Чӣ гуна ба ҳозирони Шоми ёдбуд кӯмак метавон кард?
1. Чӣ гуна 22–юми марти с. 2008 шаҳодати бузурге дода хоҳад шуд?
1 22–юми марти соли 2008 ба миллионҳо одамони рӯи замин шаҳодати бузург дода хоҳад шуд. Ҳозирони Шоми ёдбуд дар бораи муҳаббати бузурги Яҳува, ки дар пешкаш намудани фидя барои инсоният зоҳир шуд, хоҳанд шунид (Юҳ. 3:16). Онҳо оиди Салтанат ва нақши он дар иҷрои иродаи Яҳува дар рӯи замин хоҳанд фаҳмид (Мат. 6:9, 10). Эшон бо чашмони худ муҳаббату ягонагии халқи Худоро мушоҳида хоҳанд намуд ва меҳмоннавозии гарми моро дар худ эҳсос хоҳанд кард — Заб. 132:1.
2. Чӣ гуна ба омӯзандагони Китоби Муқаддас, ки ба Шоми ёдбуд омаданд, кӯмак карда метавонем?
2 Омӯзандагони Китоби Муқаддас. Баъзе аз ҳозирон касоне хоҳанд буд, ки ба наздикӣ бо мо омӯзиши Китоби Муқаддасро оғоз намуданд. Онҳоро бо бародарону хоҳарон шинос кунед; дар бораи вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи ҷамъомад нақл намоед ва Толори Салтанатро нишон диҳед. Чунин шахсонро маърӯзагар дар нутқаш ба идомаи рушди рӯҳонӣ ташвиқ хоҳад кард. Шумо низ метавонед суханҳои ӯро истифода бурда, эшонро рӯҳбаланд намоед.
3. Чӣ гуна воизони ғайрифаъолро, ки ба Шоми ёдбуд омаданд, рӯҳбаланд карда метавонем?
3 Ғайрифаъолон. Баъзе ҳозирон воизони ғайрифаъоланд. Ташаббускорона онҳоро гарм бипазиред. Аз додани саволҳои шахсӣ ё гуфтани суханоне, ки онҳоро хиҷил карда метавонанд, худдорӣ намоед. Пирони ҷамъомад чанд рӯз пас аз Шоми ёдбуд, бо ҳар воизи ғайрифаъоле, ки ба маросим омад, дидан мекунанд, то онҳоро барои ба Шоми ёдбуд омада тавонистанашон таҳсин гуфта, дилгармона ба вохӯрии навбатии ҷамъомад даъват намоянд.
4. Чӣ гуна ҳар яки мо ба меҳмонони ба Шоми ёдбудомада кӯмак карда метавонем?
4 Меҳмонон. Баъзе аз ҳозирон шиносон ё хешовандоне мебошанд, ки шахсан худамон даъват кардаем. Бархе шояд аз рӯи даъватномаҳое омаданд, ки дар давоми маъракаи махсус паҳн карда шудаанд. Агар шумо шахсони ношиносро бинед, худатон ба наздашон рафта, бо онҳо шинос шавед ва эшонро хушомадед гӯед. Шояд онҳо бори аввал ба вохӯрии мо омада бошанд. Дар рафти сӯҳбат чӣ гуна бо онҳо тамос гирифтанро фаҳмидан мумкин аст. Чанде пас аз Шоми Ёдбуд бо боздид ё сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ метавонед рағбати зоҳиршударо инкишоф дода, ба онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас пешкаш намоед.
5. Омӯзиши Китоби Муқаддасро бо касе чӣ гуна оғоз намудан мумкин аст?
5 Маълумотеро, ки нотиқ дар Шоми ёдбуд пешкаш намуд, чун замина барои шиносоӣ бо “Таълимоти Китоби Муқаддас” ҳангоми боздид истифода метавон кард. Масалан, маърӯзагар Ишаъё 65:21–23-ро мехонад. Ҳангоми боздид нутқро хотиррасон карда, гӯед: “Биёед бубинем, ки чӣ баракатҳои дигаре ба туфайли фидя имконпазир мегарданд”. Сипас саҳифаҳои 4, 5–и “Таълимоти Китоби Муқаддас”-ро дида бароед. Ё чунин гуфта метавонед: “Бисёриҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки пешгӯиҳои Ишаъё кай иҷро хоҳанд шуд”. Сипас сархатҳои 1–3-и боби 9-ро дида бароед. Ё ин ки суханони нотиқро хотиррасон карда, “Таълимоти Китоби Муқаддас”-ро гиред ва тарзи гузаштани омӯзишро нишон диҳед.
6. Вақте ки мо ба аҳкоми Исо — ҷашн гирифтани Ёдбуди марги ӯ, итоат менамоем, чӣ гуна имкониятҳо фароҳам меоянд?
6 Бигзор ҳар яки мо барои кӯмакрасонӣ ба омӯзандагони Китоби Муқаддас, воизони ғайрифаъол ва меҳмононе, ки ба Шоми ёдбуд ташриф хоҳанд овард, тайёр бошем (Луқ. 22:19). Яҳува, бешубҳа, ин кӯшишҳои фаъоли моро дар хидмат ба манфиатҳои Салтанат баракат хоҳад дод.