ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp18 № 1 саҳ. 12-13
  • 3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕМОРИИ ДУРУДАРОЗ
  • ҒАМУ ДАРД
  • Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
wp18 № 1 саҳ. 12-13
Зане дар қабристон гиря дорад; зани маъюбе хушхабарро гӯш карда истодааст

3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?

Дар ҷаҳон душвориҳое ҳастанд, ки на аз онҳо гурехта мешаваду на онҳоро ҳал карда мешавад. Масалан, шумо шахси наздикатонро аз даст додаед ё дер боз бемор ҳастед. Ва шояд ғайр аз тоб овардан ба ин душвориҳо дигар илоҷе надоред. Оё Китоби Муқаддас дар ин вазъиятҳои душвор кӯмак карда метавонад?

БЕМОРИИ ДУРУДАРОЗ

Роза мегӯяд: «Ман бемории ирсӣ дорам ва аз дарди сахту доимӣ азоб мекашам. Ҳаётам беранг буд». Бисёр вақт ӯ аз он зиқ мешуд, ки диққати худро ба омӯзиши Китоби Муқаддас ва мавзӯъҳои рӯҳонӣ равона карда наметавонист. Лекин суханони Исо, ки дар Матто 19:26 омадааст, ба ӯ хеле кӯмак карданд. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Роза фаҳмид, ки барои омӯзиш роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд. Масалан, аз сабаби он ки баъзан хондан барояш душвор буд, ӯ сабти Китоби Муқаддас ва адабиётҳоро гӯш мекард.a Ӯ мегӯяд: «Бе чунин чизҳо ман намедонам, ки чӣ хел бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ медоштам».

Вақте Роза зиқ мешуд, ки мисли пештара ҳама корро карда наметавонад, суханони 2 Қӯринтиён 8:12 ӯро тасаллӣ медоданд, ки чунин аст: «Ҳадия хусусан ҳамон вақт ба Худо маъқул мешавад, агар бо хоҳиши зиёд дода шавад, чунки Худо интизор аст, ки шахс чизи доштаашро медиҳад, на он чизеро, ки надорад». Ин суханон ба Роза хотиррасон мекард, ки ӯ ба Худо писанд аст, зеро ба душворияш нигоҳ накарда ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад.

ҒАМУ ДАРД

Сафия, ки пештар дар борааш гуфта будем, чунин мегӯяд: «Баъд аз он ки духтари 18-солаам вафот кард, дардам сахт буд ва ман фикр мекардам, ки дигар зиндагӣ карда наметавонам. Дигар ҳаётам мисли пештара намешавад». Ӯ аз ояти Забур 94:19 тасаллӣ ёфт, ки дар он ҷо забурнавис ба Худо мегӯяд: «Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад». Ӯ мегӯяд: «Ман ба Яҳува дуо мегуфтам, то чизҳоеро ёбам, ки ба дардам сабукӣ бахшад».

Ӯ ба кори муҳиме банд шуд. Баъзан ӯ худро ба бӯр монанд мекард, ки ҳатто баъди шикастан истифода бурда мешавад. Зеро ӯ фикр мекард, ки ҳатто агар худро шикаста ҳис кунад ҳам, то ҳол ба дигарон ёрдам карда метавонад. Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки вақте барои тасаллӣ додани омӯзандагон принсипҳо ва маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро истифода мебарам, Яҳува маро бо ин роҳ тасаллӣ ва оромӣ мебахшад». Ӯ аз Китоби Муқаддас рӯйхати одамонеро навишт, ки ғаму дардро паси сар карданд. Ӯ қайд мекунад: «Ҳар яки онҳо ба Яҳува пайваста дуо мегуфтанд». Ӯ ҳамчунин фаҳмид, ки «агар Китоби Муқаддасро варақ назанӣ, ҷавоб намегирӣ».

Сафия аз омӯзиши Китоби Муқаддас боз фаҳмид, ки диққаташро бояд ба оянда равона кунад, на ба гузашта. Умеде, ки дар борааш дар Аъмол 24:15 гуфта шудааст ӯро тасалло медиҳад: «Ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд». Боварии ӯ ба он ки Яҳува духтарашро зинда мекунад, то чӣ андоза қавӣ аст? Биёед бинем, ки Сафия худаш чӣ мегӯяд: «Ояндаро тасаввур карда ман духтарамро мебинам. Вохӯрии мо аллакай ба нақша гирифта шудааст, мисли он ки Падари осмониам ин рӯзро дар тақвими худ қайд кардааст. Ман тасаввур мекунам, ки чӣ хел бо духтарам баъди эҳё шуданаш дар боғамон нишастаам. Ин тасаввурот бароям мисли хотираҳои рӯзи таваллуди духтарчаам зиндаанд».

a Бисёре аз чунин сабтҳоро шумо аз сайти jw.org гирифта метавонед.

Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳатто дар вақтҳои тангӣ тасалло ёбед

ЧӢ ТАВР ХУДО БА МО ЁРДАМ МЕКУНАД?

Китоби Муқаддас ба ин савол аниқу равшан ҷавоб медиҳад. Дар он чунин гуфта шудааст: «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое, ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое, ки Ӯро ба ростӣ мехонанд. Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад, ва истиғосаи онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад» (Забур 145:18, 19). Магар ин суханон тасаллибахш нестанд? Чӣ тавр Худо ба дуоҳои одамоне, ки аз сидқи дил роҳнамоии Ӯро меҷӯянд, ҷавоб медиҳад?

ҚУВВАТ МЕДИҲАД

Бисёр вақт душвориҳо моро рӯҳафтодаю бемадор намуда муносибатамонро бо Худо суст карда метавонанд (Масалҳо 24:10). Вале Яҳува «хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад» (Ишаъё 40:29). Павлуси расул, ки бисёр душвориҳоро аз сар гузаронд, чунин гуфт: «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиро паси сар карда метавонам» (Филиппиён 4:13). Рӯҳи муқаддаси Худо ба Павлуси расул қувват бахшид. Шумо низ метавонед аз Худо рӯҳи муқаддас пурсед (Луқо 11:13).

ХИРАД МЕДИҲАД

Агар барои фаҳмидан ва ба кор бурдани маслиҳати Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак даркор шавад-чӣ? Шогирди Исо, Яъқуб, чунин навишт: «Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор онро пайваста аз Худо пурсад ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо саховатмандӣ ва таъна накарда медиҳад» (Яъқуб 1:5). Китоби Муқаддасро хонда ва гуфтаҳояшро ба кор бурда, шумо мувофиқи дуоҳоятон амал карда метавонед (Яъқуб 1:23–25). Чунин амал намуда шумо худатон боварӣ ҳосил мекунед, ки ин маслиҳатҳо аз рӯйи хирад мебошанд.

ОРОМӢ МЕБАХШАД

Ҳатто агар шумо аз ғаму ташвиш азоб кашед ҳам, Яҳува бароятон оромӣ бахшида метавонад. Дар Каломи Ӯ гуфта шудааст: «Дар бораи ҳеҷ чиз ғам нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукру миннатдорӣ хоҳишҳои худро ба Худо маълум созед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ муҳофизат мекунад» (Филиппиён 4:6, 7). Пас, чаро аз Яҳува оромӣ напурсед?

Лекин агар душвориҳоятон тез ҳал нашаванд-чӣ? Зуд хулоса накунед, ки Худо шуморо партофтааст. Ҳатто агар душвориҳоятон давом ёбад, Худо барои тоб овардан, ба шумо ёрдам карда, далерӣ ва қувват бахшида метавонад (1 Қӯринтиён 10:13). Китоби Муқаддас ҳамчунин ваъда медиҳад, ки дар оянда ягон кас аз душворӣ азоб намекашад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан