Барномаи вохӯрии хидматӣ
Ҳафтаи аз 11–уми июн саршаванда
Суруди 153.
10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Пешниҳоди саҳифаи 4 ё ягон пешниҳоди дигари барои маҳаллатон мувофиқро истифода бурда, як ё ду намоиш тайёр кунед.
15 дақ. Чун таълимдиҳандагони Каломи Худо пурра муҷаҳҳаз. Нутқи бар саҳифаҳои 24–28-и «Бурҷи дидбонӣ»–и 15–уми феврали с. 2002 (рус.) асосёфта. Баъзе ходимони Худо барои пешниҳод кардани омӯзиши Китоби Муқаддас ба шахсони рағбатдор дудилагӣ мекунанд, чунки худро барои бурдани омӯзиш ба дараҷаи кофӣ маҳоратнок намеҳисобанд. Аммо Яҳува моро тавассути Каломаш, рӯҳулқудсаш ва созмонаш ходим таъин намудааст. Мақсади мо фақат пешниҳод кардани адабиёт нест. Мо бояд барои таълим додани одамон саъй кунем (Мат. 28:19, 20). Воизонро ташвиқ намоед, ки мақсади бо одамон сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддасро рӯшан дар хотир нигаҳ доранд.
20 дақ. Ҳама корро барои ҷалоли Худо кунед. Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон, ки бар боби 13–и китоби “Барои иҷрои иродаи Яҳува созмоншудагон” (рус.) асос ёфтааст.
Суруди 144 ва дуои хотимавӣ.
Ҳафтаи аз 18–уми июн саршаванда
Суруди 217.
10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Эълонҳои интихобшуда аз Хидмат бар Салтанати Худо.
15 дақ. Оё дар ёд доред? Муҳокима бо шунавандагон дар асоси саҳифаи 19–и «Бурҷи дидбонӣ» аз 15–уми апрели с. 2007 (рус.).
20 дақ. “Мо аз сарфи қувваи худ ба хидмати Яҳува шодем!”a Дар ҳудуди вақти муайяншуда шунавандагонро даъват намоед, ки оятҳои овардашударо хонда, шарҳ диҳанд.
Суруди 82 ва дуои хотимавӣ.
Ҳафтаи аз 25–уми июн саршаванда
Суруди 15.
10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ҳисоботи пулӣ ва тасдиқот оиди расидани хайрияҳоро бихонед. Пешниҳодоти саҳифаи 4 ё ягон тарзи дигари дар маҳалли шумо мувофиқро истифода бурда, як ё ду намоиш ташкил кунед.
15 дақ. Ниёзҳои маҳаллӣ.
20 дақ. «Оё метавонед, ки ба “дарвозаи бузургу фарох”–и фаъолият ворид шавед?»b Аз як ё ду пешгоми доимӣ мусоҳиба гиред. Чӣ дигаргуниҳое онҳо барои пешгоми доимӣ шудан карданд? Аз кадом баракатҳо онҳо баҳра мебаранд?
Суруди 138 ва дуои хотимавӣ.
Ҳафтаи аз 2–юми июл саршаванда
Суруди 208.
10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ба воизон хотиррасон кунед, ки ҳисоботи хидмати моҳи июнро супоранд. Адабиёти моҳи июл пешниҳодшавандаро номбар карда, пешкаши онро намоиш диҳед.
15 дақ. Шаҳодати ғайрирасмӣ — тарзи муҳими мавъизаи пайғоми Салтанат. Муҳокима бо шунавандагон дар асоси саҳифаҳои 101–102-и китоби “Барои иҷрои иродаи Яҳува созмоншудагон” (рус.). Баъзе роҳҳои амалии шаҳодати ғайрирасмиро пешниҳод намоед. Шунавандагонро даъват кунед, ки таҷрибаҳои мусбии дар шаҳодати ғайрирасмӣ доштаашонро нақл намоянд.
20 дақ. «Овардани “меваи фаровон”-ро давом диҳед»c. Ҳангоми дидабароии сархати 4, аз замимаи “Чӣ гуна босубот самар метавон овард”, ки дар саҳифаи 21–и «Бурҷи дидбонӣ» аз 1–уми феврали с. 2003 (рус.) аст, шарҳҳо оваред.
Суруди 69 ва дуои хотимавӣ.
[Эзоҳ]
a Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.
b Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.
c Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.