Барномаи Мактаби таълими мавъиза барои с. 2009
ДАСТУРОТ
Барои гузаронидани Мактаби таълими мавъиза дар соли 2009 барномаи зерин пешбинӣ шудааст:
МАНБАИ МАЪЛУМОТ. «Китоби Муқаддас»[Tajiki], «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас» [my] ва «Сирри хушбахтии оила» [fy].
Мактаб бояд дар ВАҚТИ МУАЙЯНШУДА бо пазируфтани ҳозирон сар шуда, сипас мувофиқи барномаи дар поён овардашуда идома ёбад. Баъди ҳар қисм нозири мактаб қисми навбатиро эълон хоҳад кард.
ФИКРҲОИ МУФИД АЗ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС. 10 дақиқа. Дар чор дақиқаи аввал пири болаёқат ё ходими ёвар бояд фикрҳои муфидро аз хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас дида барояд. Вале агар хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас аз бобҳои аввали яке аз китобҳои Китоби Муқаддас сар шавад, ӯ бояд маводро барои 4 дақиқаи аввал аз китоби «Тамоми Навиштаҳо» гирад. Барои мисол, панҷ боби аввали китоби Ҳастӣ дар ҳафтаи аз 5-уми январ саршаванда муҳокима карда хоҳад шуд, аз ин рӯ нотиқ бояд якчанд фикрҳои асосиро аз сархатҳои саршавандаи китоби Ҳастӣ, ки дар китоби «Тамоми Навиштаҳо» мавҷуд аст, интихоб намояд. Ӯ бояд маводро тавре истифода барад, ки он ба шунавандагон манфиат оварад. Хоҳ муҳокимаи фикрҳо аз китоби «Тамоми Навиштаҳо» бошад, хоҳ хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас, мақсади асосӣ кӯмак кардан ба шунавандагон мебошад, то онҳо фаҳманд, ки чаро ин маълумот муфид аст ва чӣ тавр онро ба кор бурда метавонанд. Нотиқ бояд диққат кунад, ки қисми аввали баромадаш аз чор дақиқа зиёд набошад. Ӯ бояд дар хотир дошта бошад, ки 6 дақиқа барои шунавандагон ҷудо карда шудааст, то онҳо дар 30 сония ё аз ин камтар, дар шарҳи кӯтоҳ фикрҳои пурарзишу муфиди аз хониши Китоби Муқаддас ёфтаашонро нақл кунанд. Сипас нозири Мактаб таҳсилкунандагонеро, ки ба синфҳои дигар таъин шудаанд, ҷавоб хоҳад дод.
СУПОРИШИ №1. 4 дақиқа ё камтар. Ин супориш хониши матн аст ва ба бародар дода мешавад. Хонанда матни додашударо бояд бе сарсухану хулоса хонад. Нозири Мактаб кӯшиш мекунад, ки ба хонандагон кӯмак намояд, то онҳо матнро бо фаҳмиш, равон, бо задаи дурусти мантиқӣ, интонатсияи дуруст, таваққуфҳои бамавқеъ ва табиӣ бихонанд.
СУПОРИШИ № 2. 5 дақиқа. Он ба хоҳар дода мешавад. Ба хоҳаре ки ин супориш дода мешавад, ҳолати шартӣ таъин карда хоҳад шуд, ё ӯ онро метавонад худаш аз рӯйхате, ки дар саҳ. 82-юми китоби «Дарсҳои мактаби таълими мавъиза» (рус.) омадааст, интихоб кунад. Таҳсилкунанда мавзӯи таъиншударо дар яке аз намудҳои хидмати мавъиза бояд тавре ба кор барад, ки он воқеӣ ва ба шароитҳои маҳаллӣ короям бошад. Дар сурати набудани ишорае бар манбаъ, таҳсилкунанда барои иҷрои супориш маълумотро бояд тавассути таҳқиқи адабиётамон ҷамъ кунад. Нозири Мактаб ба он ки таҳсилкунанда мавзӯъро чӣ гуна ба ҳамсӯҳбаташ пешкаш мекунад ва чӣ тавр ӯ ба соҳибхона дар мулоҳиза оиди Навиштаҳо ва фаҳмидани фикрҳои асосии мавзӯъ кӯмак менамояд, таваҷҷӯҳи хоса хоҳад дод. Нозири Мактаб барои кӯмак ба хоҳар як ҳамроҳ таъин мекунад.
СУПОРИШИ № 3. 5 дақиқа. Ин супоришро метавон ба бародар ё хоҳаре дод. Таҳсилкунанда бояд мавзӯи додашударо кушояд. Ҳангоми набудани ишорае бар манбаъ, таҳсилкунанда барои иҷрои супориши мазкур бояд ба воситаи таҳқиқи адабиётамон маълумот ҷамъ намояд. Агар супориш ба бародар дода шавад, он бояд чун нутқи ба шунавандагони Толори Салтанат равонашуда пешкаш гардад. Ҳангоми ба хоҳар додани ин супориш он ҳамеша бояд мисли супориши № 2 пешниҳод шавад. Лутфан аҳамият диҳед, ки мавзӯъҳои бо ситорача ишорашуда ҳамеша бояд ба бародарон дода шаванд ва чун нутқ пешкаш гарданд ва аз рӯи имкон бояд ба пирон ё ходимони ёвар дода шаванд.
МАСЛИҲАТ. 1–2 дақиқа. Нозири мактаб оиди кадом хусусияти нутқ кор кардани таҳсилкунандаро пешакӣ эълон намекунад. Баъди супоришҳои 1, 2 ва 3 нозир ҷиҳати мусбии баромадро, ки шоёни таҳсин аст, қайд намуда, сабаби судманд будани баромадро мефаҳмонад ва зуд–зуд ба китоби «Мактаби Таълими Мавъиза» муроҷиат менамояд. Вобаста аз ниёзҳои ҳар таҳсилкунанда маслиҳатҳои иловагии муфидро дар танҳоӣ баъд аз ҷамъомад ё ягон вақти дигар додан мумкин аст.
НИЗОМ. На ягон нутқ ва на ягон шарҳи маслиҳатдиҳанда набояд аз ҳудуди вақти додашуда берун барояд. Иҷроиши супоришҳои аз 1 то 3 ҳангоми берун баромадан аз вақти додашуда бояд боадабона боздошта шаванд. Агар бародарони бо фикрҳои муфиди Китоби Муқаддас баромадкунанда аз ҳудуди вақт берун бароянд, ба онҳо дар танҳоӣ маслиҳат бояд дод. Ҳама бояд ба вақт аҳамият диҳанд. Давомёбии барнома ғайр аз сурудҳову дуоҳо 30 дақиқа аст.
ВАРАҚАИ ТАҲСИЛӢ. Дар китоби «Мактаби таълими мавъиза».
МАСЛИҲАТҲО БА ГӮЯНДАНГОНИ НУТҚҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ФИКРҲОИ МУФИД АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС. Агар ғайр аз нозири мактаб боз як пири лаёқатманде бошад, шӯрои пирон метавонад, ӯро барои маслиҳат додан таъин намояд. Агар дар ҷамъомад якчанд пир бошад, ин вазифаро ҳар сол пирони болаёқати гуногун иҷро карда метавонанд. Вазифаи ин бародар дар он аст, ки агар лозим бошад ба бародароне, ки бо фикрҳои муфид баромад мекунанд дар танҳоӣ маслиҳат диҳад. Ба пирону ходимони ёвар ҳар дафъа маслиҳат додан шарт нест.
ТАКРОРИ МАВЗӮЪҲОИ МАКТАБИ ТАЪЛИМИ МАВЪИЗА. 20 дақиқа. Ҳар ду моҳ, нозири мактаб такрори мавзӯъҳоро мегузаронад. Пеш аз он, чуноне ки дар боло қайд шуд, аввал фикрҳои муфид аз Китоби Муқаддас пешкаш мешаванд. Такрор дар мавзӯъҳое асос меёбад, ки тӯли ду моҳи охир, аз он ҷумла дар ҳафтаи ҷорӣ дар Мактаб гузашта шуданд. Агар ҷамъомади шумо дар ҳафтаи такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза, анҷумани ноҳиявӣ ё ташрифи нозири ноҳиявӣ дошта бошад, такрор бояд як ҳафта ақиб гузошта шавад ва дар анҷуман супоришҳои 1 то 3 аз рӯи барномаи ҳафтаи оянда гузашта шавад. Ба барномаи хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас ва пешниҳоди фикрҳои муфид набояд дигаргуниҳо дароварда шавад.
БАРНОМА
5 янв. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 1–5
№ 1: Ҳастӣ 3:1–15
№ 2: my Ҳикояи 1
№ 3: Чӣ «бар абас нест»? (1 Қӯр. 15:58)
12 янв. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 6–10
№ 1: Ҳастӣ 9:1–17
№ 2: Оила дар бӯҳрон аст (fy саҳ. 1–9, сарх. 1–14)
№ 3: my Ҳикояи 2
19 янв. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 11–16
№ 1: Ҳастӣ 14:1–16
№ 2: my Ҳикояи 3
№ 3: Чӣ гуна Яҳува моро ташаккул медиҳад? (Иш. 64:8)
26 янв. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 17–20
№ 1: Ҳастӣ 17:1–17
№ 2: Сирри хушбахтии оила (fy саҳ. 9–12, сарх. 15–23)
№ 3: my Ҳикояи 4
2 фев. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 21–24
№ 1: Ҳастӣ 22:1–18
№ 2: my Ҳикояи 5
№ 3: a Чӣ тавр мо дар муҳаббат нисбати дигарон фарохдил буда метавонем? (2 Қӯр. 6:11—13)
9 фев. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 25–28
№ 1: Ҳастӣ 25:1–18
№ 2: Оё шумо барои издивоҷ тайёред? (fy саҳ. 13–15, сарх.1–6)
№ 3: my Ҳикояи 6
16 фев. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 29–31
№ 1: Ҳастӣ 29:1–20
№ 2: Чаро мо бояд аз ҳад зиёд ғам нахӯрем? (Мат. 6:25).
№ 3: my Ҳикояи 7
23 фев. Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 32–35
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
2 март Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 36–39
№ 1: Ҳастӣ 39:1–16
№ 2: my Ҳикояи 8
№ 3: Чаро аввал худро бишносем ва воқеъбин бошем (fy саҳ. 16–18, сарх. 7–10)
9 март Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 40—42
№ 1: Ҳастӣ 40:1—15
№ 2: my Ҳикояи 9
№ 3: b Аз рӯҳияи худсарӣ эҳтиёт бошед!
16 март Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 43—46
№ 1: Ҳастӣ 44:1—17
№ 2: Дар интихоби ҳамсар бояд ба чӣ аҳамият дод (fy саҳ. 18—22, сарх. 11—15)
№ 3: my Ҳикояи 10
23 март Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 47—50
№ 1: Ҳастӣ 48:1—16
№ 2: Оё аз Иблис бояд тарсид?
№ 3: my Ҳикояи 11
30 март Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 1—6
№ 1: Хуруҷ 1:1—19
№ 2: my Ҳикояи 12
№ 3: Пеш аз он ки худро бо аҳди ҷовидона бипайвандем, чиро бояд ба назар гирифт (fy саҳ. 22—24, сарх. 16—19)
6 апр. Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 7—10
№ 1: Хуруҷ 9:1—19
№ 2: my Ҳикояи 13
№ 3: c Чӣ гуна оятҳои Ғалатиён 6:2 ва 6:5-ро бо ҳам метавон мувофиқ кард?
13 апр. Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 11—14
№ 1: Хуруҷ 12:21—36
№ 2: Давраи мулоқоту номзадиро мӯҳтарам нигоҳ дошта, оиди давраи баъди тӯи арӯсӣ биандешед (fy саҳ. 24–26, сарх.20–23)
№ 3: my Ҳикояи 14
20 апр. Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 15—18
№ 1: Хуруҷ 15:1—19
№ 2: Чӣ тавр мо аз дини дурӯғ дар канор буда метавонем?
№ 3: my Ҳикояи 15
27 апр. Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 19—22
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
4 май Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 23—26
№ 1: Хуруҷ 24:1—18
№ 2: my Ҳикояи 16
№ 3: Принсипҳои Китоби Муқаддас ба шумо, барои дар издивоҷ муваффақ гаштан, кӯмак мекунанд (fy саҳ. 26 замима барои такрор)
11 май Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 27—29
№ 1: Хуруҷ 29:1—18
№ 2: my Ҳикояи 17
№ 3: d Садоқат ба ибодати бардурӯғ чӣ хатареро бо худ меорад
18 май Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 30—33
№ 1: Хуруҷ 31:1—18
№ 2: Калиди нахустин барои издивоҷи бардавом (fy саҳ. 27—29, сарх. 1—6)
№ 3: my Ҳикояи 18
25 май Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 34—37
№ 1: Хуруҷ 37:1—24
№ 2: my Ҳикояи 19
№ 3: Сустгирӣ чист ва чаро аз он бояд эҳтиёт бошем?
1 июн Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 38—40
№ 1: Хуруҷ 40:1—19
№ 2: Калиди дуюм барои издивоҷи бардавом (fy саҳ. 30,31, сарх. 7—10)
№ 3: my Ҳикояи 20
8 июн Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 1—5
№ 1: Ибодат 4:1—15
№ 2: my Ҳикояи 21
№ 3: e Чӣ гуна масеҳиён сарварии худро истифода мебаранд?
15 июн Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 6—9
№ 1: Ибодат 8:1—17
№ 2: Мард бояд мисли Масеҳ сарварӣ кунад (fy саҳ. 31—33, сарх. 11—15)
№ 3: my Ҳикояи 22
22 июн Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 10—13
№ 1: Ибодат 11:29—45
№ 2: my Ҳикояи 23
№ 3: Баракатҳо ба онҳое ки таъмид гирифтаанд
29 июн Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 14—16
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
6 июл Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 17—20
№ 1: Ибодат 19:1—18
№ 2: Чӣ гуна зан барои шавҳараш дастёри мувофиқ буда метавонад (fy саҳ. 34, 35, сарх. 16—19)
№ 3: my Ҳикояи 24
13 июл Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 21—24
№ 1: Ибодат 22:17—33
№ 2: my Ҳикояи 25
№ 3: Чӣ тавр масеҳиёни ҳақиқӣ ба камбағалон ғамхорӣ мекунанд
20 июл Хониши Китоби Муқаддас: Ибодат 25—27
№ 1: Ибодат 25:39—54
№ 2: Муоширати хуб чӣ маъно дорад (fy саҳ. 35—38, сарх. 20—26)
№ 3: my Ҳикояи 26
27 июл Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 1—3
№ 1: Ададҳо 3:1—20
№ 2: Чаро фурӯтанӣ худдориро талаб мекунад
№ 3: my Ҳикояи 27
3 авг. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 4—6
№ 1: Ададҳо 4:1—16
№ 2: my Ҳикояи 28
№ 3: Кӯмаки принсипҳои Китоби Муқаддас барои издивоҷи хушбахт (fy саҳ. 38 замима барои такрор)
10 авг. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 7—9
№ 1: Ададҳо 9:1—14
№ 2: my Ҳикояи 29
№ 3: Чӣ гуна содиқиамонро ба Яҳува нишон медиҳем
17 авг. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 10—13
№ 1: Ададҳо 13:17—33
№ 2: Зиндагии мувофиқ ба имконот (fy саҳ. 39—41, сарх. 1—6)
№ 3: my Ҳикояи 30
24 авг. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 14—16
№ 1: Ададҳо 14:26—43
№ 2: Шариати Худоро дӯст доштан чӣ маъно дорад? (Заб. 118:97).
№ 3: my Ҳикояи 31
31 авг. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 17—21
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
7 сент. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 22—25
№ 1: Ададҳо 22:20—35
№ 2: my Ҳикояи 32
№ 3: Иҷрои корҳои хона — вазифаи ҳамаи аъзоёни оила аст (fy саҳ. 42—44, сарх. 7—11)
14 сент. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 26—29
№ 1: Ададҳо 27:1—14
№ 2: Маънои насиҳат додан чист ва чаро он муҳим аст? (Эфс. 6:4)
№ 3: my Ҳикояи 33
21 сент. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 30—32
No. 1: Ададҳо 32:1—15
№ 2: my Ҳикояи 34
№ 3: Чаро Яҳува тозагиро аз мо талаб мекунад (fy саҳ. 45—49, сарх. 12—20)
28 сент. Хониши Китоби Муқаддас: Ададҳо 33—36
№ 1: Ададҳо 33:1—23
№ 2: my Ҳикояи 35
№ 3: Бартарии Салтанати Худо аз тамоми ҳокимиятҳои одамӣ дар чӣ мебошад
5 окт. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 1—3
№ 2: my Ҳикояи 36
№ 3: Самараи хуби таҳсини самимӣ ва миннатдорӣ дар оила (fy саҳ. 49, 50, сарх. 21, 22)
12 окт. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 4—6
№ 2: my Ҳикояи 37
№ 3: Дар кадом ҳолат гуфтан мункин аст, ки дороии кам беҳтар аст (Мас. 15:16)
19 окт. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 7—10
№ 2: Нуқтаи назари Китоби Муқаддас нисбати фарзандон ва вазифаи оилавӣ (fy саҳ. 51, 52 сарх. 1—5)
№ 3: my Ҳикояи 38
26 окт. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 11—13
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
2 нояб. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 14—18
№ 2: Худотарсӣ бо чӣ алоқаманӣ дорад?
№ 3: my Ҳикояи 39
9 нояб. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 19—22
№ 2: my Ҳикояи 40
№ 3: Ниёзҳои фарзандонро қонеъ гардондан, чӣ маъно дорад (fy саҳ. 53—55, сарх. 6—9)
16 нояб. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 23—27
№ 2: my Ҳикояи 41
№ 3: f Мо чиро бояд муқаддас ҳисоб кунем?
23 нояб. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 28—31
№ 2: Ҳақиқатро ба фарзанди худ талқин кунед (fy саҳ. 55—57, сарх. 1—15)
№ 3: my Ҳикояи 42
30 нояб. Хониши Китоби Муқаддас: Такрори Шариат 32—34
№ 2: ”Рӯзи бузурги Худованд” чист? (Саф. 1:14).
№ 3: my Ҳикояи 43
7 дек. Хониши Китоби Муқаддас: Еҳушаъ 1—5
№ 1: Еҳушаъ 5:1—15
№ 2: my Ҳикояи 44
№ 3: Роҳҳои Яҳуваро ба фарзандонатон таълим диҳед (fy саҳ. 58, 59, сарх. 16—19)
14 дек. Хониши Китоби Муқаддас: Еҳушаъ 6—8
№ 1: Еҳушаъ 8:1—17
№ 2: my Ҳикояи 45
№ 3: Чаро маслиҳати Воиз 7:21, 22 манфиатбахш аст?
21 дек. Хониши Китоби Муқаддас: Еҳушаъ 9—11
№ 1: Еҳушаъ 9:1—15
№ 2: Тарбияе ки дар он тарзҳои гуногуни насиҳату мазаммат истифода мешаванд, муҳим аст (fy саҳ. 59–61, сарх. 20–23)
№ 3: my Ҳикояи 46
28 дек. Хониши Китоби Муқаддас: Еҳушаъ 12—15
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
[Эзоҳҳо]
a Танҳо ба бародарон супорида мешаванд, афзалият аз пирон ё ходимони ёвар аст.
b Танҳо ба бародарон супорида мешаванд, афзалият аз пирон ё ходимони ёвар аст.
c Танҳо ба бародарон супорида мешаванд, афзалият аз пирон ё ходимони ёвар аст.
d Танҳо ба бародарон супорида мешаванд, афзалият аз пирон ё ходимони ёвар аст.
e Танҳо ба бародарон супорида мешаванд, афзалият аз пирон ё ходимони ёвар аст.
f Танҳо ба бародарон супорида мешаванд, афзалият аз пирон ё ходимони ёвар аст.