ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 3.08 саҳ. 2
  • Барномаи вохӯрии хидматӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барномаи вохӯрии хидматӣ
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Ҳафтаи аз 10–уми март саршаванда
  • Ҳафтаи аз 17–уми март саршаванда
  • Ҳафтаи аз 24–уми март саршаванда
  • Ҳафтаи аз 31–уми март саршаванда
  • Ҳафтаи аз 7–уми апрел саршаванда
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 3.08 саҳ. 2

Барномаи вохӯрии хидматӣ

Ҳафтаи аз 10–уми март саршаванда

Суруди 131.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Пешниҳодоти саҳифаи 4 ё ягон пешниҳоди дигари барои маҳаллатон мувофиқро истифода бурда, як ё ду тарзи пешкаш намудани адабиётро ҳамроҳи даъватномаҳои Шоми ёдбуд нишон диҳед.

20 дақ. Барои чӣ бо ҳам ҷамъ меоем? Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон дар асоси “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 15–уми майи с. 2007, саҳифаҳои 11–13. Шунавандагонро даъват намоед, то шарҳ диҳанд, ки аз ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад чӣ манфиате гирифтанд ва барои ташрифории мунтазам ба онҳо чӣ чораҳо андешиданд.

15 дақ. “Ҳар яки мо метавонад ба Яҳува чизе диҳад”.a Дар ҳудуди вақти муайяншуда шунавандагонро даъват намоед, ки оятҳои овардашударо шарҳ диҳанд.

Суруди 8.

Ҳафтаи аз 17–уми март саршаванда

Суруди 144.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ба шунавандагон хотиррасон кунед, ки ба вохӯрии хидматии навбатӣ “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 1–уми апрел ва “Бедор шавед!” (рус.)–и моҳи апрелро бо худ оранд ва ба муҳокимаи пешниҳодоти онҳо (ки барои маҳаллатон мувофиқанд) тайёрӣ бинанд. Эълонҳои интихобшуда аз Хидмат ба Салтанати Худо.

15 дақ. Замимаи саволҳо. Пири ҷамъомад пешкаш мекунад. Мақоларо пурра хонда, онро муҳокима намоед.

20 дақ. “Чӣ гуна ба ҳозирони Шоми ёдбуд кӯмак метавон кард?”b Ҳангоми дидабароии сархати 5 намоиши кӯтоҳ нишон диҳед, ки чӣ гуна бо шахси ба Шоми ёдбудомада омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз намудан мумкин аст.

Суруди 214.

Ҳафтаи аз 24–уми март саршаванда

Суруди 111.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ҳисоботи пулӣ ва тасдиқот оиди расидани хайрияҳоро бихонед.

15 дақ. Тайёрӣ ба пешниҳоди шумораи тозаи маҷаллаҳо. Муҳокима бо шунавандагон. Баъди шарҳи кӯтоҳи маҷаллаҳои “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 1–уми апрел ва “Бедор шавед!” (рус.)–и моҳи апрел аз шунавандагон пурсед, ки кадоме аз мақолаҳо одамонро дар хидмати мавъиза шавқманд карда метавонанд ва чаро. Шунавандагонро даъват намоед хусусиятҳои хоси мақолаеро, ки истифода бурданиянд, номбар намоянд. Барои оғоз кардани сӯҳбат кадом саволро додан мумкин аст? Кадом ояти Китоби Муқаддасро аз мақола сипас метавон хонд? Пешниҳодоти барои маҳаллатон мувофиқро истифода бурда, тарзи пешкаши ин маҷаллаҳоро намоиш диҳед.

20 дақ. Аз некӣ башорат медиҳем. Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, пири ҷамъомад дар асоси “Бурҷи дидбонӣ” аз 1–уми июли 2005 (рус.), сархатҳои 10–14, саҳифаҳои 18, 19 нутқ мегӯяд. Шунавандагонро даъват намоед, то нақл кунанд, ки ҳангоми бори аввал шунидани пайғоми Салтанат чӣ гуна дар он тасалливу умед ёфтанд.

Суруди 29.

Ҳафтаи аз 31–уми март саршаванда

Суруди 37.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ба воизон хотиррасон кунед, ки ҳисоботи хидмати моҳи мартро супоранд.

20 да. Чаро таъмидгириро мавқуф набояд гузошт? Нутқи пири ҷамъомад дар асоси “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 1–уми июли с. 2006, саҳифаҳои 29, 30, сархатҳои 14–17 нутқ мегӯяд. Аз як ё ду воизе, ки дар наврасӣ таъмид гирифтанд, мусоҳибаи кӯтоҳ гиред. Чӣ онҳоро дар он синну сол ба гузоштани ин қадами муҳим барангехт? Чӣ гуна таъмид ба онҳо дар расидан ба камолоти рӯҳонӣ, ки муҳофиз аст, кӯмак намуд?

15 дақ. “Ҳамдигарро дар хидмат рӯҳбаланд созед”.c

Суруди 122.

Ҳафтаи аз 7–уми апрел саршаванда

Суруди 186.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ.

20 дақ. Китоби Солнома барои соли 2008 (рус.)-ро ба таври беҳтарин истифода баред. Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон. “Мактуби Ҳайати Идоракунанда”-ро муҳокима кунед. Аз ду ё се шунаванда хоҳиш кунед, то мисолеро аз “Солнома”, ки хусусан рӯҳбаландашон кард, нақл намоянд. Аз як ё ду воиз пешакӣ хоҳиш кунед, то шарҳ диҳанд, ки барои хондани Солнома чӣ гуна вақт ҷудо карданиянд. Дар хотима ҳозиронро ба пурра хондани ин китоб ташвиқ кунед. (Агар Солнома ҳоло набошад, ҷойи ин бахшро бо бахшҳои дигар иваз намуда, онро баъдтар муҳокима кардан мумкин аст.)

15 дақ. Оё омӯзиши Китоби Муқаддасро ба касе бевосита пешкаш намудед? Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон дар асоси варақаи иловагии Хидмат ба Салтанати Худо аз январи с. 2002 (рус.), саҳифаи 6. Пешниҳодоти овардашуда ва тарзи тағйир додани онҳоро барои оғози намудани омӯзиш аз рӯи Таълимоти Китоби Муқаддас муҳокима кунед. Сипас як ё ду намоиш тайёр кунед. Шунавандагонро ташвиқ намоед, ки ақаллан як бор дар давоми ҳафтаи оянда тарзи бевосита пешкашкуниро истифода карда, аз рӯи Таълимоти Китоби Муқаддас омӯзиш оғоз намоянд.

Суруди 225.

[Эзоҳҳо]

a Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.

b Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.

c Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан