ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 10.08 саҳ. 2
  • Барномаи вохӯрии хидматӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барномаи вохӯрии хидматӣ
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Ҳафтаи аз 13-уми октябр саршаванда
  • Ҳафтаи аз 20-уми октябр саршаванда
  • Ҳафтаи аз 27-уми октябр саршаванда
  • Ҳафтаи аз 3-юми ноябр саршаванда
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 10.08 саҳ. 2

Барномаи вохӯрии хидматӣ

Ҳафтаи аз 13-уми октябр саршаванда

Суруди 174.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Дар бораи пешбинии ҷамъомад доир ба маъракаи махсуси тақсмикунии рисола, ки аз 20-уми октябр сар мешавад, нақл кунед ва воизонро барангезед, ки барои худ шумораи кофии рисолаҳоро гиранд. Ба таври кӯтоҳ пешниҳодоти намунавиро барои хидмати мавъиза, ки дар саҳифаи 8 оварда шудаанд, дида бароед. Азбаски воизон дар муддати якчанд ҳафта аллакай маҷаллаҳоро пешниҳод кардаанд, аз онҳо хоҳиш намоед, то воқеае ки бо онҳо дар хидмат рӯй додааст, нақл кунанд.

35 дақ. «Ҷадвали нави вохӯриҳои ҷамъомад».a Дар ҳудуди вақти муайяншуда шунавандагонро даъват кунед, ки оятҳои овардашударо шарҳ диҳанд.

Суруди 216.

Ҳафтаи аз 20-уми октябр саршаванда

Суруди 113.

5 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Эълонҳои интихобшуда аз «Хидмат ба Салтанати Худо».

20 дақ. Хурсандиро дар хидмат нигоҳ доред. Нутқи рӯҳбаландкунанда дар асоси «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1-уми июли соли 2005, саҳ. 24, 25, сарх. 11–17. Аз як ё ду воизе, ки муддати зиёд содиқона ба Яҳува хидмат мекунанд, мусоҳиба гиред. Чӣ гуна онҳо дар сурати бепарвоии одамон хурсандиашонро нигоҳ медоранд?

20 дақ. Тайёрӣ барои пешкаши маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми ноябр ва «Бедор шавед!»-и моҳи ноябр (рус.). Баъди шарҳи кӯтоҳи маҷаллаҳо аз шунавандагон пурсед, ки кадоме аз мақолаҳо ҳангоми хидмати мавъиза одамонро шавқманд карда метавонанд ва чаро. Пурсед, ки кадом саволи мувофиқро барои сар кардани сӯҳбат ва оятро аз мақола барои пешниҳоди маҷалла истифода бурданианд? Дар хотима пешниҳодоти саҳифаи 8 ё ягон пешниҳоди дигари барои маҳаллатон мувофиқро истифода бурда, пешкаши маҷаллаҳоро намоиш диҳед.

Суруди 148.

Ҳафтаи аз 27-уми октябр саршаванда

Суруди 30.

5 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ҳисоботи пулӣ ва тасдиқот оиди расидани хайрияҳоро хонед.

10 дақ. Ниёзҳои маҳаллӣ.

30 дақ. «Муҳимияти омӯзиши шахсӣ ва оилавии Китоби Муқаддас!».b Дар ҳудуди вақти муайяншуда шунавандагонро даъват кунед, ки оятҳои овардашударо шарҳ диҳанд.

Суруди 142.

Ҳафтаи аз 3-юми ноябр саршаванда

Суруди 100.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ба воизон хотиррасон кунед, ки ҳисоботи моҳи октябрро супоранд.

20 дақ. Мактаби таълими мавъиза барои соли 2009. Нозири Мактаб бо ҳозирон дастуроти «Барномаи Мактаби таълими мавъиза барои соли 2009»-ро муҳокима мекунад. Ба дигаргуниҳо диққат диҳед. Ҳамагонро барангезед, ки барои иҷрои супоришҳо ва муҳокимаи фикрҳои муфид хуб тайёрӣ бинанд ва инчунин маслиҳатҳоеро, ки нозири Мактаб дар асоси китоби «Мактаби таълими мавъиза» медиҳад, ба кор баранд.

15 дақ. Маҳорати таълимдиҳиро беҳтар гардонед. Нозири хидматӣ ё ягон пири болаёқат мувофиқи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15-уми январи соли 2008, саҳифаҳои 9–12, сархатҳои 5–18 панҷ тарзи асосии тайёрии хуби шогирдонро номбар намуда, онро кӯтоҳ муҳокима менамояд. Бигзор як ё ду воиз нақл кунанд, ки чӣ тавр ин тарзҳоро истифода бурда, маҳорати таълимдиҳиашонро беҳтар гардонданд.

Суруди 91.

[Эзоҳҳо]

a Ба суханони муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, бо саволу ҷавобҳо ба муҳокимаи мавзӯъ гузаред.

b Ба суханони муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, бо саволу ҷавобҳо ба муҳокимаи мавзӯъ гузаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан