Барнома барои ҳафтаи аз 6-уми апрел
ҲАФТАИ АЗ 6-УМИ АПРЕЛ САРШАВАНДА
Суруди 37.
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: Хуруҷ 7–10
№ 1: Хуруҷ 9:1–19
№ 2: my Ҳикояи 13
№ 3: Чӣ гуна оятҳои Ғалотиён 6:2 ва 6:5-ро бо ҳам метавон мувофиқ кард?
□ Вохӯрии хидматӣ
Суруди 52.
5 дақ. Эълонҳо.
10 дақ. Ба таври беҳтарин «Солнома»-и 2009 (рус.)-ро истифода баред. Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон. «Мактуби Ҳайати Роҳбарикунанда»-ро муҳокима намоед. Аз воизоне, ки «Солнома» доранд, пешакӣ хоҳиш кунед, ки воқеаҳои барояшон махсусан рӯҳбаландкунандаро нақл кунанд. Аз онҳо хоҳиш кунед, ки аз ҳисоботи умумиҷаҳонӣ баъзе ҷиҳатҳои ҷолиби диққатро шарҳ диҳанд. Дар хотима ҳамагонро барангезед, ки «Солнома»-ро хонанд.
20 дақ. «Ҷавонон — шумо ҳаёти худро ба чӣ хоҳед бахшид?» Пири ҷамъомад бо шунавандагон рисолаи «Ҷавонон»-ро (рус.) муҳокима менамояд. Ҷавонони таъмидёфтаро, ки кори Салтанатро дар ҳаёташон дар ҷойи аввал гузоштаанд, самимона таъриф кунед. Аз воизе ки аз наврасиаш пурравақт хидмат мекунад, мусоҳибаи кӯтоҳ гиред. Пурсед, ки барои сар кардани хидмати пурравақт ӯро чӣ барангехт ва кадом баракатҳоро ӯ соҳиб гашт?
Суруди 72.