«Китоби Муқаддас — китоби далелу пешгӯиҳост»
«Китоби Муқаддас қадимтарин китоби даврони мост» — яке аз се филмҳоест, ки дар DVD-и «Китоби Муқаддас — китоби далелу пешгӯиҳост» ҷойгир аст. Баъди тамошои ин филм, ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
1) Дар кадом мавридҳо Китоби Муқаддас бо илми муосир мувофиқ меояд? 2) Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Китоби Муқаддаси ҳозира, навиштаҷоти аслиро, аниқу дақиқ инъикос менамояд? 3) Хусусияти барҷастаи дастнависҳои қадимии Китоби Муқаддас дар чист? 4) Бо кадом роҳҳо Ҷон Уиклиф, Иоганн Гутенберг, Уилям Тиндал, Ян Гус, Мартин Лютер, Касиодоро де Рейн ва Чарлз Тейз Рассел дар тамоми ҷаҳон ба паҳнкунии Каломи Худо мусоидат карданд ва чӣ гуна калисо бераҳмона ба ин кор муқобилият мекард? 5) Кадом маслиҳати амалии Китоби Муқаддас ба одамон барои аз сар гузаронидани мушкилиҳо ба монанди саломатӣ (Заб. 33:9), рағбат ба қиморбозӣ (1 Тим. 6:9, 10), вайроншавии оила ва хиёнати ҳамсарӣ (1 Қӯр. 13:4, 5; Эфс. 5:28–33), орзую ҳаваси сарватманд гаштан (Мат. 16:26) кӯмак мерасонад? 6) Аз чӣ аён мегардад, ки бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас нафрати миллатчигӣ, маҳалгароӣ ва нажодпарастиро метавонад бартараф кунад? (Луқ. 10:27) 7) Дар кадом мавридҳо мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас амал кардан, шахсан шуморо хушбахт гардонд? 8) Чӣ тавр шумо аз ин видеофилм истифода бурда, ба дигарон кӯмак карда метавонед? (Ба «Хидмат ба Салтанати Худо» (рус.), аз моҳи феврали с. 2006, саҳ. 8 нигаред.)