бадқасдони [худписандони, ТДН] малъунро» сарзаниш мекунад. Чаро?
5. Чаро худписандона амал кардан хатогии ҷиддӣ аст?
5 Худписандӣ хатогии ҷиддӣ аст, чунки бо ин хислатамон мо Яҳуваро чун ҳокими худ эҳтиром намекунем. Дуюм, агар мо кореро кунем, ки ба он ҳақ надорем ин сабаби баҳсу мунозираҳо мегардад (Мас. 13:10). Сеюм, мо аз рафтори худписандонаи худ хиҷолат кашида метавонем (Луқ. 14:8, 9). Худписандӣ оқибати хуб надорад. Хоксорӣ, бошад, чи хеле ки Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ҳамеша баракат меорад.
ХОКСОРӢ ЧИРО ДАР БАР МЕГИРАД?
6, 7. Фурӯтанӣ чист ва чӣ тавр хоксорӣ бо он алоқаманд аст?
6 Хоксорӣ бо фурӯтанӣ зич алоқаманд аст. Ходими фурӯтани Яҳува мағрур нест ва дигаронро аз худ авло медонад (Флп. 2:3). Одами фурӯтан одатан хоксор аст. Ӯ маҳдудияти худро тан мегирад ва ба хатогиҳояш иқрор мешавад. Ҳамчунин ӯ бо тайёрӣ ба фикри дигарон гӯш дода аз онҳо дарс мегирад. Шахси фурӯтан дили Яҳуваро хурсанд месозад.
7 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки одами хоксор қобилияту маҳдудияти худро медонад. Инчунин ӯ мефаҳмад, ки ба кардани баъзе корҳо ҳақ надорад. Ва донистани ин чизҳо ба ӯ ёрдам мекунад, ки дигаронро ҳурмат кунаду бо онҳо меҳрубонона муносибат намояд.
8. Баъзе аз нишонаҳои фикр ё рафтори худписандонаро гӯед?
8 Кадом вақт одам худписандона фикр ва ё рафтор карданро сар мекунад? Биёед якчанд нишонаи огоҳкунандаро дида бароем. Масалан, агар фикр кунем, ки мо аз дигарон дида беҳтарем ё таъинотамон муҳимтар аст (Рум. 12:16). Эҳтимол мо ба худ диққати нодаркориро ҷалб мекунем (1 Тим. 2:9, 10). Ё шояд дар асоси мартабаи худ, гуфтаҳои дигарон ва фаҳмиши худ ягон ақидаро тарафдорӣ мекунем (1 Қӯр. 4:6). Одатан баъд аз ин худамон нафаҳмида мемонем, ки чӣ тавр худписанд шудем.
9. Аз чӣ сабаб баъзеҳо худписанд шуданд? Мисол оред.
9 Ҳеҷ яке аз мо аз худписандӣ эмин нестем, агар ки лаҷоми хоҳишҳои ҷисми худро накашем. Шӯҳратпарастӣ, бахилӣ, ғазаби идоранашаванда бисёриҳоро ба рафтори худписандона тела медиҳад. Мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки Абшолӯм, Узиё ва Набукаднесар ба хоҳишҳои нодуруст дода шуданд ва Яҳува барои ин онҳоро беобрӯ кард (2 Подш. 15:1–6; 18:9–17; 2 Вақ. 26:16–21; Дон. 5:18–21).
10. Чаро мо набояд дигаронро ҳукм кунем? Аз Китоби Муқаддас мисол оред.
10 Боз бо сабабҳои дигар одам худписанд шуда метавонад. Биёед воқеаҳоеро дида бароем, ки дар Ҳастӣ 20:2–7 ва Матто 26:31–35 навишта шудаанд. Оё сабаби рафтори Абималик ва Петрус хоҳиши нодуруст буд? Ё ин шахсон аз ҳама мавриду вазъият пурра хабардор набуданд ё ки дар чунин ҳолат ногаҳон қарор доштанд? Азбаски мо аз дилу нияти онҳо бехабарем, аз рӯи хирад ва муҳаббат мебуд, ки саросемавор хулоса набарорем. (Яъқуб 4:12-ро хонед.)
ҲАР КАС БОЯД ҶОЯШРО ДОНАД
11. Чӣ тавр хоксорӣ бо донистани ҷои худ дар ташкилоти Яҳува вобастагӣ дорад?
11 Хоксорӣ аз донистани мавқеи худ дар ташкилоти Яҳува сарчашма мегирад. Яҳува тартибро дӯст медорад, барои ҳамин ба ҳар яки мо дар ташкилоташ ҷой додааст. Нақши ҳар як кас дар ҷамъомад беҳамто аст ва ҳама аъзои ҷамъомад даркорианд. Яҳува ба ҳар як ходимаш ато, хислат, қобилияту маҳорате додааст, ки мо сазовори он нестем. Мо онро барои ҳамд гуфтани Яҳува ва бар манфиати дигарон истифода бурда метавонем (Рум. 12:4–8). Яҳува бо таъинот ва масъулият доданаш моро шарафманд мегардонад ва бо ин нишон медиҳад, ки ба мо бовар мекунад. (1 Петрус 4:10-ро хонед.)
Ҳангоми дигар шудани таъинотамон аз Исо чӣ дарс гирифта метавонем? (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.)
12, 13. Чаро аз дигар шудани таъинотамон набояд ҳайрон шавем?
12 Кадом коре ки мо дар хизмати Яҳува накунем бо гузашти вақт тағйир ёфта метавонад. Биёед мисоли Исоро дида бароем, ки чӣ гуна дигаргуниҳоро вай аз сар гузаронд. Дар аввал Ӯ бо Яҳува буд (Мас. 8:22). Сипас ӯ ба Падараш дар офариниши фариштагон, коинот ва одамизод ёрдам кард (Қӯл. 1:16). Баъдтар ба Исо таъиноти дигар дода шуд, ӯ бояд дар замин чун кӯдак таваллуд ёфта, калон мешуд (Флп. 2:7). Баъди маргаш Исо ба осмон баргашт, то ки соли 1914 дар Салтанати Худо Подшоҳ шавад (Ибр. 2:9). Дар оянда баъд аз ҳукмронии ҳазорсолааш ӯ Салтанатро ба Яҳува бармегардонад, «то ки Худо кулл дар кулл бошад», яъне бар ҳама ҳоким гардад (1 Қӯр. 15:28).
13 Одатан аз сабаби қарорҳоямон таъиноти мо низ дигар шуда метавонад. Масалан, ҳангоме ки оиладор ё кӯдакдор мешавем. Баъдтар шояд барои пешрави доимӣ шудан ҳаётамонро одӣ гардонем. Ҳар яке аз ин қарорҳо афзалияти худро дорад ва масъулиятро талаб мекунад. Тағйирёбии вазъият хизмати моро маҳдуд ё васеъ карда метавонад. Новобаста аз синну сол ва саломатиамон Яҳува ҳамеша медонад, ки моро дар хизмати Худ чӣ хел ба таври беҳтарин истифода барад. Ӯ аз қувватамон берун чизеро талаб намекунад ва ҳар кори моро қадр мекунад (Ибр. 6:10).
14. Чӣ тавр назари хоксорона ба мо ёрдам мекунад, ки дар ҳама ҳолат хурсандӣ гирем?
14 Исо аз ҳар як таъиноташ хурсандӣ мегирифт, мо низ мисли ӯ буда метавонем (Мас. 8:30, 31). Одами хоксор аз таъиноту масъулияти дар ҷамъомад доштааш оҳу нола намекунад. Ӯ дар бораи таъиноти оянда ва бурдбориҳои дигарон хавотир намешавад. Баръакс вай аз таъиноти доштааш қаноатмандӣ мегирад ва ба он чун ато аз тарафи Яҳува менигарад. Ҳамзамон ин гуна шахс нисбати дигарон ва таъиноташон эҳтиром зоҳир менамояд ва онҳоро дастгирӣ мекунад (Рум. 12:10).
ХОКСОРӢ ЧИРО ДАР БАР НАМЕГИРАД?
15. Мо аз намунаи Ҷидъӯн чӣ дарс гирифта метавонем?
15 Ҷидъӯн дар хоксорӣ намунаи хуб аст. Вақте фариштаи Яҳува ба ӯ нозил шуд, вай хоксорона гуфт, ки «хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам» (Дов. 6:15). Вале Ҷидъӯн ба Яҳува такя карда супоришро қабул кард. Баъд аз гирифтани супориш вай пурра мефаҳмид, ки Яҳува аз ӯ чӣ интизор аст ва дар дуо аз Ӯ роҳбарӣ пурсид (Дов. 6:36–40). Ҷидъӯн марди бақувват ва нотарс бошад ҳам, хирадманду эҳтиёткор буд (Дов. 6:11, 27). Баъдтар вақте ки одамон ӯро подшоҳ карданӣ шудан ӯ нахост, ки подшоҳ шавад. Ва баъд аз иҷрои супориши Яҳува ба хонааш баргашт (Дов. 8:22, 23, 29).
16, 17. Одами хоксор барои рӯҳан пешравӣ кардан чиро ба назар мегирад?
16 Хоксорӣ маънои онро надорад, ки одам таъиноту масъулияти иловагиро дар хизмати Яҳува ҳеҷ гоҳ набояд қабул кунад. Баръакс, Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки пешравӣ кунем (1 Тим. 4:13–15). Оё ин пешравӣ танҳо ба дигар шудани таъинот дахл дорад? Не, албатта. Бо дастгирии Яҳува мо новобаста аз таъинотамон рӯҳан рушд карда метавонем. Ҳамчунин мо қобилиятҳои худододро инкишоф дода дар некӣ кардан бештар муваффақ гашта метавонем.
17 Пеш аз қабул кардани таъиноти нав одами хоксор мефаҳмад, ки аз вай чӣ талаб карда мешавад. Ӯ ростқавлона ба вазъияти худ баҳо медиҳад. Масалан, оё шахс ба корҳои муҳимаш хунукназарӣ накарда ӯҳдадории бештарро гирифта метавонад? Ё барои ӯҳдадории навро гирифтан, оё вазифаи ҳозираашро ба дигар кас супорида метавонад? Агар ба яке ё ба ҳар ду савол ҷавоб «не» бошад, шояд шахси дигаре ёфт шавад, ки аз ӯҳдаи ин кор баромада тавонад. Дар дуо мулоҳиза рондан ва воқеъбин будан ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати қобилият ва маҳдудиятамон назари дуруст дошта бошем ва аз хоксорӣ «не» гӯем.
18. а) Хоксорӣ моро нисбати таъинот ё ӯҳдадории нав ба чӣ бармеангезад? б) Мувофиқи Румиён 12:3 одами хоксор бояд чӣ гуна шахс бошад?
18 Вақте мо таъиноти навро қабул мекунем, намунаи Ҷидъӯн моро ёдрас мекунад, ки бе дастгирӣ ва дастуроти Яҳува мо муваффақ шуда наметавонем. Зеро ҳамаи мо барои «дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ [хоксорӣ, ТДН] роҳ» рафтан даъват шудаем (Мико 6:8). Ҳар гоҳе ки ӯҳдадории нав мегирем, мо бояд дар дуо оиди чизҳое ки Яҳува ба воситаи Калом ва ташкилоташ ба мо мегӯяд, мулоҳиза ронем. Мо бояд қадамҳои ноустуворамонро ба роҳбарии устуворонаи Яҳува вогузорем. Биёед дар хотир дорем, ки маҳз фурӯтании Яҳува моро «бузург мегардонад», на қобилияти мо (Заб. 17:36). Бо Худо роҳ рафтан ба мо ёрдам мекунад, ки худро на паст шуморему на баланд. (Румиён 12:3-ро хонед.)
19. Чаро хоксориро инкишоф додан муҳим аст?
19 Одами хоксор Яҳуваро чун Офаридгор ва Ҳаққи Таоло тан гирифта ҳама ҷалолро ба Ӯ медиҳад (Ваҳй 4:11). Хоксорӣ ба мо ёрдам мекунад, ки аз таъиноти худ қаноатманд бошем ва дар ташкилоти Яҳува самаранок хизмат кунем. Ин хислат моро аз корҳои нодуруст нигоҳ медорад ва ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад. Инчунин он моро бармеангезад, ки дигаронро аз худ авлотар донем ва аз хатогиҳои ҷиддӣ даргурез бошем. Аз ҳамин сабаб хоксорӣ барои ҳама ходимони Худо муҳим аст. Ва Яҳува онҳоеро ки ин хислатро инкишоф медиҳанд, хеле қадр мекунад. Лекин, агар зери фишор қарор дошта бошем он гоҳ чӣ тавр хоксор буда метавонем? Инро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.